Дар соли нави хониш дар ҷумҳурӣ тибқи нақша 138 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои 29 ҳазору 968 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода мешавад. То охири соли 2024 бошад дар мамлакат 218 иншоот барои 42 ҳазору 984 ҷойи нишаст сохта, мавриди истифодабарӣ қарор хоҳад гирифт.
Бино ба итиллои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ дар умум соли равон сохтмони 360 бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои 73 ҳазору 962 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шуда, то охири соли равон қисми зиёди иншооти мазкур мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Дар нимсолаи якуми соли равон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, бинои 39 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинои иловагӣ дар назди муасисаҳои таҳсилоти умумӣ барои 7884 ҷойи нишаст дар 1 баст сохта ба истифода дода шуд.
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Душанбе бошад аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо бунёд ва навсозии 13 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 3200 ҷой ва 15 муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 14 ҳазору 90 нафар ба нақша гирифта шудааст.
М. Амин, СССР
