Ҳоҷӣ Нуров, яке аз хонандагони доимӣ ва куҳансоли газетаи мардумӣ чанде пеш меҳмони идора шуда, дар бораи ширкатҳои сохтмонӣ, биноҳои навсохт ва сифати онҳо, хосса дар бораи бидуни таъмиру тармим ба мардум супоридани хонаҳо изҳори нигаронӣ кард. Ҳоҷӣ Нуров гуфт, қарор аст биное, ки оилаи мавсуф зиндагӣ доранд, тахриб ва ба ҷояш 1 бинои нави баландошёна созанд. Мавсуф аз он норизост, ки бар ивази хонаҳои пурраву комил бо таъмиру тармим барояшон биносоз 4 девори холиро доданист, ки барои таъмири ояндааш боз баробари нархи 1 хона маблағ хоҳад рафт!!!
Воқеан чаро чунин аст? Чаро домсозони мо бар ивази метри мураббаи ободу замонавӣ, хонаҳои ба қавле 4 ишкелаш бутун ба соҳибманзил ва ё харидор 4 девори бетонии холиро бидуни лӯлакашиву қошикорӣ ва бе фаршу бому полу потолок медиҳанду баъд мегӯянд худат медониву хонаи нават?!
Боз ҳам пасон масъулин талаб мекунанд, ки барои таъмири хона 6 моҳ муҳлат асту ту хоҳӣ – нахоҳӣ ва пул дорӣ ё не, бояд хонаатро таъмир намуда, барои гузаштан аз комиссияи давлатӣ омода намоӣ. Дар акси ҳол «Тарафи 1», яъне домсоз, 100% ҳуқуқ дорад, хонаро аз «Тарафи 2» яъне хонахар гирифта бар дигаре фурӯшад!!!
Мо тасмим гирифтем ин ҳафта ин мавзуъро, ки ҳатман барои аксарият, ки хона харидаанд ё хонахаранд, муҳим аст, пайгирӣ намоем. Бо мо бош, ки Мо Метавонем!
2,7 млн метри мураббаъ дар 72 моҳ
Нахуст хостем аз МИҲД шаҳри Душанбе бипурсем, ки солҳои ахир дар пойтахт чӣ қадар манзили истиқоматӣ бунёд карда шудааст. Тавре ба мухбири СССР дар Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии ш.Душанбе итиллоъ доданд, дар 7 соли охир сохтмони зиёда аз 1300 иншоот аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ ба маблағи умумии 21,7 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ба фондҳои асосӣ супорида шуд.
Ҳамзамон зиёда аз 2,7 миллион метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуд, ки ин нишондод нисбат ба 6 соли қаблӣ 2,6 маротиба ё 2,1 ҳазор метри мураббаъ зиёд мебошад.
53 баландошёна дар 1 сол
Чуноне ки Ҷамшед Табарзода, муовини аввали раиси ш.Душанбе дар нишасти матбуотӣ вобаста ба ҷамъбасти соли 2023 гуфта буд, бо мақсади сазовор таҷлил намудани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсони эҳсонкор ва ташкилоту муассисаҳо 4284 чорабинии гуногун, бахусус дар самти бунёди иншооти иҷтимоию саноатӣ ва савдою хизматрасонӣ бо таъсиси беш аз 13 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ба нақша гирифта шудааст.
– Соли 2023 дар доираи нақшаи зикршуда бунёди 11 муассисаи таълимӣ, 7 муассисаи тандурустӣ, 20 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 4 бинои маъмурӣ, 53 иншооти баландошёна бо ҷойгиронии 38 маркази хизматрасонӣ, 3 тарабхона, 3 иншооти варзиш, таъмири 63 нуқтаи партовпартоӣ ва рангубори 216 бинову иншоот бо таъсиси 4250 ҷойи кории нав анҷом дода шуда, дар доираи нақшаи генералии шаҳр бунёди зиёда аз 407 иншооту биноҳои таъиноти гуногун амалӣ шудааст, – таъкид дошт Ҷамшед Табарзода.
Яъне, дар соли 2023 дар шаҳри Душанбе бунёди 53 адад биноҳои нави баландошёнаи истиқоматӣ бо дарназардошти 38 маркази хизматрасонӣ дар ошёнаҳои аввал анҷом дода шуд.
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ҳатман ин теъдод афзоиш ёфтааст ва мо дар шумораҳои баъдӣ омори дақиқро ҳатман ба хонандагони гиромӣ пешниҳод хоҳем кард. Мо мунтазири нишасти матуботии шаҳрдорием. Мо Метавонем!
Домсозони бовиҷдон…
Айни замон шумораи ширкатҳое, ки ба хонасозӣ машғуланд, хеле зиёд аст. Мо номи бархеро ин ҷо меоварем, ки мардум аз онҳо ҳамчун домсозони бовиҷдон ном мебаранд:
ҶДММ «Сарманзил» (муассисаш Маҳмудҷон Муродов), ҶДММ «Себистон», ҶДММ «Элит Строй Сервис» (муассисаш Изатулло Давлатзода), ҶДММ «Бухоро Палас», ҶДММ «Армон Девелопмент», ҶДММ «Пойтахт инвест», ҶДММ «Нури Душанбе», ҶДММ «Мегаполис», ҶДММ «Меҳансоз», ҶДММ «Асрор – С», ҶДММ «Авиценна», ҶДММ «Глобал Групп».
Ба ғайр аз ин эътимоди хонахарҳо ба соҳибкорони ватанӣ Нуршед Машрабов, бародарон Абдуллозодаҳо ва Зафар – домсоз (мутаассуф мо насаби дурусти эшонро натавонистем пайдо кунем) хеле зиёд аст.
Бояд таъкид намуд, ки ин ширкатҳо ва ин «домсозон» биноҳои худро бо сифати баланд, бо назардошти хоҳишу дархости харидор ва пурра бо таъмир анҷом дода, то 1 маҷмааро ба охир нарасонанд, ба дигараш шуруъ намекунанд. Шароити хариду фурӯши манзил низ бо инҳо хеле роҳат ба роҳ монда шуда, харидор дар оянда пул дода саргардон намешавад. Инҳо ҳамеша бо харидор ба мувофиқа мерасанд.
…Домсозони бевиҷдон!
Муттаассуф, дар байни домсозон ширкат ва соҳибкорони бевиҷдон низ ҳастанд, ки пули мардумро гирифта, биноҳоро то ба охир нарасонида, фирор кардаанд ё даст ба қаллобӣ задаанд.
Яке аз чунин домсозони бевиҷдон Қурбонхуҷа Расулов мебошад, ки ҳанӯз соли 2020 барои фиреби харидорон ва барои қаллобӣ 11 сол ба зиндон рафт. Ӯ бо фиреб аз мардум пул ҷамъ намуда, ваъдаи сохтани бинои баландошёнаро дар микрорайони 46-уми пойтахт карда буд, вале баъдан собит шуд, ки ӯ барои сохтмон на ҳуҷҷат дораду на иҷозатнома.
Соли 2021 Азизи «домсоз» – Азизулло Абдуллоев ва 5 тан аз ҳамроҳони ӯ равонаи зиндон шуданд. Азизулло ба муддати 30 сол аз озодӣ маҳрум шуда, ҳамроҳони дигари ӯ – Тулаганов Азамат, Содиқов Сиёвуш, Бурон Самадов ба 28 сол, Мурод Хуҷаев ба 25 сол ва Сарбоз Сабзқадамов ба 19 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуданд. Ин гурӯҳ зери тиҷорати хонасозӣ бо хариду фурӯши маводи мухаддир низ машғул будаанд. Яъне бо пули мардум, ки барои харидани хона дода буданд, онҳо маводи мухаддира хариду фурӯш мекардаанд.
Калонтарин қазияи қаллобиро соли 2020 ошкор карда буданд. Нурулло Наимов, роҳбари ширкати «Манзили дастрас», ки бо ибтикори шаҳрдории Душанбе бояд барои қишри ниёзманди пойтахт – муаллиму духтуру олим ва кадрҳои ҷавон хонаҳои нисбатан арзон месохт, барои қаллобӣ ва азхудкунии маблағ ба 21 сол равонаи зиндон шуд. Ба ғайр аз директор боз 5 нафар корманди ин ширкат ҳабс шуда, «Манзили дастрас» муфлис эълон гашт.
Танҳо бо дахолати Рустами Эмомалӣ, раиси ш.Душанбе, ки Худо баракаташ диҳад, ин лоиҳа дубора ба фаъолият шуруъ намуда, билохира маҷмааи биноҳои баландошёна дар рӯбарӯи Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба истифода дода шуду қишри осебпазир, ки куллан фиребхӯрда буданд, соҳиби манзили зист гаштанд. Брависсимо, Рустами Эмомалӣ!!!
$500 барои 1 квадрат!?
Мутахассисони соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ бар он ақидаанд, ки нархи 1 метри мураббаъ хонаи тайёр – бо штукатуркаи девор, гузаронидани симҳои барқӣ ва лӯлакашӣ, часпонидани зардевор, фарши чӯбӣ набояд аз 500 доллари ИМА зиёд бошад. Ба ғайр аз ин мавҷудияти лифт, деворҳои овознагузаранда, хати оби гарму хунук, системаи зиддисӯхтор, ободии гирду атрофи бино бо таваққуфгоҳ барои воситаҳои нақлиёт низ бояд ба назар гирифта шавад.
Вале домсозони тоҷик имрӯз 1 метри квадратиро бо кадом нарх мефурӯшанд? Аз 350 (арзонтарин) то 750 доллари амрикоӣ барои 1 м2 ва он ҳам 4 девори холӣ!
Хонаҳо дар аксари маврид на андова доранд, на фарш, на дигару дигар…
Шартнома ва соҳибхона
Тавре мутахассисони Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе таъкид месозанд, харидорони манзил ва онҳое, ки бар ивази манзили зисташон барояшон хонаҳои нав хоҳанд дод, бояд зимни тартиб додани шартномаи тарафайн бо домсоз шарту шурути худро ҳатман нависанд, хосса таъмири минбаъдаи хонаро. Агар ин пунктҳо дар шартномае, ки ширкати сохтмонӣ барои имзо пешниҳод мекунад нест, харидор ва соҳибманзил метавонад шартномаро тағйир дода, ба он талаботи худро ворид сохта, пасон имзо намояд.
Яъне, Ҳоҷӣ Нуров, хонандаи мо низ метавонад шартномаи тарафайнро бо ширкати сохтмонӣ тағийр дода, бо шартҳои худ имзо кунад, зеро маҳз ҳамин шартнома пасон кафили соҳиби манзили пурра ва бо таъмир гаштани ӯ мегардад.
Аммо афсӯс, аксарияти ширкатҳои сохтмонӣ ба харидор ё онҳое, ки қарор аст хонаашон тахриб ва ба ҷои он бинои нав қомат афрозад, шартномаеро барои имзо пешниҳод менамоянд, ки ба нафъашон аст ва мардуми ноогоҳ аз ин афераҳо шартномаро нохонда имзо мекунанд…
Сохтмонҳои гӯшти уштурхӯрда…
2 соли ахир шумораи биноҳои нимсохт ва ё то ба охир таъмиру тармим нагардида дар шаҳри Душанбе ба маротиб афзудааст. Дар ҳар кӯча шумо ҳатман биноҳои навро мебинед, ки қомат бардоштаанд, вале таъмир надоранд. Баъзе аз кӯчаҳо шаҳри пас аз бомбаборонро мемонад ва инҳо намои хуб надоранд.
Чанд сол пеш, баъди таъин шудани марҳум Маҳмадсаид Зувайдзода ба вазифаи муовини аввали раиси ш.Душанбе, масъалаи сохтмонҳои нотамом дар муддати кӯтоҳ ҳалли худро ёфта, ба соҳибкорон низ танҳо пас аз ба итмом расондани сохтмони 1 бино, иҷозати сохтмони баъдӣ дода мешуд.
Шодравон, ки худ мутахассиси соҳаи сохтмон ва меъморӣ буд, пас аз таъин шуданаш ба вазифаи раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҶТ назоратро дар пойтахт суст накард, баръакс биноҳои зиёде, ки ҳуҷҷатнигорӣ нашуда буданду мардумаш саргардон, билохира соҳиби суроғаву рақами дар шуданд.
Имрӯз биноҳои навбунёд мисли замбурӯғҳои баъди борон, афзудан доранд, ки ин албатта хуб аст, лек чаро дар масъалаи таъмиру сари вақт ба истифода додани онҳо масъулият эҳсос намешавад? Чаро аз «домсозон» қатъан талаб карда намешавад, ки биноҳои нимсохташонро аввал пурра ба истифода диҳанду сипас ба сохту сози бинои нав шуруъ кунанд? Кӣ ин саҳлангориро рафъ мекунад?
Мо дар ин бора ҳатман зимни нишастҳои матбуотии дар пеш истода аз Низом Мирзозода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҶТ ва Ҷамшед Табарзода, муовини аввали раиси ш.Душанбе хоҳем пурсид.
Мо пайгири мавзуъ мемонем!
Мо Метавонем!!!
Ҷамила Ҳусейнова, СССР,
А. Собир, суратгир
