21.07.2024. Соат ба вақти Вашингтон 14:45 дақиқа. Ҷозеф Робинетт Байдени хурдӣ, президенти 46-ми Амрико, дар саҳифаи Твиттери худ навишт, ки расман аз идомаи сабқати президентӣ даст мекашад:
– Фикр мекунам, барои манофеи ҳизби демократ ва давлат (бинед манфиати ҳизбро аз манфиати давлат пеш гузоштааст-муаллиф), беҳтар аст, ки ман ба истеъфо рафта, танҳо сари масъулияти боқимондаи хеш ба ҳайси президенти ИМА то охирин лаҳзаҳо, тамаркуз кунам!».
Ҷозеф баъдан навишт, ки ба ҳайси номзад аз Ҳизби Демократ ба курсии президентӣ Камала Ҳорисро дидан мехоҳад. Камала ноиб президенти ИМА дар даврони роҳбарии Байден аст…
Ҷо Байден офати сиёсӣ ё «неудачник»?
Истеъфои Байденро аллакай чун ҳангома, офат ва фиреби бузурги сиёсии амрикоиҳо унвон карданд. Конгрессмен Ричард Хадсон аз ҳизби ҷумҳурихоҳон навишт, ки ин истеъфо макри рӯирости демократҳост. Зеро онҳо тӯли солҳои дароз мариз ва корношоям будани президенти Амрикоро аз раъият пинҳон мекарданд. Дар асл Ҷозеф Робинетт Байдени хурдӣ, ки 4 сол бузургтарин империяи асрро ҳукмронӣ мекард, буклети маризиҳо доштааст, ба мисли:
-Артрит ва «дамгирии апноэ дар хоб»: касалии ахирӣ метавонад то 10 сония нафасбандӣ кунад. Байден барои ҳамин солҳои ахир бо нафаси сунъӣ муҷаҳҳаз шуда мехобид, то дар хоб намирад!
-гиперлипидемия,
-гастроэзофагеалния рефлюкс
-Паркинсон ва ғ.
Дар ҷамъ ин амрози солхӯрдагист. Хотиррас мешавем Байден 81 сол дорад. Ва дар охири фаъолияташ сину солаш 82-ро убур мекунад. Зимнан ӯ борҳо бо фаромӯшхотирӣ, сарчархӣ ва беҳудагӯӣ дучор шудааст. Минҷумла вақте дар дидори ахир Путинро президенти Украинаву бечора Зеленскийро Путин хонд… ба карйерааш салиб кашид. Гуфта мешавад, танҳо ин ҳин ҷамоаи ҷаҳонӣ дарк кард, ки ба ин нафар, ки номҳоро омехта, бо арвоҳон салому алайк намуда, аз зинаи ҳавопаймо уфтода, зани ношиносро зани худаш пиндошта, дар саҳна рӯи курсии набуда мешинад, «кнопкаи силоҳи ядроӣ»-ро бовар кардан, имкон надорад…
Ин аст, ки ӯро рақиби №1-аш Доналд Трамп, ки ҳамагӣ 3 сол аз ӯ “ҷавон” аст, бебарортарин-неудачник дар таърихи президентии ИМА номид ва ба фикри сирф фардии мо хато накард…
Байден кист?
20.11.1942 дар Скрантоне, аёлати Пеннсилвания таваллуд шудааст (маҳз ин ҷо, рӯзи 13.07.2024 ба Трамп суиқасд анҷом ёфт!). Падараш Ҷозеф Робинетт Байдени калонӣ (1915-2002), модараш Кэтрин Ҷин Финнеган (1917-2010), католикҳои консерватор буданд (дар мо “исломистони фундаменталист” мегӯянд ку? Инҳо ҳамун хел, вале католик). Бобо-бобокалонаш Уилям Байден дар графигарии Сассекси Англия таваллуд шуда, сипас ба ИМА муҳоҷират карда буд. Бобо-бобокалони модарияш Эдвард Фрэнсис Блуитт узви Сенати Пенсилвания будӣ. Мегӯянд инҳо тарафдорони ашаддии сохтори ғуломдорӣ будаанд.
Ҷозеф Робинетт Байдени хурдӣ дар соли 1965 университетро бо баҳои қаноатбахш ба зӯр тамом карда (ниг ба акс), сипас карйераи хубе кард.
Ҷавонтарин сенатор
Боварнокарданист, вале пиртарин президенти ИМА, замоне ҷавонтарин сенатор дар таърихи кишвардорӣ буд. Соли 1972 ӯро сенатор интихоб карданд, ки 29 сол дошт. А, сенаторҳо бояд 30 сола мебуданд! Ин аст, ки танҳо дар соли 1973, вақте ӯ савганд ёд мекард, 30 сола шуд! Зимнан, тули 36 сол, аз соли 1973 то 2009 сенатор баргузида мешавад. Ин ба солҳои 1978, 1984, 1990, 1996, 2002 и 2008 рост омад. Аз соли 1973 то 1979 (30-36 солагӣ) Ҷозеф ҷавонтарин сенатори Амрико буд!!!
Витсе президенти Амрико
04.09.2008. Тандеми Барак Обамаи сиёҳпӯст ва Ҷо Байдени сафед бар ҷуфти Ҷон Маккейн-Сара Пэйлин дастболо шуда, лигоми давлатро ба даст гирифт! Он замон Байден 66 сол дошту Барак ибни Ҳусайн Обама-II 47 сол. Аҷиб аст, ки маҳз бо пофишории Обамаи 63-сола, имрӯз Ҷо Байдени 81 сола, маҷбур шуд, истеъфо дода, аз идомаи сабқат ба курсии президентӣ даст кашад!
Соли 2012 боз ҳам тандеми Обама-Байден пирӯз меояд ва ин бор бар
Митт Ромни ва Пол Райан аз ҳизби ҷумҳурихоҳон…
Даъвои президентӣ
25.04.2019, вақте ки нависандаи ин сутур, дар ҳамин рӯз 53-солагияшро, аз тарси қонуни Танзим, пинҳонӣ ҷашн мегирифт, Ҷозефи мо эълон кард, ки дар соли 2020 ба ҳайси номзад ба президентӣ ба майдон меравад. Хотиррас мешавем, ки дар ин миён, дар интихоботи соли 2016, ҳизби демкоратӣ дар симои Ҳаллари Клинтон-Тимоти Кейн интихоботро бар Доналд Трамп-Майк Пенси ҷумҳурихоҳ бохтанд. Ҷозеф бошад аз Барак хафа шуд, ки чаро номзадии ӯро, баъди 2 карат бо ҳам кор кардан, президент Обама пешбарӣ накард?
Соли 2020 бо Камала Ҳориси ҳиндутабор Байден бар Доналд Трамп-президенти феълӣ пирӯз омад. Ва ҳарчанд Трамп натоиҷи интихоботро напазируфт ва нахост аз кор равад, баъди инаугуратсияи Ҷо маҷбур шуд, Кохи Сафедро тарк кунад. Тарафдоронаш бошанд, Капитолий-сенати Амрикоро штурм карда гирифтанд. Воқеан ҳам Трамп ваъда кардааст, ки бо сари вазифа омадан 2 корро аввалин шуда анҷом мекунад:
- Дар 1 рӯз ба ҷанги Украина-Россия хотима медиҳад ва:
- Ҳама боздоштшудаҳои штурми Капитолийро озод месозад!!!
20.01.2021. Соат ба вақти Вашингтон 11:49 дақиқа. Ҷозеф Байден аз рӯи Инҷил (Библия) савганди садоқат оварда, ба курсии президентии №46 такя зад ва дар синни 78-солагӣ солхӯрдатарин сарвари далват дар ИМА таъин гардид.
Трамп ҳама рекордҳои Байденро мезанад?!
Воқеан ҳам агар Доналд Трамп ин курсиро ба худ баргардонад, пас ӯ рекорди синусолии Байденро ҳам мезанад. Зеро зимни савгандёдкунӣ ӯ 79 сола шуда, то 83 солагӣ ҳукм меронад. Ин дар ҳолест, ки Байден аз 78 то 82 солагӣ сарварии Кохи Сафед ва чӣ ҷои пӯшиш, садорати тамомии оламро бар дӯш дошт…
Воқеан ҳам, баъди террор ба ҷони Трамп дар Пенсилвания, зодбуми Ҷо Байден, шонси пирӯзии Доналд бар дилхоҳ намояндаи ҳизби демократ ба карат афзудааст. Хосса дар ҳолате, ки дар Амрико аллакай «Ҳангомаи ГӮШ» -тақлид бар гӯши рости тирхӯрдаи Доналд Ҷон Трамп дар авҷ аст…
С. Мизроб,
махсус барои аъзои Ихвон ал СССР
