РЕДАКСИЯ СУПОРИШ ДОД: ШИКАМРАВ ШАВ!!!

Бо фаро расидани фасли гармо мавсими хурӯҷи бемориҳо авҷ мегирад ва дар беморхонаҳо ба қавле «ҷойи сӯзанзанӣ» намеёбед. Вале кадом намуди бемориҳо мардумро азият медиҳад? Мо насли калонсол албатта ба маънии умқи ганҷи бебаҳо, яъне саломатӣ сарфаҳм меравем, аммо атфол чӣ? Худораҳматии бобоям мегуфт, ки саломатиатро эҳтиёт, ки накардӣ, беморӣ омад намега ту бачаи кӣ ва чи кораӣ, ҷони бобош?!

Баъди супориши пешини редаксия, ки аз маззаву лаззати тарбузҳои ҷайҳунӣ ком ширин кардем, редаксия дархост кард, ки бо бемориҳои шикакмрав ва амрози сироятии мавсимии дарунӣ ошно шавам. Чун дар редаксия баҳс тезу тунд гардид, ки чигуна метавон ба мавзуъ бархурд кард, сардабир аввал ҳамаро шунида, оромона гуфт:

-Бояд мариз шуд!!!

Ва ба умқи чашмони ҳайрони ман нигариста қотеъона амр кард:

-Редаксия супориш дод: Шикамрав шав!!!

Мо низ, ки 1 моҳи расо дам гириффта будем, барои худро пеши аҳли газета ва хонандагон нишон додан, тарбузу харбузаи зиёдро бо помидору себу зардолуву шафтолу якҷо печонида, рррр… рафтем касалхона. Бо Мо бош, ки мо метавонем!

Сеҳри сухани табиб

18.07.2024. Соат ба вақти Бохтар 8:50 дақиқа. Шӯъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бурӣ Воҳидови ш.Бохтар. Аз даромадгоҳи беморхона мушоҳида мешуд, ки гуё ҳама дар беморхонаанд. Ба касе, ки нигарӣ, ҳама корафтода менамояд. Чун мавсими тобистон айёми пухта расидани аксарияти полезиҳост, табиист, ки мо қоидаҳои беҳдошти саломатиро риоя намекунем. Мисли ман, ки баъди хурдани тарбузу харбуза ба беморхона афтодам. Агар тамоми сабзаҷоту мевагиро бо ҳаддаш бихӯрем бемор нахоҳем шуд. Аммо маълум, ки ман ин сарҳадро гузаштаам. Чун соат ба соат ҳолати ман бад мешуд, зуд ба қабулгоҳи беморхона муроҷиат кардам. Маро духтуре пешвоз гирифта, аз чӣ шикоят доштанамро пурсон шуд. Чун гуфтам дарди шикам азиятам медиҳад, маро назди духтуре бурд, ки ӯ сироятшинос будаст.

Мегӯянд, табиб ба касбаш дасту дилу забони пок бояд дошта бошад. Инро ман дар муомилаи табибони ин беморхона эҳсос кардам. Ва ба ин гуфтаҳо бовар кардам, ки дар ҳақиқат сеҳри сухан аст, ки ба бемор куввату дармон мебахшад.

 

Ману Шварснегеру Ҷеки Чан

Баъди дидани ҳарорати бадан ва фишору таппиши дилам, ки ба 70 мерасид, табиб изҳор дошт, ки ман сеюмин одам бо чунин ҳарорат ва тапидани қалб будаам. Чун ин андеша дар аввал нигаронам кард, аммо духтур маро ором карда гуфт, ки «ба Ҷеки Чан ва Арнолд Швартснегер ҳам чунин диагноз хосанд» ва ман яке аз он сеюминҳо маҳсуб меёбам.

Искандар Зоиров ба ман ҳароратсанҷ гузошта, фишорро санҷиду кӯмаки аввалияи тиббӣ расонд. Бо иқрори ба серӣ хӯрдани маҳсулоти полезӣ ва гирифтор шудан ба дарди шикам ба ман 1 саҳифаи пушту пеш дорухат навишта дод. Дорухат дар даст аз беморхона баромадем.

Дар беруни дари табиб мисли ман будаҳоро зиёд дидам, ки бо ҳамин дард шикоят доранд. Маълум, ки сафи беморони сироятӣ дар ин фасл меафзудааст. Чаро? Киҳо бештар ба бемориҳои сироятӣ гирифтор мешаванд?

Ба суолҳои мо табиб Назаралӣ Камолов посух гуфт:

-Ҳамасола дар ин фасл муроҷиати шаҳрвандон ба беморхонаҳо афзун мегардад. Қисмати зиёди онҳо бо аворизи гуногун ба мисли қайкунӣ, дарунравӣ, ҳароратбаландӣ ва илтиҳоби шушу гурдаҳо муроҷиат мекунанд. Асоси ҳама гуна бемориҳо риоя накардани қоидаҳои гигиенӣ мебошад, яъне мисли Шумо тарбузу харбузаро ё бо дастони ношуста истеъмол мекунанд ва ё бо ҳама полезиҳо омехта карда. Вале хушбахтона бо ин гуна диагнозҳо дар беморхонаи мазкур то ҳол ягон нафар нафавтидааст. Шумо низ мераҳед-пур кард дили маро табиб.

 

Офтобзадагиҳоро нахурем(д)?

Қисмате аз мо бовар дорем, ки маҳз тарбузу харбузаву ҳандалаку дигар маҳсулоти дар офтоб истода сабабгори бемориҳои сироятианд. Аммо Ҳакимшоҳ Зубайдов табиби сироятшинос бар он назар аст, ки табиби ҳар шахс худи ӯст ва дар сурати риоя нагаштани гигиенаи шахсӣ одамон ба бемориҳои меъдаю рӯда гирифтор мешаванд, ки аксар вақт оқибатҳои бад дар пай дорад.

Тавре номбурда иқрор шуд, назар ба солҳои пеш шумораи беморон коҳиш ёфтааст, ки ин ба дараҷаи сатҳи фаҳмиши одамон ишора мекунад. Яъне, мардум дарк кардаанд, ки имрӯз чи чиз ба саломатии онҳо хатару зарар дорад.

   – Мо 1 чизро таҷриба кардем, рӯзе, ки ҳарорати ҳаво метафсад, ҳамон рӯз шумораи муроҷиаткунандагон меафзояд. Яъне тағйирёбию таъсири боду ҳаво низ ба саломатии инсон таъсири манфӣ расонида метавонад, – мегӯяд, Ҳ.Зубайдов.

Дар ин росто Парвина Расулова муаллиф ва хонандаи доимии рӯзномаи мардумии СССР аз шаҳри Бохтар ба мухбири газетаи мардумӣ гуфт, ки соли гузашта бо сабаби бемор шудану аз пой афтодани фарзандаш дар ҳамин беморхона бистарӣ буду табибон ба кӯдакаш ҷони нав бахшиданд. Тавре ин хонандаи рӯзнома иброз медорад, беморро пеш аз табобат сараввал суханони сеҳрноки табиб муолиҷа мекунад.

Инро ман дар муомилаи кормандони ин беморхона ҳис кардам. Ва пиндоштам, ки табибон вориси ҳақиқии Синои бузург, бояд ҳамин тавр ҳам бошанд, иброз медорад бону Парвина.

Пешгирӣ аз табобат беҳтар аст!

Ибораи маъмулии “Пешгирӣ аз табобат беҳ”- ро ҳамагӣ шунидаему шояд амиқан ва дуруст дар мағзи сар онро ҷой надодаем. Чунки дар сурати пешгирӣ мо метавонем аслан ба ин ҳолат гирифтор нашавем. Зеро баъди гирифторӣ илоҷи пешгирӣ камтар мегардад, танҳо табобат мемонаду халос. Одамони қарнҳои гузашта аз таҷрибаи зиндагиашон чи ҳикмату гуфтаҳои манфиатнок мондаанду аксари мо аз онҳо кам кор мегирем. Мардум ба қадри ин гуфтаҳо раседу аз онҳо истифода баред, ки мисли ман ба беморхона афтода, баъд аз сӯзандору ҷойи гурез мекобед!

 

Афсус на ҳама «табибанд» …

Гоҳо мутаассуф дар баробари табибони ҳақиқӣ боз ҳастанд духтуроне, ки барои пул шуда парвои солимии одамонро надоранд. Инро ҳама медонад, ки онҳо ба номи поки табиб латма мезананд.

2 ҳафта пеш нафаре бо исми Нилуфар Раҳимова шикоят кард, ки бо ташхиси илтиҳоби шуш ба беморхонаи минтақавие муроҷиат намудаму то ба поён расидани ташхис дар ҷайбам ҳатто тангае намонд. Барои ҳама намуд ташхису табобат табибони ин беморхона пул меситонанд. Инсоф ҳам вуҷуд доштагист гуфта, дилам аз табиб ба тамом монд. Маошам барои ташхиси илтиҳобии шуш дар вилоят басанда набуд. Дар оилаи серфарзанд калон шудаам. Дилам барои ҳар тангаи доштаам месӯзад, хулоса мекард Нилуфар.

Аммо шахсан ман ҳаминро мегӯям, ки аз ман баъди муоина ва ташхис ҳатто 1 сомонӣ нагирифтанд. Шояд барои он ки 1 хизматчии давлат ҳастаму барои пешрафту тараққиёт саъйу кӯшиш дорам? Ё ягон супориши дигаре аз боло буд, ки ман ҳатто 10 дирам ҳам сарф накардам. Ғайр аз номгӯйи дорухат, ки аз дорухона харидорӣ намудам.

Дар роҳи беморхона бо ман Азизҷон Расулов, сокини н.Кӯшониён ҳамсӯҳбат шуда, дар бораи мошинҳое, ки дар сари роҳҳо ба фурӯши полезиҳо машғуланд, андешаҳои манфӣ баён намуд. Ӯ мегуяд, ки барои солим мондан мо аз ҳамин корҳо бояд ҷилавгирӣ намоем. Пайдоиши аксар бемориҳои рӯдаву меъда ҳам маҳз ҳамин фурӯшандаҳои сарироҳианд.

 

Савдои сарироҳӣ танзим шавад!

Сари ҳар қадам мо шоҳиди онем, ки фурӯшандаҳо дар мошинҳои махсус тарбузу харбузаро рӯзи дароз зери офтоб нигоҳ медоранду мефурӯшанд. Нури офтоб ба ин маҳсулот таъсир расонида, онро офтобзада мекунад, ки истеъмолаш хатарзост. Аслан соҳибони ин мошинҳо деҳқон нестанд. Инҳо ҳамон миёнаравҳоеянд, ки тарбузу харбузаҳоро бо нархи арзон аз деҳқони бечора харида, ба болояш 1 миқдор пул мегузоранду пешкаши мардум мекунанд. Ман фикр дорам, ки сараввал барои пешгирии бемориҳои мавсимӣ бозори ин гуна фурӯшандаҳо бояд танзим шавад. Яъне онҳо ба ҷое бурда шаванд, ки салқину соя бошад.

 

Аввал андешаву баъд тарбуз!!!

Зиёд андеша кардаму ба хулосае омадам, ки дар кадом синну сол, ки набошем(д) бояд гигиенаи шахсиро қатъиян риоя куне(д)м. Дорухатро ба дорухона бурда хоҳиш кардам, ки ҳабҳои заруриашро дастрасам намояд. Чуноне дар мардуми мо мегӯянд, фил аз мурча метарсад. Ман бояд иқрор шавам, ки аз сӯзандору ба қадди ҷонам ҳарос дорам. Бинобар ин доруҳоро қабул мекунаму аз истифодаи сӯзандору даст мекашам. Бо тавсеа ва роҳнамоии табибон ҳолатам беҳтар ва саломатиам хуб шуд. Аммо то ҳол дилбардориву муносибати самимонаи табибонро бо некӣ ёдовар мешавам. Ба умқи мафҳуми саломатӣ, ки ганҷи ноёб будааст нав сарфаҳм рафтаму онро минбаъд ҳамаҷиҳата ҳифз хоҳам кардам. Вале ба шарте, ки дигар редаксия чунин супоришам надиҳад. Дар сурати акс…Мо (боз ҳам) метавонем!

Нуриддин Қосимзода,

СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube