МАСЪУЛИ КӮМАКИ МАЪЮБ КИСТ?

1 сол пеш дар пайи боронҳои пайдарпай ва сел манзиле, ки мезистам, тахриб ва шуста шуд. Раиси маҳалла аз ин огаҳ буд. Ман модари танҳо, маъюби гурӯхи 2 ва соҳиби 2 писарам. Ҳамаи он нафароне, ки марданду соҳиби пулу мол, дар пайи ин харобиҳои табиат кӯмаки молиявиву хӯрока гирифтанд, вале мо фаромӯш шудем.

Гӯшҳоям ношунавост, 1 поям кор намекунад, вақти роҳгардӣ мелангам ва ҳамаи ҳамсояҳо аз ин хабар доранд. Ман 1 чизро намефаҳмам: оё рӯйхати аниқи маъюбон дар кишвар ҳаст? Кӣ ва кадом ниҳод интихоб мекунад, ки ба ин ё он маъюб кӯмак кардан лозим аст ё не? Кадом вазорат ё ниҳод ба суоли ман посух медиҳад? Чаро маъюбон аз пардохти хизмати коммуналӣ озод нестанд ва агар имтиёз дошта бошанд, чаро он на ба ҳар ниёзманд дода мешавад?

Фотима Ҳамидова, сокини ш. Душанбе, маъюби гурӯҳи 2, тел: 907126753

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube