12 СОЛИ ТАҲСИЛ БА КӢ ЛОЗИМ?

Салом ба СССР! Дар яке аз шумораҳои газетаи мардумӣ хабари ба низоми 12-солаи таҳсил гузаштани мактабҳои тоҷикиро хондам. Барои мо мардуми одӣ ин низом нофаҳмиҳои зиёд меорад. Масалан, бо гузаштан ба таҳсили 12 сола вазъи оилаҳои серфарзанд чӣ мешавад?

Аз синфи 1-ум сар карда, баъзе оилаҳо 4-5 фарзанди мактабхон доранд, ки шароиташон базӯр барои таъмини сару либос ва лавозимоти мактабӣ мерасад. Дар мактаб аз бӯр сар карда, то пардаву плитаву гулу белу каланд пул ҷамъ мекунанд, ба ҳамаи фарзандони мактабхон маблағ додан даркор.

Дар замони советӣ хонанда мактабро баъди синфи 8 хатм карда, ба техникум ва пасон институт дохил мешуд. Имрӯз агар 15 сол ҳам дар мактаб хонанд, хонандаи доно ба донишгоҳ дохил мешаваду танбал не. Ҳоло боз таҳсил дар синфҳои 10-11 ҳатмӣ шудааст, мисли муоинаи тиббии пас аз синфи 9.

Хулоса, мактаб ташвишҳои зиёд дорад ва ба фикри ман боз ба 1 соли дигар тамдид кардани таҳсил барои волидон дарди сари иловагӣ меорад.

Ҳайдаршоҳ Пирзода,

н. Данғара

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube