ТУРКПАРАСТОН

Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро,

Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро!

(Лисонулғайб Ҳофизи Шерозӣ)

 

Ин миллат воқеан ҳам хару хутук бисёр дорад. Харзодаҳои хартабори фейкӣ. Маъзарат, хонанда, вале бо дигар ҳарф бо инҳо наметавон суҳбат кард. Зеро, ки гуфтаанд:

Сахтгӯро сухани сахт ба ислоҳ орад,

Чирки пироҳани пулод ба собун наравад!!!

Аксарияти ин харҳо дар Аврупову Амрико ҷо гирифтаанд ва аксаран хатмкардаҳои литсейҳои туркиянд. Яъне туркшудаанд ва ё арабзада. Инҳоро дар Туркия кайҳо узви FETO – гуруҳи террористӣ эълон кардаанд. Инҳоро мо низ бояд террорист ҳукм кунем. Дер нашудааст, бовар кунед… Зеро инҳо воқеан террористанд, имрӯз террористи маънавӣ, фардо воқеӣ мешаванд. Мисле, ки давлату парлумон ва ҳукумати марказии худро дар Истамбул бомбаборон карда буданд. Пас, фикр доред, бар мо раҳм мекунанд? Хестем, ки хобед!

Конфликт аз куҷо сар зад? Вақте ман 1 байти Хоҷа Ҳофиз, “Агар он турки шерозӣ”..- .ро ташреҳ додам, ин турконхотунҳо таркиданд. Гуфта будам, инҳо “мина замедленного действия” ҳастанд, бовар намекардед. Ин Харзодаҳои Туркгардида, ки Худову расулашон Фатҳулло Гюллени неоотатурк аст, ончунон беадабона, бешарафона, бехирадона ва бефарҳангона ҳақорат менависанд, ки агар Бобои Ғулом зинда мебуд, мегуфташон, ки “Очатона Гюлен никоҳ кардагияй,чӣ бачам???”…

Зимнан ба дил гуфтам, аз ин террори маънавӣ ҳазар ва чизе нахоҳам гуфту навишт. Аммо!!! Дирӯз ошхонаи Яккачанор рафтам. Чун бархостаму хостам ҳисобукитоб кунам, ки пешхизмат гуфт, “пули наволаатонро додаанд”. Ҳайрон шудам, зеро ягон шиносе намедидам. Ин ҳин ҷавоне омаду гуфт, “Ака ман он шарҳи Шуморо гӯш кардам ва камолийяти ифтихор дорам, ки бо Шумо шинос шудам” ва афзуд, “илтимоси мо ҷавонон ҳамин, ки дар оянда низ моро бо осори клоссикҳо ошно кунед ва ашъори ишонро ташреҳ диҳед”.

Ба дил гуфтам, санги маломати туркхотунҳои евро-амрико-фатҳуллогюлениро Худо рафъ кард.  Ва 1 байти шоири шӯрида Хайрандеш ёдам омад, ки дар бораи ҳамингуниҳо мегуфт:

Ҷайраи ҷӯҷалии қоқалаи харбашара,                                                                                                                                Харсара, харсамара, харкамара, харшаҷара

Зимнан худатонро ҳам дарроонед, туркбачаҳои Гюлен, ман барои ҷавонони миллати худ дар хизматам. Зеро Ману Абдуллои Раҳнамо (ӯ низ аз ҷониби туркхарбачаҳо мавриди хушунати лафзонӣ қарор дорад!) МЕТАВОНЕМ!!! Ва ҳамакнун на танҳо дар Интернет, Ютубу Фейсбуку Вотсапу Телеграмм, ки ҳатто дар саҳафоти СССР низ, мувофиқи талаби хонандагон ва шодихӯрдагон, байту шеъреро ҳатман ташреҳ медиҳам….

 Ва аз ҳама охир: медонам, ки фарзандони бисёр сарвату сардамдорони вақт дар ин литсейҳои туркии Фатҳулло Гюлен таҳсил кардаанд. Вале бо ин вуҷуд, агар дилатон бар Миллату Давлати Тоҷикон, заҳамоти шабонарӯзии Сарвари Миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон месӯзад, туркбачаҳои фатҳуллогюлениро аз сари қудратҳо дур кунед. Нагузоред, ки бар сирру асрори давлат наздик шаванд. Эҳтиёт ними ҳаёт.

 

Танҳо 1 ҳушдор бо чанд факти таърихӣ:

15-16.07.2016. Гюлленпарастон дар 1 шаб шаҳрҳои бузурги кишвар – Анқара, Истамбул, Қуния, Марморас, Молат ва Қарсро забт карданд. Вақте Раҷаб Эрдуғон дар фароғати расмӣ (отпуск) буд, онҳо бо ҳавопаймои қиркунандаи F-16 Қасри Президенти кишвар ва парлумонро, ки дар он ҷо маҷлиси вакилони мардумӣ мегузашт, бомбабарон карданд. Дар тули 1 шаб 200 одами одӣ кушта ва 2000 тани дигар маҷруҳ шуд. Беш аз 9000 балвогар, ки дар хадамоти давлативу низомӣ кор мекарданду хатмуттаҳсилони литсейҳои туркии Фатҳулло Гюлен буданд, боздошт ва ҳабс шуданд. Гюлениҳо инро дар баробари миллати худ раво диданд. Танҳо тасаввур кунед, инҳо бо дигар қавму миллият чӣ бархӯрде доранд!!!

Раҷаб Тайип Эрдуғон бузургтарин сиёсатмадори даврон аст, ки аз ин ҳаммилатони худ рӯ тофт. Мо бо инҳо чӣ мадорову муросо дорем? 1 бори дигар сари моҷаро фикр кунед… Ман медонам чӣ менависам. Мо Метавонем!

Дар зер шарҳу тафсири ҳамон байтро мекорам. Хонед ва хулоса баред, ки ин байт ба турконхотуну туркпарасту туркшудаву пантуркистони террористи фатҳуллогюленӣ ҳич бастагие надорад. Танҳо гуфтем, “турк”-ро клоссикон дузд мегуфтанд, ингуна хашм карданд. Агар чизе роҷеъ ба пантуркизми ҷанганда нависем, капаамон дуд мекунад. Вале мо наметарсем. Мо метавонем!

Тафсири 1 байт

26.04.2024. Соат бо вақти Кӯлоб 15:44 дақиқа. Оре, маҳз дар Кӯлоб азизе хост, то ман ҳамин байтро шарҳу тафсир диҳам.

Агар он турки шерозӣ, ба даст орад дили моро,

Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро.

Хуб, ин 1 байти маъруфест, ки солҳо, суҳбатҳо, баҳсҳо атрофаш давом дорад.  Ва ман назари сирф фардии худро мегӯям. Ин маънии онро надорад, ки назари ман 100% дуруст аст, вагарна Ҳофиз Ҳофиз намебуд, агар дарҳол мегуфтанд, ки ӯ чӣ мехоҳад. Дар ин ҷо бубинед, ки дар мисраи якум 2 тазод омадааст. “Турк ва дил”. Дар мисраи дуюм таносуб ва зиддияти сухан дар вожаҳои «Ҳинд»- холи ҳинду ва Самарқанду Бухоро омада. Бинем, ки Ҳофиз чиро дар назар дорад? «Турк» дар ҳама давру замон, ба вежа дар адабиёти клоссики мо, ба маънои ғоратгар меояд, беэмон меояд, дузду қотил меояд. Турк гуфта дар замони Ҳофиз татору муғулҳоро дар назар доштанд. Ҳамон муғулҳоеро, ки бо Чингизхон омада буданд, инҳоро Турку Тотор мегуфтанд. Зимнан Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар васфи беимонии туркон мегуфт:

Ин шунидастӣ, ки турке васфи ҷаннат чун шунид,

Гуфт бо воиз, «он ҷо ғорату куштор ҳаст?».

Гуфт на! Гуфто «батар бошад, зи дӯзах он биҳишт,

К-андар он кӯтаҳ бувад аз ғорату тороҷ даст!».

Бубинед, яъне турк бединест, ки фақат ғорат мекунад ва эмон надорад. Аммо дил чист? Дил антиподи ғорат аст, дил эмон аст, дил виҷдон аст, дил инсоф аст. Шоир мегуяд:

Дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи акбар аст,

Аз ҳазорон Каъба 1 дил беҳтар аст.

Мардуме, ки масалан камфаҳманду ба умқи масъала намерасанд, инро чунин ташреҳ медиҳанд, ки шоир ба куфр даст зада аст, чун дили 1 кас ба даст оварданро аз тавофи Каъба боло мегузорад. Дил ба даст овардан, воқеан ҳам фиреб додани нафарест, ки мегӯянд, «Дил биёбу қанд бихӯр!». Шоир бошад, ин ҷо мегӯяд, ки дили худро ба даст биёвар, ки дар дил мо эмон дорем!  Ва ҳамин Ҳофиз аст, ки дар ташреҳи дил ва он чизе, ки дар дил ҳаст, яъне эмон, мегӯяд:

Халқе забон ба даъвии ишқаш кушодаанд,

Эй, ман ғуломи он, ки дилаш бо забон якест!!!

Эмон чист?  “Ал иқрорум бил лисони ва тасдиқум бил қалб” – дар дил тасдиқ кардан ва ба забон гуфтан, эмон аст. Ҳофиз мегӯяд, ки “Эй ман ғуломи он, ки дилаш бо забон якест”. Вақте, дилу забон 1 чӣ мегӯянд, пас эмон дорем ва ман ғуломи ҳамин дилам.

Акнун баргардем сари вожаи “турки шерозӣ”, ки «ба даст орад дили моро». Турки шерозӣ, ғоратгари шерозӣ ва ғоратгари бигузор бисёр зебои шерозӣ, чӣ медуздад аз мо? Эмон медуздад, дил медуздад, диле, ки барои эмон аст, барои виҷдон аст, барои инсоф аст, хонаи Худост (Каъба дар бадани муъмин)… ҳамин дуздак онро  мерабояд. Ва ин турки шерозӣ, дуздаки шерозӣ, ки дил мерабояд, басе дузди гандатар аз он ғоратгаронест, ки хонаи моро медузданд, молу колову ҳамёни моро медузданд. Зеро инҳо эмон мерабоянд!!!                                                                                                            Дар мисраи дуюм Ҳофиз мегӯяд:

Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро

Ҳинду ч(к)ист?

Ҳинду дар адабиёти клоссикии мо ба 2 маънӣ омадааст; аввал ҳинду – мардуми Ҳиндустон, бутпараст, санампарастоне, ки то охир ислоҳ намешаванд ва дар тасаввуфия аҳли бидъатанд, ба масали дигар дӯзахиянд. Шоҳини Кулобӣ мегӯяд;

Ҳинду ба лаби чашмаи кавсар набарад роҳ,

Эй хол, ту бар кунҷи лаби ёр чӣ сонӣ?

Ҳинду, ку рӯи биҳиштро намебинад, вале чӣ сон ту дар лаби чашмаи кавсар ҷо гирифтаӣ? – мепурсад Шоҳин…

Ва маънои №2, ки арабзадагону арабшудагон пинҳонаш медоранду медоштанд, вале клоссикони мо мазамматаш мекарданд, Ҳинд номи нафарест, ки аслан рӯи биҳиштро намебинад. Ҳинд- зани Абусӯфиён (565— 650), сарвари Макка (622630) ва падари Муавия, асосгузори хилофати Уммавиён) аст. Барои чӣ Ҳинд мазаммат мешавад? Зеро аввал ин, ки сахт сияҳҷурда будӣ ва баъдан барои он, ки амаки паёмбар Амир Ҳамзаро кушта, дилашро хӯрда буд. Ана ҳамон Ҳинд, мегӯяд Шоҳин, ки аслан биҳишт намеравад, дар лаби кавсар чӣ меҷӯяд, номаълум? Холи сиёҳ ба ҳинд нисбат дода мешавад. Бубинед, Ҳофиз ҳам мегӯяд, ки “ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро». Чаро ба холи кофире, сияҳе, касе, ки биҳишт намераваду беимон аст, Ҳофиз ин 2 шаҳрро мебахшад? Он замон мегуфтанд, ки Самарқанд сайқали рӯи замин ва Бухоро маркази мазҳабу дин аст. Яъне, «Ман мегӯяд, Ҳофиз, маркази дини исломро медиҳам ба ҳамон турки шерозӣ!». Аммо дар ин ҷо 1 ишорати нозуки Ҳофиз норавшан мондаст. Ҳич кас, дар тули 600 сол (Ҳофизи Шерозӣ, 1325-1390) аҳамият надодааст ба ин ишораи наҳиф. 1 дӯсти ман, акои Зойир, ки хеле хоксор асту намехоҳад насабаш фош гардад, ба ман гуфт, «Эй, Сайёф! Чаро намебинед, ки ин ҷо вожаи АГАР низ ҳаст?!». Яъне Ҳофиз намегӯяд, ки ман ба он турки шерозӣ ҳатман Самарқанду Бухороро медиҳам, балки мегӯяд, медиҳам, вале ба шарте, Агар…!!! Вожаи АГАР ба ин маъност дар Луғати мо: ба шарте ки…, дар сурате ки…, дар ҳолате ки…; вақте ки…, ҳангоме ки…

Шоир мегӯяд:

Агарро бо магар тазвиҷ карданд,

Аз онҳо баччае шуд кошкӣ ном.

Яъне Ҳофиз мегӯяд, АГАР … ба шарте ки «ба даст орад дили моро». Вале дар 2 ҷаҳон, ягон дуздаку туркаки шерозӣ дили манро ба даст оварда на-ме-та-во-наддд!  Зеро дили ман дар роҳи ишқ, эмон, инсофи Худо мустаҳкам аст, ки ҳич касе наметавонад онро аз роҳ занад ва аз ишқи Худо дигар сӯ бигардонад. Вале агар, ки тавонист, ҳалолаш бод, ман думболаи Ҳиндуи кофар мераваму чокару ғуломи ӯ мешавам (1 маънои дигари ҳинд-ғуломи сиёҳ аст!) ва Самарқанду Бухоро, маркази дину мазҳабро ҳадяаш месозам.

Ана ҳамин моҷарое ҳаст, ки ба пиндори сирф фардии ман, Ҳофиз ишора дорад. Ва бо чандин қиссаву ояҳои Қуръон онро пардапӯш мекунад ва агар «Агари Ҳофиз» ин ҷо намебуд, ӯ ҳич гоҳ Лисонулғайб ва Ҳофиз намешуд, агар агарро истифода намебурд. Зимнан мо тӯли 6 аср думболаи ташреҳ рафта, ҳамин вожаи хурдакаку назарногири «агар»-ро фаромӯш карда будаем.

Таъкидан мегӯям, шарҳи ман комил нест, зеро Ҳофиз душворҳазм аст. Вале ончӣ гуфтам, сирф аз рӯи адлу фаҳми хеш гуфтаам. Тафсири дигар ёронро интизорем, то бичопем. Мо Метавонем!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube