Мулло Ҳайдар нахустмубориз зидди ҲНИТ

Бозсозии Горбачёв ва пошхӯрии СССР

Бо барҳам хӯрдани СССР тағйири сохти давлатдорӣ дигар гашт, аз лаҳзаҳои фалаҷии равиши ҳаёт истифода бурда, ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳу гурӯҳчаҳои ташкилёфта ба муборизаҳои мақсаднок баромаданд:

«Ҳизби наҳзати ислом», «Растохез», «Лаъли Бадахшон», «Ҳизби демократ».  

Дар ин айёму дар ин миён Ҳизби наҳзати ислом ва Ҳизби демократ, ки решаи ташкилёбиашон пештар буд, таҷрибаи бештар ва тарафдорони зиёд доштанд, барои ба сари қудрат омадан зиёдтар сайъ мекарданд ва  зимнан рӯирост ба мубориза бархостанд.

Муборизаву кашмакашиҳо масали «Қу, моҳӣ ва харчанг»-ро пеши назар меовард ва дар ин ғалаёни муборизаҳо ҲНИТ, ки яке аз мақсадҳояш тарафдорӣ намудани ақоиди исломгароёни сиёсӣ ҳисоб меёфт, пешсафу пешгом ва  барои мардум хавфноку зараровар буд, ки инро на ҳама эҳсос мекард ва чанде баъдтар тамоми нақшаву амалиётҳои фоҷиабори онҳо маълум гашт.

Аввалин шахси донишманду далеру ҷасури замон, ки пайдоиш, сабаб ва оқибати ин ҳизбу ҳаракатҳо, гурӯҳу гурӯҳчаҳо, ба хусус ҲНИТ-ро ба тарозуи ақлу хирад баркашида, ба мубориза бархост, имом-хатиби масҷиди ҷомеъи вилояти Кӯлоб домулло Ҳайдар Шарифзода буд.

Мавсуф охири солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-уми асри гузашта, ки ба «бозсозиҳои Горбачёвӣ»-ю пошхӯрии СССР ва ибтидои даврони соҳибистиқлолӣ рост меомад, 1 шахсияти шинохтаи динӣ буда, дар давраи имом-хатибии ӯ масҷиди марказияш ном бароварда, мардум рӯзҳои ҷумъа на танҳо аз гирду ҷониби шаҳру ноҳияи Кӯлоб, балки аз ноҳияҳои дурдасти Ховалинг, Муъминобод, Москва (ҳоло Ҳамадонӣ), Восеъ, Совет (ҳоло Темурмалик) ва дигар шаҳру навоҳӣ ба масҷиди ӯ барои адои намози ҷумъа ва махсусан шунидани мавъизаҳояш меомаданд. Ӯ дар ҳақиқат дар назди мардуми вилоят ва берун аз он обрӯи  калон дошта, дар мазҳаби ҳанафии аҳли суннат содиқу вафодор монд.

 

 Қозӣ+Муло Абдураҳим VS Мулло Ҳайдар

Дар ҳамон солҳои мудҳишу нооромии 90-ум, аниқтараш пас аз ба даст омадани соҳибистиқлолӣ (9 сентябри соли 1991), ки муборизаҳои сиёсии тезу тунди ҳизбу ҳаракатҳо кишварро фаро мегирифт, ҲНИТ сайъ менамуд, ки бо ҳар роҳу усул мавқеъи худро мустаҳкам намуда, ба мақсади нақшавии худ расад.

Бинобар он, дар шаҳру деҳот аз ҳисоби шахсони алоҳида ташкилотҳои махсус ташкил шуда, аъзои ҲНИТ, ҳатто шаклу хислати оилавиро гирифтаву ба оташи муборизаҳо ҳезум илова менамуданд.

Дар ин айёми «гардиши девбод» роҳбарии идораи қозиёти кишварро Ҳоҷӣ Акбар гирифт, ки низ ақидаи исломгароёнаи сиёсӣ, нақшаву таълимоти онҳоро ҷонибдорӣ менамуд. Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода пайваста кӯшиш менамуд, ки ҳарчӣ зудтар ба мақсади худ бирасад. Аммо домулло Ҳайдар бар хилофи  қозӣ ақоиди исломгароёни сиёсии навбаромадро қабул накард. Зеро нағз медонист, ки ин ҳизбу ҳаракатҳо оқибатҳои бад ба бор меоранд…

Бинобар ин, қозӣ Тураҷонзода аз ин нофармонӣ дар ғазаб шуда, мансаби сархатибии вилоятро аз домулло Ҳайдар Шарифзода гирифта, ба Абдураҳим Каримов (мулло Абдураҳим) супурд. Аммо Намоянда оид ба корҳои дин дар назди Шурои вазирони СССР дар вилояти Кӯлоб фармони ӯро беэътибор донист.

Мавсуф ба тариқи расмӣ ба домулло Ҳайдар Шарифзода шаҳодатномаи сархатибиро супорид ва дар ин бора ба раиси Ҳукумати вилоят хабар дод. Бо ҳамин тариқ, намояндаи дин сархатибии мулло Абдураҳимро рад кард, чунки ӯ аллакай ба пайравони исломи сиёсӣ шомил гашта буд ва дар вилояти Кӯлоб роҳбари ин гӯруҳ маҳсуб меёфт. Зиддияти ин 2 мулло авҷ гирифта, ба нооромию хунрезиҳо алоқаманд гардиданд ва ин масъала то ба ҷанги шаҳрвандӣ, хунрезию талафотҳои зиёди ҷонӣ оварда расонд…

 

Ҷанги 72 миллат

…Дини мубини ислом аз ибтидо аз ҳар ҷиҳат хеле васеъ доман паҳн кард, роҳи зиёдро тай намуд ва ба 2 ҷараёни сунӣ ва шиа, 4 мазҳаб, 73 шоха ва чандин равияҳо ҷудо шуда, густариш ёфт. Агарчи таълимоти Қуръону ҳадисҳо асоси дини исломро ташкил намоянд ҳам, ҳар 1 ҷараёну мазҳаб ва шохаю равияҳо талаботу таълимоти худро доштанд. Дар Тоҷикистон ба ҷуз аз пайравони шохаи исмоилиҳои ВМКБ дигар мусулмонон асосан пайрави мазҳаби ҳанафии Ҳазрати Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит мебошанд.

Тавре исбот имрӯз гардидаст, пайравони исломи сиёсӣ бо тарафдорию роҳбарии чанд нафар мехостанд, ки таълимоти «Бародарони мусулмон»-ро, ки аз соли 1928 дар Миср ва дигар давлатҳои араб идеологияи исломи сиёсиро паҳн менамуданд, дар кишварҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон пиёда кунанд. Бо ин ният 1  гурӯҳ ҷавонони исломгароро дастгирӣ намуданд, ки мақсади асосии онҳо сари қудрат омадан буд, яъне оммаи васеъи халқро ба вартаи хавфу хатару сарсониву саргардонӣ ва нооромиҳо бурдан буд.

 

Мулло Ҳайдар муҳофизи мазҳаби ҳанафӣ

Ҳамин ва дигар омилҳо буданд, ки домулло Ҳайдар дар ҳифзу густариши мазҳаби ҳанафии аҳли суннат, нахустин шуда, ба муқобили исломгароёни сиёсӣ, роҳбарону пайравони онҳо баромада, ҷасорату маҳорат нишон дод, мардумро барои дифои мазҳаби ҳанафия даъват намуд ва аксарияти мардуми минтақаи Кӯлоб ӯро дастгирӣ намуданд, ҷавонон бошанд ба Фронти халқӣ дохил шуданд.

Хусусан зиддиятҳои байниҳамдигарии домулло Ҳайдар Шарифзода ва мулло Абдураҳим Каримовро мардуми минтақаи Кӯлоб нағз дар ёд доранд. Мулло Абдураҳим ба равияи исломгароёни сиёсӣ дохил шуда, ташвишҳои зиёд кашида, билохира аз оқибати роҳҳои пешгирифтааш воқиф гардид, аз кардааш пушаймон шуд, ки аз ин бора тавассути садову симо ва ҷамъомадҳо изҳори пушаймонӣ кардааст. Вале он солҳо ӯ сахт сарсупурдаи идиологияи исломи сиёсӣ буду тарафдоронашро зидди мулло Ҳайдар мешӯронид. Хушбахтона, ҳақ ба ҳақдор расид ва имрӯз давлати мо тинҷу осуда аст…

Соли 2009 бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1310 – солагии асосгузори мазҳаби ҳанафии аҳли суннат Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит дар Тоҷикистон бо тантана ҷашн гирифта шуд. Ин шахсияти нотакрор яке аз аркони бузурги ислом буда, дар дини мубини ислом чӣ мавқеъ доштаву чӣ хидмате кардааст, бори дигар мардуми тоҷик ва мусулмонони олам-пайравони мазҳаби ҳанафии аҳли суннат тавассути ин форуми умумиҷаҳонӣ  дарк карданд. Мардум фаҳмид, ки Абуҳанифа ибни Собит кист ва мавқеъи мазҳаби ҳанафии аҳли суннат дар дини бузурги ислом чист?!…

Вале ин ҳама солҳо ба баъд ба вуқуъ пайваст. Дар солҳои хеле хатарзои даврони бозсозӣ (1986-90) то шуруъи ҷанги гражданӣ (1990-91) ва имзои протоколи Сулҳ (1997), аз миёни аҳли фиқҳ ва имом-хутабо танҳо мулло Ҳайдар аз мазҳаб пуштигирӣ мекард, ки инро набояд фаромӯш кунем. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки домулло Ҳайдар Шарифзода, яке аз муҳофизони содиқу густаришдиҳандаи мазҳаби ҳанафӣ ба шумор меравад. Мавсуф масҷидеро дар шаҳри Кӯлоб роҳбар аст, ки номи Имом Аъзамро дорад. Мо ифтихор менамоем, ки чунин шахсият – домулло Ҳайдар Шарифзода ҳамдиёри мост.

 

            Амирхон САИДЗОДА,

(Амир Сайиди Мункӣ), адиб,

журналист, кишваршинос,

ноҳияи Ховалинг

16.10.2023

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube