РЕДАКСИЯ СУПОРИШ ДОД: НОН ПАЗ!

Ҳафтае чанд аст, ки хонандагони ҳамешагии рӯзномаи мардумии СССР роҷеъ ба болоравии нархи орд ва маҳсулоти нонӣ изҳори нигаронӣ намуда, хостанд мо ин мавзӯъро бештар пайгирӣ намоем. Дар робита ба суолҳои сершумори хонандагон ва супориши редаксионӣ ин ҳафта тасмим гирифтам боре ҳам бошад сари танури нонпазӣ қомат занам. Қабл аз он, сараввал ба якчанд дӯкони ордфурӯшии марказии шаҳр рафта, нархи ордро муайян сохтам. Зимни мушоҳидаҳо маълумам гашт, ки нархи 1 халта орд имрӯз дар мағоза ва дӯконҳои ш.Бохтар аз 315 то 330 сомонӣ дакка мехӯрад. Хайр дигар чи илоҷ, супориш супориш аст ва бояд иҷро кард. Ману занаки хона ҳамон навъи ордеро интихоб кардем, ки дар танӯр хуб пухта шавад.

 

1 халта орд – 330 сомонӣ

Моҳистон Раҷабова, сокини ш.Бохтар, ҳамзамон модари серфарзанд мегӯяд, ки 1 халта орд дар оилаи ӯ ҳамагӣ ба 2 ҳафта басанда асту халос. Вал бо сабаби баланд шудани нархи орд ӯ наметавонад ба он маоше, ки мегирад, дар моҳе 2 халта орд – 660 сомонӣ харидорӣ намояд. Ҳамин гуна мисли холаи Моҳистон боз чандин нафар ҳам аз баланд рафтани нарх шикваҳо доранд. Мову занак бошем 1 халта орди навъи “Фатир”- ро бо маблағи 330 сомонӣ харида, ба хона шитофтем.

 

Офарин ба ман!

Ниҳоятан ман кореро, ки дар давоми умр накарда будам, КАРДАМ. Яъне хамир хелидам (беҳазл)! Дар тӯли ҳаётам аз чизе шарм надошта будам. Аммо ба ҳолам ин замон хурдтарин кӯдаки хона хандид. Аҳли редаксия, апаи Ҷамила, Идибеку А.Собиру Умари Шерхон лутфан ба ҳолам нахандед. Зеро рузе мерасад, ки ба шумо ҳам чунин супориш дода хоҳад шуд!!!

Хамири кардаи ман ба гуфтаи модарам бояд дар давоми 3 соат расида, ба пухтан омода шавад. Ҳамин тавр ман 10 кг ордро барои 10 нон – дар деҳот одатан гирдача мепазанд, хелидам. Баъди 3 соату 20 дақиқа хамирро рост карда, барои бастани онҳо дар танӯр алов кардам. Бовар кунед, назди алангаи оташ тоқат карда истодан худ 1 қаҳрамонӣ будааст! Офарин ба занону модарони мо! Хайрият ҳаво салқин аст, вагарна, кӣ медонад бо ман чӣ ҳодиса мешуд. Нон хӯрдан осон будаастеее!

Баъди сафед шудани танӯр ман нони аввалинро ба он часпондам ва тавонистам! Офарин ба ман! Онҳо дар танӯр чунон зебо сурх шуданд, ки мисли гули лола ҳар кадоме пайи ҳам хитоб мекарданд, ки ман ба кандан омода!!!

 

Аз 700 то 6500 сомонӣ…нархи танӯр дар Хатлон

Ногуфта намонад, ки танӯри мо аслан аз гил сохта шудааст ва чандин солҳост, ки ба аҳли оила хизмат мерасонад. Боз ҳастанд, танурҳое, ки аз регу санг сохта мешаванду умри бардавом мебинанд. Ба ин масъала ҳам таваҷҷӯҳ намуда, зимни хариди орд аз нархи танурҳои бозор ҳам дидан намудем. Нарх аз 700 то нархи ҳангуфт яъне 6 ҳазору 700  сомонӣ. Шояд хонандаро суоле пеш ояд, ки он чи гуна танӯр аст, ки ин қадар арзиши баланд дорад?! Ба шумо мегӯям!  Ин гунаашро танҳо бо фармоиши мизоҷон устоҳои танурсоз аз якчанд масолеҳи гуногун тайёр мекунанд, ки барои якумр басанда аст. Мизоҷони ин гуна танӯрҳо асосан нонвойхоначиҳо ва қаннодон мебошанд. Дар ингуна танурҳо ҳезум асосан ангишт аст.

 

1 дарза ғӯзапоя – 5 сомонӣ

Дар деҳот модаронамон аз ғӯзапоя истифода мебаранд, ки арзиши 1 дарзаи он дар мавсими ҷамъоварияш аз 4 то 5 сомонист. Бояд ёдовар гардам, ки ҳангоми сафед кардани танӯр ман 3 банд ғузапоя истифода кардам…

…Ниҳоятан нонҳои часпондаи ман сурх шуда, ба кандан омода гаштанд. Ва ин 10 нон барои оилаҳои серфарзанди тоҷик ҳамагӣ барои 3 рӯз кифоят мекунад.

 

Пухтан ё харидан – кадоме арзонтар аст?

Дар бозорҳо нархи 1 кг орд тибқи таҳлилҳои мо ба 6,6 дирам рост меояд. Мо дар хамири худ аз 10 кг истифода бурдем. 10х6,6 =66 сомонӣ шуд. Мо харҷи аловро 15 сомонӣ ҳисоб кардем.  Хамирмоя 7 сомонӣ, боқимонда қувваҳоро ҳисоб накардем. 66+15+7=88 сомонӣ барои 10 нон. Ҳисоб карда бароем, барои 1 нон мо 8,8 сомонӣ харҷ кардем. Қазоват аз шумост ё нон мехаред ё мисли ман хамир карда нон мепазед?! Гумонам дигар редаксия ин гуна супоришҳои бароям душворро намедодагист?!  Ба ҳар ҳол бо сарбаландӣ аз уҳдаи супориши навбатии редаксия баромадам ё не, хонанда довар!

 

Хадамот чи мегӯяд?

13.10.2023. Соат ба вақти Бохтар 11: 20 дақиқа. Баъди пухтану хӯрдани гирдачаҳои гарми бомазза ва ин қадар заҳмат, роҳ пеш гирифтам сӯйи Раёсати Хадамоти зиддиинҳисори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон.

Фирдавси Маҳмадсаид, роҳбари ин Раёсат дар вилояти Хатлон доир ба болоравии нархи орд ва маҳсулоти ба онҳо баробаркардашуда чунин иброз дошт:

   – Бо сабабҳои гуногун нархи воридоти орд аз ҳамсоякишварҳо алалхусус Қазоқистон боло рафтааст, ки ин нишондод мардумро ба нигаронӣ овард. Дар вилояти Хатлон мо ҳамарӯза нарху наворо мушоҳида намуда, нархҳо таҳти назорати бевоситаи Раёсат қарор дорад. Нархи 1 халта орди навъи олӣ дар вилоят ба 330 сомонӣ баробар шудаст, 1 халта навъи дуюм бошад 279 сомонӣ арзиш дорад. Нарх зери назорат аст!

Ногуфта намонад, аз нонҳои пухтаи худам ҳатман ба редаксия мефиристам ё ҳафтаи оянда онҳоро ба нон даъват мекунам. Мо метавонем!

 

Нуриддин Қосимзода, СССР,

Вилояти Хатлон

Аз сардабир: Офарин, Нуриддин! Аз иҷрои хамиру нон, ки баромадӣ, ун тарафаш- ғизопазӣ, шакаробу қурутобкунӣ 2х2 аст… Нафаҳмидӣ? Беҳтараш нон равон кун, ки мо оем, маҷбурӣ ин корҳоро низ анҷом диҳӣ. Идибеку Собирро худат медонӣ ку… Мо Метавонем!

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube