15 соли фаъолият собит намуд, ки кормандони “IRS” вазифаи худро бо садоқат ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ иҷро карда, аз бисёр имтиҳону озмоишҳо бо сари баланд гузаштанд. Бегуфтугӯ, рӯз то рӯз болотар рафтани мақому манзалати филиали Ширкат ва тамоюли афзоишро касб намудани маҳбубияти он миёни мардум, пеш аз ҳама, натиҷаи хизмати содиқонаву ватандӯстонаи кормандони он мебошад.
Қобили таваҷҷуҳ ва арзандаи арҷгузорӣ аст, ки ҷиҳати ташкили муколамаи озоди байни давлат ва бахши хусусӣ дар кишварамон Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар сатҳи олӣ таъсис ёфта, ба соҳибкорону сармоягузорон имкон фароҳам омад, ки андешаҳои худро оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ мустақиман ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуда, дар татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ иштирок намоянд. Аз ин лиҳоз чун сухан дар бораи «IRS» равад, пеш аз ҳама, бояд мадди назар дошта бошем, ки фаъолияти он бо мақсади таҳкими ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ роҳандозӣ шудааст.
Аксарият хуб медонанд, ки нигоҳдории роҳ осон нест ва хароҷоти бениҳоят зиёд дорад. Мантиқан пулакӣ шудани роҳ низ ба хотири сарфа намудани маблағҳои Буҷети давлат ва минбаъд равона намудани он ба самтҳои дигар, аз ҷумла, пардохти қарз, амалӣ шудааст. Ба ибораи дигар, дар заминаи шарикии Давлат ва бахши хусусӣ ин вазифа (нигоҳдории роҳ) ба зиммаи дувуми вогузор гардид. Мехоҳам ёдрас гардам, ки пули барои истифодаи роҳ пардохтнамудаи аҳолӣ барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ, беҳтар намудани инфрасохтори нигоҳдории он ва харидории техникаву механизмҳои замонавӣ харҷ мешавад. Дар давоми 15 сол собит шуд, ки пулакӣ кардани ин роҳ тадбири оқилона буда, пеш аз ҳама, барои беҳдошти ҳолати роҳи стратегии кишвар дахл дорад.
Шоистаи зикр аст, ки маҳз ба шарофати фаъолияти пурмаҳсули филиали Ширкат хатарҳои қаблан дар роҳи Душанбе – Чанок мавҷуда бартараф шуда, аҳолӣ тамоми сол аз истифодаи роҳи автомобилгарди ба меъёрҳо ҷавобгӯ бархӯрдор мебошанд. Таъмини ҳаракати бемонеаву бехатари воситаҳои нақлиёт, рушди инфрасохтори роҳҳо аз ҳадафҳои Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон буда, мо дар ин ҷода собитқадамем. Нуктаи муҳим он аст, ки «IRS» барои дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯйи талаботи бахши роҳсозӣ амалӣ намудани вазифаҳо мутахассисони болаёқат, корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таҷҳизоти замонавӣ, техникаи пуриқтидорро доро буда, аз онҳо самаранок истифода шуда истодааст. Бояд гуфт, ки фаъолияти Ширкат мисли оина ба ҳама равшан аст. Ба ибораи дигар, мо тавре фаъолият дорем, ки бурду бохт ва нақшаҳоям барои ҳама баръалост.
Харидории техникаҳои пуриқтидору замонавӣ, ки айни замон теъдодашон ба 242 адад расидааст, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, бунёди плазаҳои нав ба ҷои плазаҳои айни замон амалкунанда, ҷалби мутахассисони болаёқат барои фаъолият дар филиали Ширкат, тавсеаи равобити байналмилалӣ, густариши амалҳои хайриявӣ ва ғайра аз ҷумлаи ибтикоре мебошанд, ки дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ намудем. Илова бар ин, таъмиру таҷдид дар фаъолияти мо масъалаи меҳварӣ маҳсуб шуда, раванди давомдор аст. Ҳамасола садҳо километр роҳи мавриди назар таъмири асосӣ ва ҷорӣ шуда, ҳамрадиф бо таъмири роҳ, азнавсозии пулҳои ин масир низ дар маркази диққат қарор дорад. Ашхоси огоҳ фарқияти таъмири ҷориро аз таъмири куллӣ хуб дарк мекунанд, зеро дар раванди таъмири куллӣ роҳ қариб, ки аз нав бунёд мегардад.
Самараи мусбати чунин иқдомот имрӯз баръалост ва аҳли ҷомеа низ рӯз то рӯз моҳият, ҳадаф ва бартарии фаъолияти ширкатро бояду шояд дарк намуда истодаанд. Дар навбати худ мо тамоми кӯшишро ба харҷ хоҳем дод, то ин ки вазифаи хешро дар робита ба нигоҳдории шоҳроҳ дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ намоем.
Мустаҳкам намудани заминаи моддӣ – техникӣ тариқи харидории техникаву таҷҳизоти замонавии нигоҳдории роҳ, дар сатҳи хубтар ва сифати баландтар рощандозь намудани фаъолият, сайқал додани малакаи кормандон, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, саҳмгузорӣ дар ғановати буҷет аз нақшаҳои ояндаи мо маҳсуб меёбанд.
Дар маҷмуъ тамоми кушиш ба он равона шудааст, ки минбаъд низ – нигоҳдории роҳи Душанбе – Чаноқ сарбаландона, бо интизоми қавӣ, дар заминаи донишу малакаи муосир ва сатҳи хубу сифати баланд иҷро гардад.
Нодирҷон Сафаров,
директори филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив
Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон