29.06.1976. Дар деҳаи Булёни Болои ноҳияи Данғара ҳангоми хомӯш кардани сӯхтори ғаллазор Талбак Лолаев, механизатори Иттиҳодияи ноҳиявии «Тоҷикселхозтехника» ва Холмурод Муҳиддинов, ронандаи автобазаи махсуси рақами 2-и Иттиҳодияи республикавии «Тоҷикселхозтехника» ҷароҳати зиёд бардоштанд. Соати 2-и шаби 1 июл Талбак Лолаев дар беморхона фавтида, Холмурод Муҳиддинов пас аз 3 моҳи муолиҷа дар беморхонаи шаҳри Душанбе шифо ёфт.
Пас аз ин ҳодиса матбуоти ҷумҳурӣ ва дар маҷмуъ Иттиҳоди Шӯравӣ хабару гузориш ва мақолаҳо ба табъ расониданд. Шоирон шеъру достонҳо навиштанд, оҳангзосон ба бархе аз шеъру достонҳо оҳанг бастанд.
Ба ташкилотҳои комсомолӣ ва дружинаҳои пионерӣ номи Талбак Лолаевро гузоштанд. Пас аз чанд муддат андешаи сохтани нимпайкараи ӯ пайдо шуд.
Шуруъи кор
Рӯзе Саидҷалол Саидов, котиби Кумитаи комсомоли вилояти Кӯлоб, ки аз ҳунари пайкарасозии дӯсташ Холназар Чориев, хатмкардаи Техникуми сохмонӣ ва Институти политехникии шаҳри Душанбе огоҳ буд, ӯро сари 1 пиёла даъват карда, атрофи корномаи Талбак суҳбат ва пешниҳод мекунад, ки дар фикри сохтани нимпайкара шавад. Саидҷалол Саидов барои анҷоми ин кор Обид Раҷабовро (ёдаш ба хайр) ҳам ҷалб мекунад.
Холназар Чориев (амаки муштзани номӣ Мавзуна Чориева), ки ба тозагӣ аз хидмати сарбозӣ омада буд, дар ҳукумати шаҳри Кӯлоб ба сифати меъмор кор мекард. Он солҳо дар ин шаҳр меъморон кам буданд. Ӯ, ки солҳои хидмат нимпайкараи доҳии пролетариати ҷаҳон В. И. Ленинро барои ҳуҷраҳои ленинӣ, нимпайкараҳои маршали ғалаба Г. К. Жуков ва маршали ИҶШС ва Полша К. К. Рокоссовский ва дигар сарлашкаронро барои қисмҳои ҳарбии гуногун сохта буд, дар пайкаратарошӣ таҷриба дошт.
Пас аз тасмими ниҳоӣ гирифтан Обид Раҷабов ва Холназар Чориев ба Данғара сафар мекунанд. Ҳарду бо хонаводаи Талбак вохӯрда, дар бораи хислату рафтори ӯ суҳбат мекунанд ва якчанд аксашро ҳамроҳ гирифта ба Кӯлоб бармегарданд.
Аз гаҷ ва санг
Дар ибтидо Холназар Чориев нимпайкараро аз гаҷ сохта, пас аз пайдо кардани санги мувофиқ Обид Раҷабов онро 4 маротиба калон ва дар санг метарошад. Нимпайкара тақрибан дар 2 моҳ тайёр мешавад, ки ҳам барои хонавода ва низ ёру дӯстону мардуми ноҳия, ки Талбакро мешинохтанд, писанд меояд.
Нимпайкараи Талбак Лолаев дар озмуни пайкарасозони ҷумҳурӣ сазовори ҷои якум мегардад.
Чанде баъд Обид Раҷабов, ки котиби комсомолии Идораи сохтмонии № 15 (СУ-15)-и шаҳри Кӯлоб буд, ҳамчун вакил ба Анҷумани комсоли ҷумҳурӣ роҳхат мегирад.
Барои сохтани нимпайкара 3000 сӯм ва 1 адад телевизори ранга ҷудо мешавад, ки аз ин ба Холназар Чориев 999 сӯм мерасад. Дар он даврон ин хеле пули калон буд!
Нимпайкара ҳоло дар саҳни Муассисаи таҳсилоти умумии № 56-и Данғара гузошта шудааст.
С.Ҷумъахон
Барои ихвон ал СССР
