ОЛИМПИАДА ВА МО

Салом СССР! Имсол дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки дар ш.Париж шуда гузашт, дар қатори намояндагони 210 давлат варзишгарони тоҷик низ иштирок намуда, соҳиби 3 медал гаштанд. Аз ин намедонам, ки шод шавам ё нороҳат…

Пас аз бозиҳои асосӣ Бозиҳои параолимпӣ баргузор гашта, дар он намояндагони 180 кишвари олам иштирок намуданд, аммо нафаре аз Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок накард. Чаро?

Солҳои охир таваҷҷуҳ ба варзиш зери назари роҳбарияти олии мамлакат қарор дошта, ба соҳаи варзиш маблағҳои калон равона мегарданд. Дар дурдасттарин деҳаҳо майдончаҳои варзишӣ бунёд ёфта истодаанд, лоиҳаҳои хурду бузург роҳандозӣ гашта, ш.Душанбе мизбони чемпионатҳои ҷаҳон мегардад. Вале чаро варзишкорони мо бо ин ҳама дастгирӣ наметавонанд соҳиби медали тиллои олимпӣ гарданд? Кӣ ба ин суол посух мегӯяд?

Раҳмоналӣ Буттаев

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube