ОСОИШГОҲИ ХАРАНГОН БЕСОҲИБ АСТ?

Салом СССР-и азиз! 6 майи соли ҷорӣ моро ба кушодашавии мавсими нав ба осоишгоҳи Харангон даъват карданд. Мо 2 нафар маъюбони гуруҳи сеюм аз ш.Кӯлоб – А.Шарипов ва Ш.Бозоров дар ин чорабинӣ иштирок намудем. Кушодашавии мавсим бояд соати 10 оғоз мешуд, вале меҳмонҳо аз Агентии ҳифзи иҷтимоӣ танҳо соати 12:15 дақиқа ба осоишгоҳ расиданд. Яъне мо маъюбон аз 1  кунҷи ҷумҳурӣ дар вақту соати муайаншуда расида омадем, аммо масъулон дер карданд – зиёда аз 30 нафар дар интизори роҳбарияти агентии мазкур зери офтоби сӯзон 3 соат нишастем. Қисми расмӣ ва фарҳангӣ соати 14:15 сар шуд.

Субҳи рӯзи дигар ба ошхона даромада, ҳуш аз сарам парид:

– Субҳона аз 1 дона тухми обпаз, 1 қошуқча маскаи нофаҳмо ва 1 қошуқча шакар иборат будf, на шавла буду на ширбиринҷи лоақал бе шир…

Хӯроки нисфирӯзӣ ҳам хеле хоксорона буд:

-ним коса мастова, 3 дона мантуи серпиёз, каме салати карам ва 1 компот.

Хӯроки шом бошад умуман бемаънӣ – макаронпиёва!

Наход Агентии ҳифзи иҷтимоӣ бо ин ҳама имконият ва маблағ наметавонад барои истироҳаткунандагон, ки бо роҳхат меоянд, шароити дурусти будубош ва ошхонаи хубро фароҳам созад!?

Алихон Шарипов,

ҷанговари башардӯст,

ш. Кӯлоб,

Тел: 940600008

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube