«ЭКО – ТАКСӢ» ВА 400 ЭЛЕКТРОМОБИЛИ НАВ

Эҳсони Саидмурод, сокини ш.Душанбе бо идора тамос гирифта (тел: 2385556), гуфт, ки новобаста дар бораи хатарзо будани таксиҳои электромобил гуфтанҳо, дар ш. Душанбе ширкати нави таксӣ, ки аз сирф электромобилҳо иборат аст, ба фаъолият шуруъ намуд.

– “Эко Таксӣ” бо 400 электромобил ба фаъолияти мусофирбарии кироявӣ шуруъ кард. Яъне, боз 400 таксӣ – электромобил ба кӯчаҳои пойтахт ба хизмат баромаданд. Ин таксиҳоро метавон бо рақами 90-90 фармоиш дод. Маълум, ки таксиҳои нав бозори таксиҳои зардро танг мекунанд. Аз ин бармеояд, ки соҳибони таксиҳои зард ҳарчӣ зудтар бояд таксиҳои худро фурӯшанд.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube