РЕЗААХБОР

Мақомоти тафтишотии Додситони кулли Тоҷикистон муҳлати таҳқиқоти парвандаҳои мудири беморхонаи “Ибни Сино” Абдухалил Холиқзода, муаллифи китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” ва Абдуқодири Рустам – нависанда ва муҳаққиқ, масъули шӯъбаи кадрҳои бемористони “Ибни Сино”-ро то 2 моҳи дигар тамдид кард.

***

Амир Муҳаммадризо Оштиёнӣ, вазири дифоъ ва ҳимояти нерӯҳои мусаллаҳи Эрон барои баррасии масоили амниятӣ ва дифоии 2 кишвар ба Тоҷикистон омад.

***

Дар Тоҷикистон то охири соли 2023 бори сеюм Китоби сурх нашр мешавад, ки  304 намуди растанӣ ва 253 намуди ҳайвоноти нодире, ки зери хатари нобудшавӣ қарор доранд, ба он дохил ва баъзе намуди наботот ва ҳайвонот, бинобар сабаби пурра нобуд шудан, аз китоб хориҷ карда мешаванд.

***

Дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 826 садамаи нақлиётӣ рух дод, ки дар натиҷа 389 нафар ба ҳалокат расида, 860 кас ҷароҳат бардошт…

  

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube