Салом ба СССР-и азиз! Дар деҳаи Сайроб бо дастгирии раиси нави н.Ҳамадонӣ Нурулло Мирзозода дар масоҳати 1200 метр қубури обгузари қутраш 63 мм хати обгузари нӯшокӣ барои 70 хоҷагӣ кашида шуд. Барои ин амали нек мо аз раиси ноҳия сипосгузорем!
Вале бо гузашти муддати начандон зиёд фишори об пастшуда, имрӯз он на ба ҳамаи аҳолӣ мерасад. Мардум аз оби ошомиданӣ сарфакорона истифода накарда, аз ҳамон об ба гулу гиёҳу сабзавоти ҳалиашон медиҳанд, ки дуруст нест.
Ба сардори бахши тақсимоти оби ноҳия Сорбон Сатторов чанд маротиба дар ин бора шикоят кардам, лек ӯ мегӯяд, ки назоратчиву ҳуқуқшинос надорем, ки ин корро назорат кунад.
Хуб мешуд, агар бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва лоиҳаву барномаҳои дигари давлатӣ дар деҳаи мо барои бунёди 1 манораи баландфишор чоҳи амудӣ канда шавад. Танҳо пас аз ин кор мардум пурра бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин мегарданд.
Бозоралӣ Сабуров,
раиси маҳаллаи навбунёди деҳаи Сайроб,
н.Ҳамадонӣ
