ЛИМИТ ТАНҲО БАРОИ МАРДУМИ ДЕҲОТ?

Ҳафтаи гузашта ҶСК “Барқи тоҷик” мардумро ҳушдор дод, ки таҳаммулпазир бошанду қувваи барқро сарфакорона истифода намоянд. Зеро бо сабаби анҷом додани корҳои таъмиру профилактикӣ дар кишвар меъёри истифодаи он роҳандозӣ шудааст, яъне лимити барқ ҷорӣ гашт. Лимите, ки тайи 6 соли ахир миллат фаромӯш карда буд, Барқи Тоҷик боз ба мо баргардонид! Ана инро пешравӣ дар соҳа мегӯянд…

 

Аз ҳамон печкаҳои бобоӣ намонем!

Бо фаро расидани фасли сармо сарбориҳои мардуми деҳот ҳам оғоз меёбад. Имрӯзҳо чуноне мушоҳида мешавад, дар аксар деҳоти вилояти Хатлон лимит аллакай ҷористу мардум аз бебарқӣ ва надоштани барқи кофӣ боз ба ҳамон таппаку печҳои аловии бобоии худ руй овардаанд.

Гулафзо Саломова, 1 сокини ноҳияи Вахш, ки дар деҳот зист дорад, аз он гиламанд аст, ки чаро лимит танҳо дар деҳот аст?

    – Тирамоҳ, зимистон фаслҳои хубанд, аммо аз надоштани барқ, ки дар деҳот аслан лимит ҷорӣ мегардад, ин фаслҳо дар назарамон дилгиркунанда шудаанд. Умуман гирем, ҷое, ки барқ аст, равшанӣ аст, гармӣ аст, шодӣ аст. Аммо мардуми деҳотро надоштани барқи кофӣ, ки аслан дар ин фаслҳо азият медиҳанд, нигарон кардааст. Дигар намедонем чи кор кунем. Аз ҳамон печкаҳои аловӣ намонем! Ҳамин ки соат 8 -и субҳ шуд тамом дигар барқ нест. То соати 17 баъзан то 17:30 аз барқ дарак нест, – мегӯяд Гулафзо Саломова.

 

Иқдоми «Барқи тоҷик» ва ҳазрати ҳезум

Нусратуллои Хайриддин, сокини ноҳияи Кушониён мегӯяд, ки сар аз 28.09.2023 лимити қувваи барқ барои онҳо ҳам ҷорист.

Аммо чаро лимит – меъёри истифодаи қувваи барқ дар марказҳо дида намешавад? Сабабашро моиқдомҳо“-и ҳамасолаи «Барқи тоҷик» мепиндорем. Мо ба ҳамин ширкати бонуфузи Ватанӣ ҳам савол доданӣ ҳастем, ки лимити қувваи барқ танҳо ва танҳо дар деҳаву маҳаллаҳои дур аз марказҳо анҷом дода мешавад?! 

Мусоҳиби ман ҳайрон аст, ки чаро 2 сол паиҳам, аввал андаке дертар ва акнун ҳатто дар рӯзҳои гармтарини тирамоҳ лимитро ҷорӣ кардаанд:

-Соли пор ҳам ҳамин ҳолро доштем. Бо нархи гарон ангишту ҳезум захира намуда, онро то саршавии зимистон истифода кардем. Дар ҳама ҷой анқариб аз чунин маводи сӯхт истифода карда, зимистонро бо азобе паси сар намудему ба гармиҳо расидем. Хайрият дар фасли баҳор барқ фаровон шуда, сарбориҳои мардум хотима ёфт. Ба мо гуфтанд, ки аз лампаҳои каммасраф истифода баред, чунки барои дар фасли зимистон барқ доштан мусоидат мекунад. Мо ҳамагӣ ҳамин тавр кардем, лек ҳоло сармо наомада, аллакай барқи кофӣ надорем, – таъкид дошт Нусратуллои Хайриддин.

 

 Касе шикоят накардааст

Вилояти Хатлон минтақаи аграрии мамлакат ҳисобида мешавад. Ва ин аст, ки қисмати зиёди аҳолии ин вилояти калонтарини ҷумҳурӣ барои ҳосили хуб ба даст овардан аз насосҳои обкашӣ истифода мебаранд. Аммо агар барқ набошад, тақдири ҳосил чӣ мешавад? Мо барои посухи аниқ пайдо кардан ба ин суол ба Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Хатлон муроҷеъ шудем.

Тавре дар сӯҳбат муовини сардори ин ниҳод, Оятулло Умаров иброз дошт, дар мавсими обёрии соли равон дар ҳудуди 25 шаҳру навоҳии вилоят 277 ҳазору 310 га хоҷагидорон ва истифодабарандагонро бо оби полезӣ таъмин намудаанд.

Мавсуф зикр намуд, ки дар мавсими обёрии имсола дар вилоят аз 250 то 270 агрегат тибқи дархости хоҷагидорон омодаи кор аст. Ва то инҷониб хоҷагидорон ба ин идора оид ба бо оби полезӣ таъмин нагаштан ва ё норасии обҳои худҷорӣ шикоят накардаанд.

Аҷиб… Чаро кишоварзони Хатлонӣ аз набудани қувваи барқ шикоят намекунанд ва ё ба тақдир тан додаанд? Ё аз шикоят кардану посухи рад шунидан хомуширо авлотар медонанд?!

Ва ин ҳам дар ҳолест, ки калонтарин обанбору нерӯгоҳҳои кишвар – НБО «Норак», НБО «Сарбанд», НБО «Бойғозӣ», НБО Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2 маҳз дар вилояти Хатлон воқеанду шабонарӯзӣ нерӯи барқ истеҳсол мекунанд.

Вале агар ин барқ барои хатлониҳо нест, пас барои кист? Суолест риторикӣ, ки посухи расмӣ мехоҳад…

 

Нуриддин Қосимзода, СССР,

вилояти Хатлон

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube