РЕЗААХБОР

– 22.12.2023. Дар Душанбе «Дунёи ош» ифтитоҳ гардид, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамто надорад. Муборакамон бод!

 – 23.12.2023.  Гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузорӣ ва таъйини сарҳади давлатии байни кишварҳо дар арафаи соли нави милодӣ боз 11,88 км сарҳади давлатии 2 кишварро мувофиқа намуданд.

– 25.12.2023. Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Сементи тоҷик” расман эълон кард, ки корашро қатъ мекунад ва Семзаводи Душанбе баста мешавад. Ураа, рафиқон!

– 31.12.2023. Дар майдони “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе ба ифтихори фарорасии Соли нави мелодии 2024 консерти идона ва мушакпарронӣ (фейерверк)-и солинавӣ баргузор мешавад. Соли нав муборак!

  – 01.01.2024. Маблағи пардохти андоз аз воситаҳои нақлиёт ба андозаи 5,88% зиёд мешавад, ки ба болоравии нишондиҳанда барои ҳисобҳо вобаста буда, дар соли нав он аз 68 сомонӣ то ба 72 сомонӣ боло меравад.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube