«РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ-РӮЗИ ЗАБОНИ ОРИЁН!»

Аз СССР: Тоҷикистон ягона республикаи советии сотсиалистиест, ки қабл аз Истиқлоли Давлатӣ нухбагон, интеллигенсияи ҷонфидо ва зиёиёни сарбадор Забонашро озодӣ бахшидаанд. Рӯҳи он сарсупурдаҳо шод. Истиқлоли Забони давлатии мо 35 сола шуд. Мо Метавонем!

 Дар нимаи дуюми солҳои 80-уми асри ХХ баъд аз саршавии равандҳои демократикунонии ҷомеа ва ба истиллоҳ ошкорбаёнии «горбачёвӣ» дар субъектҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ҷунбишу созмонҳои миллӣдемократӣ фаъол гардиданд. Сиёсати ошкорбаёнӣ имконият фароҳам овард, ки камбудиҳои сиёсати коммунистии замони шӯравӣ оид ба масъалаи баробарҳуқуқии миллатҳои СССР дар ҷомеа баррасӣ ва муҳокима шаванд.

 

РСС Тоҷикистон дар СССР №1 шуд!!!

Дар Тоҷикистон низ масъалаи асосӣ ва то андозае бедории миллатро ба вуҷуд оваранда, муайян намудани мақоми забони тоҷикӣ дар ҷомеа гардид. Бояд гуфт, ки дар давоми солҳои зиёде  масъалаи мақоми забони тоҷикӣ дар ҷомеа ягон маротиба дар сатҳи роҳбарикунандаи ҳизбию давлатӣ ва муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор нагирифта буд.Чунин беназмиву беэътиноӣ  нисбати забони аслии ҷумҳурӣ фикр мекунам, аслан аз ҳамон пленуми таърихии санаи 12.04.1961  ва аз вазифаҳо барканор шудани роҳбарияти олии  ҷумҳурӣ бо гуноҳҳои набуда ва баъдан «сиёсати ковали» -и  солҳои 60-уми асри пор (Ковал муншии  дуюми КМ ПК  ҶШС Тоҷикистон) маншаъ мегирад . Бояд гуфт, ки ба ин муншиёни ба истиллоҳ дуюми ҷумҳурӣ (фиристодагони Кремл) ашхоси то андозае манқурт ва дур аз фаҳмиши фарҳангу забони модарӣ ва бахусус муншиёни соҳаи идеологӣ дасту остин барзада ёрӣ мерасониданд!

Ин қабил ашхоси мансабдори давр, сиёсати русикунонии ҷомеаи ҷумҳуриро бевосита, бо нишондоди роҳбарияти онвақтаи шӯравию болшевикӣ амалӣ мегардониданд. Дар натиҷаи ин гуна сиёсати якҷониба мавқеи забони тоҷикӣ маҳдуд гардида, вазифаҳои ҷамъиятиву тарбиявӣ ва маърифативу фарҳангии он дар ҷомеаи тоҷикон коста гардид.

 

Интеллигенсия ба майдон мебарояд!

Маротибаи аввалин ба таври нимпинҳонӣ масъалаи аҳволи афсурдаи забони тоҷикӣ ҳанӯз моҳи майи соли 1987 бо иштироки президенти онвақтаи Академияи фанҳои кишвар, устод Муҳаммад Осимӣ ба вуқӯъ пайваст. Шодравон тағои бузугворам, ховаршиноси маъруфи миллат Амрияздон Алимардонов иштирокчии ин ҷалласаи ба ном пинҳонии Академияи фанҳои кишвар ҳамон вақт ба мо дар ин хусус гуфта буд. Он вақт, соли 1987 дар ин ҷалласаи махфӣ 1  масъала будааст:

Чи бояд, кард, ки забони тоҷикиро аз маҳшавии бесобиқаю то рафт ба доманаи ғорҳои танги кӯҳистон, танг карда бурданаш наҷот бахшем.

Ана ҳамин муаммои онвақта боиси эҳё гардидани ҳисси миллии халқи тоҷик гардид. Дар давраҳои баъдина ёд дорам дар тамоми гӯшаву канори ватанамон мардум дар маҷлисҳо, ба воситаи матбуот, оинаи нилгун ва радио, дар кӯчаю паскӯчаҳо, қади роҳ андешаҳои худро оид ба мақоми забони тоҷикӣ ба таври озод баён менамуданд. Гарчанде баъзеҳо талаб мекарданд, ки дар баробари забони тоҷикӣ ба забони русӣ ҳам мақоми давлатӣ дода шавад. Дар ин байн кам набуданд ба ном «зиёиёни тоҷикӣ», ки зидди забони тоҷикӣ буданд. Ҳоло ҳам ҳастанд!!!

Забони Тоҷикӣ озод ва давлатӣ шуд!!!

22.07.1989. Дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қонуни забони тоҷикӣ (форсӣ)» қабул карда шуд. Тибқи қонун забони тоҷикӣ (форсӣ) дар ҷумҳурӣ мақоми давлатиро гирифт. Аз соли 1989 то соли 2009 дар ҷумҳурӣ 22-юми июл ҳамчун «Рӯзи забон» ҷашн гирифта мешуд.  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади минбаъд такмил додани қонунгузории ҷорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул карда,  5-уми октябри соли 2009 баъд аз имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни мазкур қабул гардид. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйирот дароварда, рӯзи 5-уми октябр Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.10.2009 с. №699) эълон шуд.

Тайи ҳазорсолаҳо шоирону муттафакирон, олимону донишмандони гузаштаи мо, аз ҷумла Рӯдакиву Ибни Сино, Фирдавсиву Дақиқӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Саъдиву Ҳофиз, Ҳилолӣ Бедил, Зебунисо, Муҳаммад Иқболу Лоҳутӣ ва дигарон бо ин забони нобу беолоиш асарҳо эъҷод кардаанд, ки боиси ифтихор ва сарбаландӣ мо меросбарон мебошанд.

 

Бе забон давлат нест!

Забон яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ба шумор рафта, муаррифгари миллат мебошад. Имрӯзҳо бо забони тоҷикии форсӣ 150 миллион нафар одамон  муошират менамоянд, ки дар Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Афғонистон, Эрон, Аврупо, Амрико ва Покистони Хитой маскунанд.

Бо забони мо, забони аҳли биҳишт (ҳадиси пайғамбари ислом «Забони аҳли биҳишт арабиву форсист») имрӯз дар доираи ҷаҳонӣ, дар кишварҳои зиёди олам арҷ гузошта мешавад ва он яке аз забонҳои кории СММ низ арзёбӣ мегардад.!

Асосгузори сулҳу ваҳдат -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба забони давлатии кишвар, арҷи зиёде гузошта, барои першравию рушди ин забони машҳури олам, забоне, ки дар як давраи тӯлонии таърихӣ нақши забони имрӯзаи англисиро мебозид, аҳамияти хосае медиҳад. Натиҷаи чунин сиёсат ҳаст, ки имрӯз бо гузашти солҳо, баъди пошхӯрии империяи шӯравӣ, забони ноби тоҷикӣ боз ба тахти баланду сазовори худ баргашт ва то андозаи назаррас рушду инкишоф ёфт.

 

Душман дар камин аст!!!

Дар пешорӯи ҷангҳои идеологӣ, ки мақсад азони худ намудани тамадуни 1000 соли охири бо забони форсии Осиёи Миёна эҷоднамудаи мардуми тоҷиктабори минтақа аст, душманону бадхоҳони миллати мо ҳатто ба олимоне чун Имом Абу Ҳанифаи Куфӣ, Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Ал-Форобӣ,  Фирдавсӣ, Сино, Берунӣ, Ал-Хоразмӣ, Низомӣ, Мавлои Рум,  Зардушт ва нахусткитоби мардуми порситабор «Авасто», қаҳрамонони миллии мо Томирис, Спитамен, Маҳмуди Торобӣ, Паҳлавон Маҳмуд ва дигарон даст зада, аз камҷуръатии аҳли зиёи кишвар хело шерак шуда, нашармида, ҳатто  забони суғдиву бохтариву хоразмии соф ирониро азони худ кардан мехоҳанд, мубориза бояд бурд. Кор то он дараҷа расидааст, ки  ҳатто дар сабадчаи бо дастхатҳои суғдӣ  аз тарафи чӯпон Ҷӯраалӣ расо 91 сол пеш  дар водии Зарафшон ёфташуда, нишонаҳои ҳамоҳангии хати суғдиро бо туркию аз онҳо будани ин хату ин забонро ба «исбот» расониданӣ мешаванд.Аз ин рӯ  бояд чораҳои зудамал андешид.

Сиёсати ҷаҳонишавӣ ва афсонасозиву аз худ халқи қадима сохтани ҳамсоягони гирду пеш, руҷӯи пантуркизм ва тариқи расонаҳои ҷаҳонӣ моли худ эълом кардани нухбагони тоҷик ва фарҳанги иронии минтақаи Осиёи Миёна зиёда аз 30 сол боз давом дорад ва мо вазифадорем, ки истилоҳи барои ҳар 1 тоҷик муқаддасӣ «Тоҷикӣ-дарӣ-форсӣ»-ро чун гавҳараки чашм азиз дорем.

Забони мо беҳтарин ганҷинаи миллати мост ва мо бояд ин забони биҳиштиро пос нигоҳ дорем ва онро дӯст дорему шево ва зебо бо он сухан кунем.

Дар ҳадду сарҳадшиносии ҷаҳон
Сар
ҳади тоҷик забони тоҷик аст,
То забон дорад ватандор аст
ӯ,
То забондор аст, бисёр аст
ӯ…

 

Варқаи Зайниддин,

Ёвари калони прокурори

вилояти Хатлон,

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube