ТАРОНАҲОИ ҲАЗИН ВА РАҚСҲОИ ШОД

Таронаҳои орӣ аз маънӣ, клипҳои берабт ба мазмуни таронаҳо, бадал гаштани эстрада ба тӯёнахонӣ, занона хондани мардону мардона хондани занони сароянда танҳо дарди эстрадаи имрӯзи тоҷик нестанд, балки ҳоло гиребони ин соҳаи санъати овозхониро дар Тоҷикистон маризии дигаре гирифтааст, ки ба рақси дастаҳои рақсӣ дар ҳавои таронаҳои ба ном ситораҳои эстрадаи тоҷик рабт дорад.

Албатта, ба саҳна гузоштани рақси якка ё гурӯҳӣ дар вақти иҷрои таронаҳои сарояндагон кори баде нест. Вале муҳим он аст, ки рақси таҳияшуда бояд бозгӯкунандаи ҳолу ҳаво ва муҳтавои тарона бошад. Мутаасифона, имрӯзҳо ба ин ҷузъёт ва риояи касбият дар соҳаи рақс ва сарояндагӣ хеле кам диққат дода мешавад. Қисми зиёде аз сарояндагони мо, ки завқи шинохти рақси мувофиқро надоранд, ба балетмейстерон ҷиҳати гузоштани рақси ба муҳтавои тарона қарин ғояи ҷолибе дода наметавонанд. Бо истифода аз ин “фурсати муносиб” роҳбарони дастаҳои рақсӣ аз сарояндагон барои таҳияи рақс дар ҳавои таронаҳояшон пул меситонанду бо либосу ҳаракатҳои такрор рақсҳоеро ба саҳна мегузоранд, ки бо таронаи мавриди иҷро умуман ҳамхонӣ надоранд.

 

Афтиши озоду ҷастухези «Падида»

Таҳқиқи чаҳор соли охири мо нишон дод, ки аз миёни чанд дастаи рақсии мустақар дар шаҳри Душанбе сарояндагони вазъи молиявияшон нисбатан беҳтар аз ҳунари Ансамбли рақсии “Падида” истифода мебаранд, ки дар ин ҳайат ҷавонмарди раққосе бо номи Муҳаммад фаъолият мекунад. Шояд рақсе, ки бо ҳузури ӯ таҳия мешавад, қиммати бештаре дошта бошад, зеро ӯ бо афтидану хестанҳои рабтнадоштааш ба мазмуни тарона таваҷҷуҳи тамошобини имрӯзи моро, ки аксарашон завқи баланд андар интихоби таронаҳои шоиста надоранд, ба худ ҷалб мекунад.

Ахиран ҳатто Нурофар ном сарояндаи ҳарзасаро дар саҳна чӣ, дар клипаш аз рақси ин ҷавон истифода кардааст, ки миёни ишваҳои сарояндазан ва марди раққос тафовути камтар вуҷуд дорад.

Барои бахши бузурги сарояндагони имрӯзи мо дигар муҳим нест, ки таронаи сароидаашон рақсро талаб мекунад ё не. Ҳатто, аҳамият надорад, ки дар ҳавои замзамаҳояшон бояд 1 тан бирақсад ё дастаи рақсие. Муҳим он аст, ки саҳна пур аз раққоса бошад ва чеҳраашон дар миёни гулдухтарони раққоса дида шавад. Ана ин аст, мояи ифтихор барои “ситораҳо”-и мо.

Ин иттифоқ бештар дар барномаҳои консертии саҳнавӣ меуфтад. Барномаҳое, ки ба муносибати ҷашну идҳои хос таҳия гаштаву тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд. Дар ин айём сарояндагони мо сертараддуданд. Талош мекунанд, ки зудтар таронаашонро банду баст кунанду барои рақсгузорӣ биспоранд ба дастаи рақсие, ки иборат аз 20-30 нафар раққосаҳои хушхиром бошад. Дар миёни хушхиромони раққоса будан барои аксар аз сарояндагони эстрадаи мо беҳтару афзалтар аз он аст, ки матнҳои пурмаъно сароянд. Чӣ анъанае, ки санъати эстрадаро ба коми нобудӣ мебарад.

 

Фалаки ҳазин суруди шӯх шуд

Маълум аст, ки дар ҳар наво метавон рақсид. Вале ҳар рақс бояд мутобиқ ба мусиқие бошад, ки рақс дар он гузошта мешавад. Яъне, рақс ҳам забони хоси худро дорад, ки ҳунарманди он бо ҳаракатҳои дасту пой ва қошу чашм бо тамошобин ҳарф мезанад. Вале имрӯз сарояндагонеро метавон дар саҳна дид, ки ғамномаҳоро дар ҳавои навоҳои базмӣ месароянд. Раққосаҳои ин гуна таронаҳо ба мазмуни тарона сарфаҳм нарафта, ё тамоман диққат надода, дар саҳна абрӯпарон шодоб мерақсанд. Чанд сол қабл таронаи академии машҳури “Чину чин”-и шодравон Аҳмад Бобоқуллов аз ҷониби чанд сарояндаи тоҷик, аз ҷумла Меҳринигори Рустам бо шеваи омехтаи халқиву эстрадӣ сароида шуд. Сароянда дар саҳна мисраҳои зерини дар асл ғамбору номаи шиква аз ғурбатро чунон хандону ҷилвакунон месароид, ки гӯӣ васфи рӯи ёрро дорад:

Чархо, фалако маро ба чарх овардӣ,

Кӯлоб будам, маро ба Балх овардӣ.

Кӯлоб будам оби ширин мехӯрдам,

Саргашта маро ба оби талх овардӣ.

Ҳатто раққосаҳо ба қавле “чашмашон напарида” бо ҷилваҳои берабт рақси мавзун мекарданд, ки асаре аз ғурбат дар ишораи дастону ваҷоҳати рӯяшон намудор набуд.

 

Раққосаборон чӣ маънӣ дорад

Шоири тоҷик Искандари Раҳмонро ин манзара нигарон кардааст, ки бо таассуф чунин назарҳоро иброз медорад:

Ба 1 чиз ҳайрон мешавам: оё шарт аст, ки ба ҳар суруди овозхонҳои мо даҳҳо духтар якбора рӯйи саҳна бирақсанд? Солҳои пеш 1 раққоса кофӣ буд. Малика Қаландарова, Хайринисо Ватанова ва чанд раққосаро ном ба ном мешинохтем. Ҳоло якбора 20-30 раққоса мебарояд, намедонӣ, инҳо кистанд? Телевизион барои он ки раққосаҳо ба кадр афтанд, аз дуртар навор мегирад, дар натиҷа ҳар раққоса баробари мӯрча метобад ба чашмҳо. Ҳамин кор чӣ маънӣ дорад?”.

Агар ба ин назарҳо амиқ биандешем, дармеёбем, ки ҳоло чеҳраҳои хоси рақсӣ надорем. Масалан, шодравон Парда Қосим бо 1 раққоса (Дилшода) чунон саҳнаҳоро гарм мекард, ки тарона, ҳаракатҳои сароянда ва раққоса ба ҳам ҷӯр мешуданд. Вале имрӯз дар 1 саҳна ҳатто беш аз 20 раққоса мерақсад, ки ҳеҷ умумиятро наметавон миёни тарона ва рақси басаҳнагузошташуда пайдо кард. Сароянда васфи рӯи 1 санамро мекунад, вале дар саҳна санамҳои зиёде рақсидан доранд, ки тамошобин санами сарояндаро миёни ин ҳама чеҳраҳои қашангу дилрабо мушаххас карда наметавонад.

Албатта, дар ҳар навъ тарона метавон рақсид. Ҳатто, дар таронаҳои ҳазин. Вале дар ҳар тарона бо назардошти муҳтавои он мебояд рақсид. Намешавад, ки дар ҳавои таронаи ҳазин шӯху шодоб беш аз 10 ё 20 гулдухтар бирақсад.

Пештар танҳо рақсҳои гурӯҳиро дар қолаби сюитаҳои рақсӣ иҷро мекарданд, ки ҳоло аҳён-аҳён чунин навъи рақсро метавон дар қисмати фарҳангии чорабиниҳои давлатӣ мушоҳида кард. Дар ин гуна рақсҳо бештар чанд сароянда суруд иҷро мекунанд, ки рақсҳои гурӯҳӣ гузоштан хоси чунин бахшҳои фарҳангист. Аммо ҳоло дар айни рақсгузорӣ ба мазмуни тарона камтар диққат дода мешавад. Тамошобин маҷбур мешавад, ки сарояндаро аз миёни анбуҳи рақосаҳо биполад.

 

Раққос ва раққоса фарқ доранд?

Намедонам чаро сарояндагони мо фикр мекунанд, ки саҳнаи пур аз раққоса боиси боло рафтани мақоми ҳунарии эшон мегардад. Мутаассифона, мисли он, ки миёни муҳтавои клипу таронаҳои сарояндагон қаробат вуҷуд надорад, дар ҳавои сурудҳои “ситораҳои эстрадаи тоҷик” ба чӣ шева рақс гузоштан ҳам мушаххас нашудааст.

Ҳамин аст, ки мардон занона мерақсанд, дар ҳавои таронаҳои ғамбор рақсҳои шод гузошта мешавад, либосҳои рақсӣ ба муҳтавои тарона мувофиқ нестанд ва чанд мушкилоти дигаре дар ин самт пайдо шудаааст. Мушкилоте, ки мутахассисони асили маънифаҳм дар ҳаллу фасли он талош карда метавонанд, вале танҳо дар ҳоле ки ниҳодҳои дахлдор ба ин ва дигар мушкилоти соҳаи фарҳанг расидагӣ намоянд.

 

Бахтиёр РАҲМОНИЁН,

журналист

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube