Рӯзи чоршанбеи гузашта сармуҳаррир қомат алам карду гуфт, ки ин дов барои шумора (ҳо)-и оянда аз боби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинависед. Гуфтам, дар бораашон ончунон нигоштаанд, ки ба мо чӣ расад?!…
Дар бораи супориши навбатӣ андешидам. Рӯзгори сиву се соли ахири хешро дар шаҳри Душанбе варақ гардондам. Чор соли мухбири парлумон (1991-1995) дар Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкати бевосита дар ситоди асосии интихоботи президентӣ (штаби Эмомалӣ Раҳмон) дар соли 1994, қариб се сола корӣ дар котиботи Сардори давлат (1995-1997), понздаҳ соли масъулият ба симати муовини директори Маҷмааи «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 1997 ба ин сӯ) ва чанд лаҳзаи дигарро дар майнаам чархондам ва порае чанд ба зевари табъ кашидам. Албатта на ҳамаашро.
Агар бигӯем, ки нигоштаи мо як навъ гулчини рӯзгор ва фаъолияти Президенти муҳтарами Тоҷикистон аст, хато нахоҳад шуд. Он чи ки зикр наёфт, умр боқӣ бошад, боз хоҳем гуфт. Зеро дар хазина лаҳзаву воқеаҳои ёдмон зиёданд. Танҳо ҳаминашро ошкор мекунам, ки накӯ хоҳам гуфт. Чун Сарвари давлатмарди мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон накукору накухоҳу некрафтор аст. Ӯ соҳиби мост, соҳиби тоҷикону мулки тоҷикони дунё. Давлатмардест соҳибадолату соҳибафсар, соҳибдавлату соҳибзавқ, соҳибиқбол, соҳибиқтидор…, аст… Хуш ба ҳолашон!
***
Эмомалӣ Раҳмон 5-уми октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғара, дар хонаводаи марди деҳқон дида ба дунё кушодааст. Миллаташ тоҷик…
Арбоби давлатӣ ва ҷамъиятиву сиёсӣ. Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Сарвари давлат, аз 19.11.1992 то 6.11.1994). Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 6.11.1994), Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш (1995), раиси Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон (аз соли 1998), Қаҳрамони Тоҷикистон (1999).

ДАНҒАРА
Эмомалӣ Раҳмон мактаби миёнаи №7-и ба номи «Комсомол»-и ноҳияи Данғара (1968), Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №40, шаҳри Калининобод (Сарбанд, Леваканд, 6.11.1969), шуъбаи ғоибонаи факултаи иқтисодии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро хатм кардааст (1982).
Хизмати ҳарбиро дар Флоти ҳарбӣ-баҳрии Уқёнуси Ороми Қувваҳои мусаллаҳи СССР ба ҷо овардааст (1971-1974).
Фаъолияти меҳнатӣ: устои барқи Коргоҳи равғанкашии шаҳри Бохтар (1969-1971, 1974-1976), котиби раёсат ва раиси Кумитаи иттифоқи касабаи колхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара (1976-1986), инструктори Кумитаи ПК (райкоми) ноҳияи Данғара (1986-1987), директори совхози ба номи В.И. Ленини ноҳияи Данғара (1987-1992).
КӮЛОБ – ХУҶАНД
Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 1992 раиси Комиҷроияи Шурои намояндагони халқи вилояти Кӯлобинтихоб шуда, то моҳи ноябри соли 1992 дар ин вазифа масъулият дошт.
Мавсуф 19-уми ноябри соли 1992 дар Сессияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри бостонии Хуҷанд Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Сарвари давлат) интихоб гардид…
ДУШАНБЕ-ТОҶИКИСТОН
Эмомалӣ Раҳмон 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйдиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Баъдан 6-уми ноябри соли 1999 бори дувум, 6-уми ноябри соли 2006 маротибаи савум, 6-уми ноябри соли 2013 маротибаи чорум, 11-уми октябри соли 2020 маротибаи панҷум ба ҳамин мансаби олӣ интихоб шуданд.
Солҳои 1990-1994 намояндаи мардумӣ дар Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати 12-ум) интихоб гардидаанд.
НОАМНӢ
Эмомалӣ Раҳмон пош хӯрдани давлати абарқудрати СССР – ро ҳини фаъолият дар вазифаи директори совхози ба номи В.И. Ленини ноҳияи Данғара дарёб карданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 1991 ҳамчун Ҷумҳурии соҳибистиқлол роҳи мустақилонаи тараққиётро ихтиёр кард. Аммо ин роҳ аз рӯзҳову моҳҳои аввал ба кишвар сангин уфтод. Мамлакат ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ ғалтид. Дар авҷи нобасомониҳо, овони ниҳоят мураккабу хатарзои сиёсии кишвар, ки сохтори идоракунии давлат ва иқтисодиёт пурра фалаҷ гардида буд, давлатмарди ҷавони баиқбол Эмомалӣ Раҳмон вазифаи фавқулода муҳим – сарварии давлати ба хоку хун оғӯштаро ба уҳда гирифт.
Дар Сессияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри бостонии Хуҷанд (16 ноябр – 2 декабри соли 1992) баъди Сарвари давлат, Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудан, раҳбари ҷавони мамлакат барномаи сиёсии хешро ба таври возеҳ иброз намуд…
Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасорати хоси сиёсӣ дар давраи басо мураккаб роҳбарии мамлакатро бар дӯш гирифт ва чун сиёсатмадори дурандеш ташаккул ёфта, ба таври назаррас касби камол намуд ва фазилатҳои хоси роҳбари миқёси ҷаҳониро молик шуд.
МУБОРИЗ
Эмомалӣ Раҳмон қабл аз ба маснади олӣ расидан ва оғози музокирот, ҳини вакили мардумӣ дар Шурои Олии ҷумҳурӣ ва раиси Комиҷроияи вилояти Кӯлоб будан, барои пешгирии ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар бо тамоми масъулият мубориза мебурд. Дар тамоми ҷаласаҳои Шурои Олӣ андешаҳои хешро бар зидди фикру мулоҳизаҳои намояндаҳои мардумии мухолиф ошкоро баён мекард.
Соли 1992 ду маротиба ба шаҳри Бишкек сафар намуда, бо Президенти Қирғизистон мулоқот намуда, кӯшиш ба харҷ дод, ки тавассути дастгирии ин ҷумҳурии ҳамсоя таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба буҳрони сиёсии Тоҷикистон ҷалб созад…

МУЗОКИРОТ
Эмомалӣ Раҳмон сар аз музокирот – вохӯрии нахустини ҳайати ҳукуматӣ бо намояндагони мухолифини тоҷик дар шаҳри Москва (5 -19 – уми апрели соли 1994) саъю талоши зиёде анҷом дод. Музокироти пурсамари байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик (ИМТ) қабл аз ҳама бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, дар роҳи истиқрори сулҳ дар ҷумҳурӣ, қатъ намудани амалиёти ҳарбӣ, дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, ҳалли масъалаи гурезаҳо ва ризояти миллӣ оғоз гардидааст.
Дар натиҷа бо миёнаравии Созмони Милали Муттаҳид ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия ин вохӯрӣ ба вуқуъ пайваст.
Ин оғози кори сарнавиштсоз ба сӯи мақсади деринтизор-таъмини сулҳу субот ва пойдор мондани ҳамдигарфаҳмӣ дар байни сокинони мамлакат буд.
Ниҳоят пас аз 3 солу 3 моҳ ва беш аз 20 мулоқот (Сарвари давлат дар 7 даври музокирот бевосита иштирок дошт), 27- уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМТ ба имзо расонда шуд…
СОЗИШ
Эмомалӣ Раҳмон, сарвари тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали интихоб шудан, дар соли 1992 иброз дошта буданд:
«Баҳри истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ва бозгашти ҳамаи гурезаҳо ман тайёрам ҷони худро нисор кунам».
Таърихи башар ҷангҳои шаҳрвандии зиёдеро ёд дорад, ки аз он давлатҳо фавҷ-фавҷи гурезаҳову муҳоҷирон тарки хонаву манзил, ватани худ карда буданд. Аммо ҳиҷ яке аз сарварон ин кишварҳо пас аз хотима ёфтани низоъҳо барои баргардондани гурезаҳо – мардуми хеш заррае талош наварзидаанд…
Аммо Президенти муҳтарами Тоҷикистон, шахсияти оламшумул Эмомалӣ Раҳмон ба ин муваффақ шуд, ки тавассути дар сохторҳои ҳукуматӣ дохил намудани намояндаҳои мухолифин вазъи дохилии кишварро ба эътидол (низом) биёрад. Чунин созиш-таҷриба дар идоракунии давлат ва Ҳукумат аз ҷониби бисёр сиёсатмадорони хориҷӣ дастгирии ҳамаҷониба ёфт.
***
Эмомалӣ Раҳмон баъди ба даст овардани истиқрори сулҳ ва суботи ҷомеа раванди боз ҳам душвору мураккаб – мустаҳкамсозии давлатдории миллӣ ва ҳамчун як воҳиди мустақил батадриҷ пайвастани мамлакат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯшиши зиёде ба харҷ доданд.
Солҳое, ки Тоҷикистон акнун пояҳои истиқлолияти давлатии худро устувор месохт, ҳидояти мардуми ҷумҳурӣ ба ваҳдат, ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ҳисси ифтихор аз давлату ватандорӣ аз масъалаҳои муҳим маҳсуб меёфтанд, Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт вазифаи таърихии худро ба сомон расонданд.
Ғояи ҷашнгирии 1100-солагии давлати Сомониён, бунёди Маҷмааш ёдгориҳо дар Майдони Дӯстии пойтахти мамлакат –шаҳри Душанбе аз ибтидо барои ба даст овардани ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ифтихори миллии мардуми кишвар нигаронда шуда буд…
Бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ пеш гирифта шуд. Кори тамоми сохторҳои ҳукуматӣ равнақи тоза пайдо намуда, ислоҳоти куллии иқтисодӣ шуруъ гардид…
***
ИҚДОМ
Эмомалӣ Раҳмон дар давраи басо мушкили мамлакат бо фармони ба деҳқонон тақсим карда додани 75 ҳазор га замин имзо гузошт. Дар кишваре, ки 93 дарсади ҳудудаш аз кӯҳҳо иборат аст, ин иқдоми Сарвари давлат дар ҷомеаи ҷаҳонӣ воқеаи инқилобӣ арзёбӣ шуд. Ин иқдом аҳамияти бузурги иқтисодӣ дошт. Зеро баъди ин истеҳсоли ғалла ва дигар маҳсулоти озуқаворӣ дар бахши хусусӣ чандин маротиба афзуда, буҳронии мамлакат пасттар ва вазъи таъминоти моддии аҳолӣ то андозае рӯ ба беҳӣ ниҳод.
***
КОРНОМАҲО
Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади беҳбуд бахшидан ба вазъи энергетикӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон сохтмону ба истифода додани як катор иншооти муҳим ибтикороти зиёдеро роҳандозӣ намуданд.
Роҳҳои мошингарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Кулма –Қароқурум –Душанбе- Саритош (сарҳади Қирғизистон), Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ (сарҳади Ӯзбекистон), роҳи оҳани паҳнбари Бохтар-Кӯлоб, панҷ пули миёни Тоҷикистону Афғонистон болои дарёи Панҷ, нақбҳои нақлиётии Истиқлол, Шаршар, Чормағзак, Шаҳристон, неругоҳҳои «Помир-1», «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», ба кор даровардани чархи 1 ва 2-юми НБО-и «Роғун» аз корномаҳои бузурги мардуми кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ маҳсуб меёбанд, ки бо ибтикори бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон татбиқ гаштаанд.
***
ВОҚЕАҲОИ ТАЪРИХӢ
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба ҳалли як қатор масъалаҳои глобалии байнидавлатӣ ва минтақавӣ мусоидат намуданд. Бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат дар ҳаёти сиёсию иқтисодии Тоҷикистон аз 12.12. 2012 ба узвияти Созмони ҷаҳонии савдо қабул шудани Тоҷикистон воқеаи таърихӣ мебошад.
Тоҷикистон соли 2016 ба узвияти Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (ЭКОСОК) интихоб гардид. Алҳол Тоҷикистон узви комилҳуқуқи 57 созмони минтақавию байналмилалӣ (конвенсияҳо, хартияҳо ва эъломияҳои байналмилалӣ) имзо карда, уҳдадориҳои худро бо масъулият иҷро мекунад.
***
ТАЛОШҲОИ ПРЕЗИДЕНТ
Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масъалаҳои глобалии ҷаҳон талоши зиёд ба харҷ медиҳанд, ки он ниҳоят бузург ва саривақтӣ мебошанд. Зимни мулоқоту суханрониҳо дар ҷаласаҳои Сарони давлатҳои узви созмонҳои гуногун Эмомалӣ Раҳмон ҳалли як зумра масъалаҳоеро ҷасурона ба миён мегузорад, ки на фақат барои Тоҷикистон, балки барои минтақа ва кулли давлатҳо манфиатовар мебошанд.
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-ро Соли байналмилалии «Оби тоза», солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи «Об барои ҳаёт», соли 2013-ро Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон кард ва натиҷаҳои ин иқдомҳои наҷиб соли 2015 дар Конфронси байналмилалии доир ба ин масъала дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид.
Дар натиҷаи сиёсати пайгиронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз 190 давлати дунё Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохта, бо аксарияти онҳо робитаҳои дипломатӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор гардидааст. Шоёни зикр аст, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чандин ҷаласаҳои Ассамблеяи генералии СММ раисӣ кардаанд.
ҚАДРДОНӢ
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар беш аз 30-соли даврони соҳибистиқлолии мамлакат он қадар хизмат кардаанд, ки қалам дар асвири он оҷиз мемонад. Аз ин рӯ, бо он чӣ гуфтем иктифо мекунам…
Хизматҳои Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар дохил ва ҳам берун аз он эътиоф гардидаанд. Бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 11.12.1999, № 923, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «барои корнамоиҳои беназир дар роҳи истиқрори сулҳ, ризоият миллӣ, демократикунонии ҷомеа таъмини тамомияти арзӣ, пойдории давлат ва хизмати содиқона ба халқ» бо унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» сарфароз гардонда шуд.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон ба ҷоизаи олии ҷамъиятии «Бунёди байналмилалии хайриявии «Сарпарастони аср» – ордени нахустини алмосдори «Ситораи сарпараст» (2005), Ситораи тиллоии Алберт Швейтсер ва унвони ифтихории профессори Академияи ҷаҳонии тиб дар бахши илмҳои гуманитарӣ ва ғайра мушарраф гардидаанд.
***
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ- ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Эмомалӣ Раҳмон дар охири садаи 20-ум бо заҳмату талошҳои пайгирона истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро таҳким бахшид… миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид.
Доштани пешвои миллӣ эътирофи бунёдгузори давлат барои рушди худшиносӣ ва роҳи ҳамвори давлатдорӣ вобаста ба шароити дохилию байналмилалӣ дар ҷаҳони муосир шарт ва зарур аст. Аз ин рӯ, як зумра донишмандон, ҷомеашиносон ва сиёсатмадорони мамлакат бо ба ҳисоб гирифтани хизматҳои мондагори Президенти муҳтарами Тоҷикистон дар роҳи таъмини сулҳу амният дар мамлакат, аз вартаи нобудӣ раҳондани давлати соҳибистиқлол, дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳё намудани миллати тоҷик ва дигар хизматҳои бузург дар назди миллат пешниҳод намуданд, ки Эмомалӣ Раҳмон барҳақ Пешвои миллати тоҷик дониста шавад.
Вобаста ба ин Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»-ро аз 25.12.2015, №1259 ба тасвиб расонд…

Умари ШЕРХОН
