Баъди солҳои тӯлонӣ, бо азму талоши Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвоз дар самти Душанбе-Хоруғ дубора ба роҳ монда шуд, ки ҳалоли авиаторони Тоҷик бод!!!
Ширкати ҳавопаймоии ватании «Тоҷик Эйр» сар аз 30 сентябри соли 2024 ба парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Хоруғ-Душанбе оғоз намуд. Бояд гуфт, ки парвозҳои ҳавоӣ дар масири Душанбе-Хоруғ-Душанбе дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мусоидати Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистону Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» барқарор карда шуданд.
Роҳандозии ин парвоз, ки аз лиҳози стратегӣ хеле муҳим арзёбӣ мегардад, туҳфаи арзишмандест дар арафаи сафари қарибулвуқуи Пешвои муаззами миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. Муборакамон бод!
900 сомонӣ ва 3 парвоз дар 1 ҳафта
Тавре дар суҳат бо мухбири СССР Парвиз Шодмонзода, директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» иттилоъ дод, парвозҳо дар масири Душанбе-Хоруғ-Душанбе ҳафтае 3 маротиба: рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва шанбе тавассути ҳавопаймои АН-28 анҷом дода мешаванд. Масофаи парвоз аз Душанбе ба Хоруғ 1 соату 10 дақиқаро ташкил медиҳад.
Парвоз аз Душанбе ба Хоруғ соати 8:00 субҳ доир шуда, вақти парвоз 1 соату 10 дақиқаро таъсис медиҳад. Чун Бадахшон минтақаи баландкӯҳ мебошад, парвоз дар ин масир аз вазъи боду ҳаво сахт вобаста аст.
Айни замон шаҳрвандон ва сайёҳон ба Бадахшон тавассути роҳи мошингард сафар менамоянд, ки 12-16 соат ва дар ҳолати селу боришот ё шуруъи корҳои таъмирӣ дар роҳи водии Ванҷ, 20-24 соатро мегирад. Бо барқарор гардидани роҳи ҳавоӣ дар хатсайри Душанбе – Хоруғ – Душанбе мушкили мусофироне, ки нияти ба ВМКБ сафари таъҷил карданро доранд, осон мегардад.
Нархи чипта дар масири Душанбе-Хоруғ-Душанбе дар 1 самт 900 сомонӣ буда, шаҳрвандон имкон доранд чиптаҳои парвозро аз нуқтаҳои фурӯши чиптаҳои «Тоҷик Эйр», ки дар бинои ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», дар кӯчаи Мирзо Мастонгулов 32/1 воқеъ аст, дастрас намоянд.
Парвози муваффақи санҷишӣ
Тавре гуфта шуд, рӯзи 26 сентябр ҳавопаймои АН-28 дар фазои Душанбе парвози санҷишии муваффақона анҷом дод. Назар ба иттилои фармондеҳи ҳавопаймои АН-28 Шукрихудо Додихудоев, парвоз дар хатсайри Душанбе-Хоруғ-Душанбе душвортарин роҳи ҳавоӣ дар ҷаҳон арзёбӣ мегардад. Ба парвози нахустин дар ин самт бошад, имсол расо 95 сол пур шуд.
Алоқаи ҳавоӣ байни Душанбе ва Хоруғ аз моҳи марти соли 2021 қатъ шуда буд. То он дам парвозҳо ба Хоруғ тариқи ягона ҳавопаймои АН-28, ки бо иҷозатномаи парвоз дар ихтиёри «Тоҷик Эйр» қарор дошт, анҷом дода мешуд.
АН-28 – бехавфтарин ҳавопаймои дунё
Ҳавопаймои АН-28 аз 2 муҳаррик иборат буда, ғунҷоиши 17 мусофирро дорад. Он баъди таъмири куллӣ ва тамдид гардидани муҳлати истифода, ба парвозҳо дар самти Душанбе – Хоруғ – Душанбе оғоз намуд.
Лозим ба таъкид аст, ки барои таъмиру таҷдид ва тамдид намудани муҳлати истифодабарии ҳавопаймо бо мусоидати Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» аз Бюрои конструктории Антонов, аз ш.Киев 3 нафар мутахассис омада, тули беш аз 10 рӯз бо ин ҳавопаймо корбарӣ намуда, муҳлати истифодаи онро то соли 2025 тамдид карданд. 2 муҳаррики АН-28-ро бошад мутахассисон аз ш.Омски ФР санҷида, муҳлати истифодабарии онҳоро низ то ба 1 соли дигар дароз намуданд.
Яъне, ҳавопаймои АН-28, ки дар хатсайри Душанбе-Хоруғ-Душанбе ба парвоз оғоз мекунад, ба талаботи бехатарии авиатсионӣ ҷавобгӯ ва мутобиқ мебошад. Ҳавопаймои АН-28 бехатартарин ҳавопаймо дар олам ба шумор меравад.
Рушди авиатсияи хурд
Парвиз Шодмонзода, директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар фарҷом иброз дошт, ки ширкат дар оянда тасмим гирифтааст, ки парвозҳои маҳаллиро дар масири Душанбе-Панҷакент, Душанбе-Рашт, Душанбе-Лахш, Душанбе-Кӯлоб, Душанбе-Ишкошим, Душанбе-Ванҷ, Душанбе-Рӯшон ва Душанбе-Айнӣ, ки қаблан анҷом дода мешуданд, бо истифода аз имконияти мавҷуда барқарор намояд.
PS: Душман гап наёфт, думи сагат каҷ мегӯяд!-ин масали мардумиро бархе аз расонаҳои хориҷии муқими Тоҷикистон бори дигар собит карданд. Ин ба ном журналистон, дар асл ҳангомаҷӯён, аз зери нохун чирккобон, навиштаанд, ки нархи парвоз, 900 сомонӣ хеле гарон аст. Онҳо ақаллан фаромӯш кардаанд, варақ зананд таърихчаи начандон дуреро, ки дар ин хатсайр мардум бо харҷи 1700 ва баъдан 1400 сомонӣ парвоз мекард. Ҳатто нархи чархболҳои ба ном «Оғохонӣ», ки тариқи чартер парвоз мекарданд, ба карат гаронарзиш буданд. Зеро ба нархи билет, пеш аз ҳама қимати сӯзишворӣ, нархи буду бош ва хатсайру парвозу истгоҳҳо дар фурудгоҳ шомил мешаванд. Ва аз ҳама охир, нархи роҳкиро тавассути таксиҳои маҳаллӣ 450-600 сомониро ташкил медиҳаду қариб 15-20 соат тӯл мекашад…
Ҷанобон, ҳангомаҷӯён! Биёед дар ҳама пешравиҳои ватани мо заҳр нарезед. Мо Метавонем!
Ҷамила Ҳусейнова, СССР
