САРВАРОНИ РСС ТОҶИКИСТОН

Аз архив

НОБОВАРИИ РУС БА КАДРҲОИ ТАҲҶОӢ

Ҷамоҳири собиқ СССР агарчи ҷумҳуриҳои парлумонӣ маҳсуб меёфтанд, лек дар асл қудрати сиёсиро Ҳизби Коммунист пурра дар ихтиёри худ дошт. Роҳбари ҳар ҷумҳурӣ котиби аввали ҲК ба ҳисоб мерафт. Болшевикон баъди мустаҳкам кардани мавқеи худ дар Осиёи Миёна тақсимбандии миллӣ – маҳаллиро роҳ андохтанд ва тибқи ин Тоҷикистон 5 сол чун Ҷумҳурии автономӣ ба Ӯзбекистон шомил гардид. Сарқонуни Ӯзбекистон, ки соли 1927 қабул шуд, ба Тоҷикистон ҳуқуқҳои васеъро қоил буд. Аммо мутаассифона ин ҳуқуқҳо бештар танҳо дар рӯи коғаз буданд ва дар амал ҳукумати навтаъсиси Тоҷикистон бо беадолатии сахти тарафи Ӯзбекистон дучор шуд.

Аз 1 то 12.12.1926 Анҷумани 1 шӯроҳои Ҷумҳурии автономии Тоҷикистон ташкил ёфт, ки дар он аввалин ҳукумати Тоҷикистон таъсис дода шуд. Нусратулло Махсум Раиси КИМ (ЦИК) ва Абдуқодир Муҳиддинов Раиси ШКХ (СНК) интихоб шуданд. Аммо бо вуҷуди ин қудрати аслӣ боз дар дасти Ҳизби болшевикӣ дар симои ОргБюрои ҲКӮ буд. Бе иҷозаи Оргбюро ҳукумат коре кардан наметавонист. Тоҷикистон дар Оргбюро намояндаи худро дошт ва аз соли 1925 Шириншо Шотемур коммунистони тоҷикро дар ин ташкилот намояндагӣ мекард. Аввалин ҳукумати Тоҷикистон бо ин, ки аз хатти машӣ кашидаи Маскав пой наметавонист берун ниҳад, барои ин миллати мазлум хидмати бузурге анҷом дод. Болшевикон, хоса баъди сари қудрат омадани Иосиф Сталин ҳеҷ гуна миллигароӣ ва озодандеширо таҳаммул намекарданд ва дар симои инсон афрод душманро медиданд. Сиёсати тақсимбандии миллии болшевикон дар ОМ хеле ноодилона сурат гирифт ва барои мардуми ин сарзамин пасомадҳои вазнине ба бор овард. Бо вуҷуди ин аввалин роҳбарони Тоҷикистон барои аз байн бурдани ин беадолатӣ кӯшишҳои зиёде ба харҷ доданд ва билохира маҳз бо талоши фарзандони сарсупурдаи миллат соли 1929 Тоҷикистон чун Ҷумҳурии комилҳуқуқи СССР шинохта шуд.

 

ФЕҲРИСТИ СИЁҲИ СИЁСИИ СТАЛИН

10.12.1929 ташкилоти ҳизбии Тоҷикистон ба ҲК Тоҷикистон табдил дода шуд ва Шотемур аввалин сарвари ин Ҳизб интихоб гардид, ки танҳо 1 сол дар ин вазифа тавонист фаъолият кунад. Соли 1930 ба ҷои ӯ аз Маскав Мирзодовуд Ҳусейнови озарбойҷонӣ ба Сталинобод ба ҳайси котиби аввали ҲК фиристода шуд. Умуман болшевикон бо сабабҳои ба худ маълум дар бисёре аз ҷамоҳири собиқ СССР ба кадрҳои маҳаллӣ бовар надоштанд, минҷумла ба Тоҷикистон. То соли 1946 дар Ҷумҳурии мо ҳамаи котибони аввали ҲК ғайритоҷик буданд ва танҳо соли 1936 он ҳам барои муддати кӯтоҳ ва бо сабабҳои сиёсӣ Урунбой Ашуров ба муддати камтар аз 1 сол ин вазифаро иҷро менамуд. Сиёсати Сталинӣ акнун вусъат пайдо мекард.

Макиавелли беҳуда аз дӯстдоштатарин нависандагони Сталин набуд. Ин мутафаккири итолиёӣ, ки нақшаи шайтанатбозии сиёсиро тарроҳӣ карда буд, тарҳи азиме дар тафаккури болшевики гурҷӣ гузошт. Сталин дар ҳама ҷо ва ҳамеша гуфтаҳои ӯро иқтибос меовард. Бояд қайд намуд, ки то замони сари кор омадани ӯ ақоиди марксистӣ оид ба давлату давлатдорӣ ранги дигар дошт. Ба ақидаи поягузорони марксизм давлат бояд баъд аз неруро ба даст гирифтани пролетарҳо аз байн мерафт. Ленин низ аз ин ақида ҷонибдорӣ кард ва мавҷудияти давлатро дар симои «диктатураи пролетариат» то вақти муайяне қоил буд. Аммо Сталин аз хатти кашида берун рафт ва баракс ҳастии давлати тавоноро кафили пирӯзии коммунизм дар дунё муаррифӣ кард. Давлати тавонманде, ки Сталин роҳ андохт, ҳеҷ гуна гуногунандеширо намепазируфт ва аз итоати бе чуну чарои 1 нафар оғоз меёфт. Террори сиёсие, ки Сталин дар солҳои 30 дар СССР пиёда кард, танҳо 1 мақсад дошт: Мустаҳкам кардани ҳукумати шахсӣ. Ба ин давлати тавоно ашхоси озодандешу мустақилгаро лозим набуданд ва танҳо одамони хушомадгӯву шахсан ба Сталин содиқ ба дардаш мехӯрданд. Роҳбарони аввали Тоҷикистон низ гарчанд аз содиқтарин пайравони Сталин буданд (ҳатто дар либоспӯшӣ Шотемур ва Н. Махсум ба доҳии худ пайравӣ мекарданд), ба рӯйхати сиёҳи Сталин шомил шуданд.

 

ШӮРИШИ МУСАЛЛАҲОНА ДАР ТОШКАНД

Соли 1933 бо баҳонаи тарафдори аз бойҳо ва ҳамдасти бо душманони синфӣ котиби аввали ҲК Тоҷикистон М. Ҳусейнови озарбойҷонӣ, Раиси КИМН. Махсум ва Раиси ШКХ Тоҷикистон Абдураҳим Ҳоҷибоев аз вазифа сабукдӯш шуданд. Аммо ин ҳанӯз аввали кор буд. Барой ҷорӣ кардани тартибот дар Тоҷикистон соли 1933 аввалин намояндаи Сталин Григорий Бройдо ба ҳайси котиби аввали ҲК ба Сталинобод фиристода шуд. Бройдо аз ҷумлаи коммунистони собиқадор ба ҳисоб мерафт ва то ин вақт собиқаи корӣ дар ОМ- ро низ дошт. Ногуфта намонад, ки маҳз ба шарофати Бройдо 1.11.1917 дар Тошканд шӯриши мусаллаҳонаи болшевикон ба вуқӯъ пайваст ва ҳукумати шӯроҳо дар ин шаҳр мустақар гардид. Давраи ҳукмронии Бройдо дар Тоҷикистон ба гуруснагӣ (голодомор), ки тамоми СССР-ро печида буд, рост омад. Маҷбуран ба колхозҳо ворид кардани деҳқонон, мубориза бо дин, кишти маҷбурии пахта (ба деҳқонон иҷозат намедоданд то ғалла ва биринҷу дигар маҳсулоти ғизоӣ кишт кунанд) ба он оварда расонд, ки мардум диёри худро тарк карда, ба Афғонистон гурезанд. Танҳо дар соли 1933 аз рӯи маълумоти расмӣ 15.750 нафар ба Афғонистон кӯч бастанд. Ин дуввумин мавҷи муҳоҷират баъди солҳои 19171924 дар кишвари мост. Баъди омадан ба Сталинобод Бройдо қотеъона ба ҷорӣ кардани тартибот оғозид ва кӯшиш кард садди роҳи ин раванди номатлубро гирад. Кормандони зиёди ҳизбиву давлатӣ аз мансаб гирифта шуданд. Ба ҷои онҳо Бройдо одамони содиқро рӯи кор овард.

Баъди баррасии вазъият Бройдо заминҳои кишти ғалладонаро васеъ ва муборизаро бо дин каме суст карда, ба ҷумҳурӣ галла ва таҷҳизоти хоҷагии қишлоқро ворид сохт. Албатта тарзи ҳукуматдории Бройдо мисли дигар ходимони ҳизбӣ ранги диктотурӣ дошт, лек бо вуҷуди ин барои Тоҷикистон хидмати шоёне кард.

 

БРОЙДО: ТУ ТОҶИК НЕСТӢ!

Он замон дар Тошканд Бюрои осиёимиёнагӣ (Средазбюро)-и КМ ВКП(б) фаъолият мекард ва ҳукумати Тоҷикистон бе иҷозаи ин ниҳоди ҳизбӣ ҳеҷ кореро мустақиман наметавонист бикунад. Ин ниҳоди ҳизбӣ комилан ӯзбекгаро буд ва сиёсати зиддитоҷикиро пеш мебурд. Бройдо Бюрои Осиёимиёнагиро айбдор кард, ки онҳо дар Тоҷикистон сиёсати зиддиболшевикӣ мебаранд ва ҷумҳуриро ба ин рӯзи сиёҳ расонданд. Дар яке аз нишастҳои КМ ҲК Тоҷикистон ӯ гуфт, ки «Ман ба Тоҷикистон барои ҷорӣ кардани тартибот фиристода шудаам ва ин корро мустақиман бо КМ ВКП(б) бе восита шудани касе ҳал хоҳам кард!».

Ҳама мушкилро Бройдо дар сиёсати нодурусти Бюро ва шахсан котибаш Бауман медид. Бройдо борҳо мегуфт, ки Бюрои Осиёимиёнагӣ зери таъсири ҳукумати Ӯзбекистон қарор дорад ва манфиатҳои Тоҷикистонро нодида мегирад. Аз ҳама ҷолиб ӯ танҳо тарафдорони ақидаи худро новобаста аз миллат «тоҷикони асил» меномид. Ҳар касеро, ки ақидаи дигар дошт Бройдо мегуфт: «Ту Тоҷик нестӣ». Бо вуҷуди ин тарафдорони ақидаи Бройдо дар КМ ҲК(б) Тоҷикистон аксариятро фаро гирифт. КМ ВКП(б) низ нодаркории Бюрои Осиёимиёнагиро, ки қарорҳои зиёдеро қабул мекард, аммо ҷавобгӯи чизе набуд, фаҳмид ва 2.10.1934 Бюро аз миён бардошта шуд. Аммо дар худи Тоҷикистон Бройдо 1 низоми авторитариеро ҷорӣ намуд, ки ҳеҷ кас бе иҷозаи ӯ ҳаққи гуфтан надошт. Муносибати

Бройдо бо Раиси КИМ Шотемур ва раиси ШКХ Раҳимбоев, ки сиёсати яккаҳукмрониро ҷонибдор набуданд, якбора тезутунд гардид. Дар яке аз нишастҳо Бройдо ба Шотемур, ки ба ӯ эътироз карда буд, чунин гуфт: «Мандати раиси КИМ абадӣ нест ва метавонад бекор карда шавад!». Дар хусуси раиси ШКХ бошад дар шоҳидии ҳама мегуфт: «Абдулло Раҳимбоев ин одамест, ки тасодуфан ба мансаб расидааст. Ин 1 ҷои холист, ки чизеро намедонад. Ман наметавонам дурудароз ин ҷои холиро бипӯшонам!».

 

КУШТА ШУДАНИ КОТИБИ АВВАЛИ ҲК

Ба ақидаи бархе парвандаи Шотемур ва Раҳимбоев аллакай он айём тарроҳӣ шуда буд ва котиби аввали ҲК Тоҷикистон аз рӯйдодҳои оянда шояд огоҳ буд. Бо вуҷуди ин Раҳимбоев ва чанде дигарон аз болои Бройдо ба КМ ВКП(б) ва шахсан ба Сталин шиква карданд ва моҳи декабри соли 1934 КМ ВКП(б) комиссияе таъсис дод, ки Бройдоро барои нодуруст ба роҳ мондани кор айбдор ва озод кард. Ба ҷои ӯ аз Маскав намояндаи нави ҲК-Сурен Шадунси арманӣ ба ҳайси котиби аввали ҲК Тоҷикистон ба Сталинобод фиристода шуд. Давраи ҳукуматдории Шадунс то соли 1936 тӯл кашид ва дигаргуниҳои куллӣ дар сиёсати кадрӣ ба бор наовард. Moҳи декабри соли 1935 Шадунс ҳатто барои комёбиҳои ҷумҳурӣ дар соҳаи хоҷагии қишлоқ (хоса истеҳсоли пахта) бо ордени Ленин мукофотонида шуд. Истеҳсоли пахта танҳо баъди дар охири соли 1934 ба Тоҷикистон омадани комиссияи махсус бо сарварии Куйбышев ва боло бурдани нархи хариди ин маҳсулот аз тарафи давлат рушд кард. Аммо террори Сталинӣ нав ба авҷи аъло мерасид.

Моҳи сентябри соли 1936 Шадунс аз вазифаи котиби аввали ҲК Тоҷикистон озод ва моҳи апрели соли 1937 чун душмани халқ парронда шуд. Ба ҷои ӯ 1 муддати кӯтоҳ намояндаи миллати таҳҷоӣ Урунбой Ашуров таъин гардид. Ашуровро Сталин танҳо барои пиёда кардани нақшаҳояш мувақатан сари қудрат овард. Моҳи июли соли 1937 дар Сталинобод пленуми КМ ҲК(б) Тоҷикистон баргузор шуд. Маҳз дар ин пленум зарбаи асосӣ ба мақомоти роҳбарикунандаи Тоҷикистон зада шуд ва онҳое, ки дар роҳи пирӯзии инқилоб ва поярезии аввалин давлати тоҷикон саҳим буданд, аз миён бардошта шуданд.

 

Меҳрубон САЛИМШОЕВ,

таърихнигори СССР

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube