Соли 1991 тирамаҳ ҳукм меронд. Рӯзҳои интихоби президенти чанд номзад ба мақоми президенти номнавис шуда аз ҳизби коммунист ва дигар ҳизбу ҳаракатҳои нав ба сиёсат пардохтанд. Аз ҳама номзадҳо номзадии Раҳмон Набиев аз ҳизби коммунистӣ Тоҷикистон ва ноиби ӯ ба номзадии ноиби президентӣ – Назрулло Дӯстов пазируфта шудаанд.
Давлат Худоназаров аз ҳизби навтаъсиси Демократии Тоҷикистон ва муовини он (ноиби президент) Аслиддин Соҳибназаров бонуфузтарин номзаду тарафдорони зиёдеро доштанд ва дар сархати интихобот меистоданд ва боқимондаҳо 3 номзади дигар ба мақоми призидентӣ ҳам аз паси ин 2 ҳизби дар аспҳои ҷавмасти бузӣ савор ба қавле хар медавониданд.
Рӯзе намояндагони Ҳизби демократии Тоҷикистон, ки аксари онҳо зиёиён, журналистон, шоирон, нависандагон ва дигар табақаҳои пешқадами ҷомеаро муттаҳид намуда буд, дар деҳаи мо барои вохӯрӣ ва пешниҳоди барномаи пешазинтихобии худро ба саҳми мардум расонидан ташриф оварда, вохӯрӣ доштанд. Банда аз ин вохуриҳо дида бароям дидорбинӣ бо устодони сухан бахусус; Лоиқ Шерлӣ ва Бозор Собир ва баъд дидори раиси киноматаграфистони Иттиҳоди Шӯравӣ Давлат Худоназаров ва Аслиддин Соҳибназаров яке аз вакилони фаъоли парлумон бо ӯ шинос будам, вохӯрданро дар дил мепарваридам, ки аз наздик симо ва сухаронии онҳоро шунаваму бо чашми сар бинаму хумори дидор шиканам.
Лоиқ ё Бозор?
Ба мо иттилло доданд, ки дар ин вохурӣ на Давлат Худоназаров, балки номзад ба ноиби президент Аслиддин Соҳиназаров, ки дар тими онҳо Лоиқ Шералӣ – шоири тавоно ва суханвари асил низ ҳаст, иштирок меварзад. Банда 1 китоби Устодро бо номи “Ҷоми саршор” барои соядаст бо худ гирифтаму рӯз, ки майл ба шомро дошт, дар роҳи мошингузар бо дигар ҳаводорону рақибони эшон интизорӣ кашидем.
Вале ба ҷои устод Лоиқ, устод Бозорро дидаму аз китоби гирифтаи худ дар шигифт шудам, ки чаро китоби “Мижгони шаб” ва ё “Бо чашидану шамиданҳо”-и устод Бозорро нагирифтам.
Устод Бозор то оғози вохӯрӣ даруни мактабро чарх зада, нописандона ва бо димоғи гирифта, расму овезаҳо, ки чароғони дохили бинои мактаб хираю ноқуллай рӯшноӣ мезаданд, тамошо мекард. Ман Устодро ба утоқи муаллимон овардаму ба гап даровардем, на аз боби интихобот, балки аз боби шеру адаб, ки ҳамон солҳо мардуми Тоҷикистон ба эъҷодиёти шоирони классик аз ҷумла Ҳофизи Шерозӣ, Ҷалолиддини Румӣ, Шамси Табрезӣ, ки аксари асарҳои онҳо мамнуъ буданду ва солҳои охир нашр мегаштанд, ошноӣ доштанд. Банда чанд шерҳои устодро: “Бухоро”, “Ангалҳо” ва “Аз хуни Сиёвушем, ҳамхуни Сиёвушем”-ро хонда додам, ки димоғи гирифтаи Устод кушода шуд ва бо мароқи зиёд ба суҳбат пардохт.
Баъди хуб таъби дили Устодро ёфтан ман аз киссаи пидҷакам кибоби “Ҷоми сарҳор”-и Устод Лоиқро баровардаму гуфтам:
–Устод ба мо гуфтанд, Лоиқ Шералӣ меоянд ва ман барои соядаст гирифтан дар китоби ӯ ин ашъорашро гирифта овардам.
Баъди маҷлисро бастан бо овози баланд маро Бозор Собир ба минбар даъват карда, китоби Лоиқро соядаст монд:
Барои Мирзои азиз.
Соядасте ба дафтари Лоиқ,
Бар ниҳодам, агарчи лоиқ нест,
Гарчи ба шахси ҳазрати Лоиқ,
Ҳеҷ кас ҳамчу ман мувофиқ нест.
Бозор Собир,
Ёл, с.1991 тирамоҳ. Имзо.
Мирзо Содиқов,
адиб ва журналист