Аз таърихи мурофиаи судии Нюрнберг

Моҳи майи соли 2025 халқҳои собиқ ҷумҳуриҳои Шуравии сотсиалистӣ ва тамоми халқҳои тараққипарвари ҷаҳон 80 – солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 – ро ҷашн гирифтанд.

Ҳанӯз замони идомаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Сарфармондеҳи Олии ҳарбии СССР И.В.Сталин ибтидои соли 1942 сари масъалаи таъсиси суди байналмилалӣ ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани ҷинояткорони фашистӣ андешаи худро изҳор дошта, баъдан тариқи алоқаҳои дипломатии абарқудратҳое чун Иттиҳоди   Шуравӣ, Англия ва ИМА ин масъала ранги ҷиддӣ гирифта, дар конференсияҳои Теҳрон ва Сочи он ба таври расмӣ пайгирӣ карда шуд.

Гарчанде, ки дар аввал намояндагони воломақоми ИМА ва Англия аз қабили Котиби давлатии ИМА К. Хелл ва сарвазири Англия Уинстон Черчил сахт бар зидди гузаронидани суди байналмилалӣ ва бе суд қатл намудани роҳбарияти фашистӣ буданд. Гурӯҳи дигар мехост, ки Гитлеру ҳамтоёнаш мисли Наполеон ба ҷазирае бадарға шавад, ё сотсиологҳои реаксионии америкоӣ роҳбарони фашизмро бемори равонӣ дониста, пешниҳод мекарданд, ки онҳо дар муассисаҳои табобатӣ – истироҳатӣ ҷойгир карда шаванд.

Ин сабабҳои зиёди худро дошт, зеро замони ҷанги 2-юми ҷаҳон бисёре аз ширкатҳои олами сармояи ин кишварҳо аз тиҷорати техника ва лавозимоти лозимаи ҷангӣ манфиат мебардоштанд ва табиист, ки онҳо аз расонаӣ шудани номи ширкатҳои худ ва ҳамкорияшон бо «машинаи фашистӣ» сахт ҳарос доштанд. Пофишориҳои пеш аз ҳама И.В.Сталин ҳамаи ин мардум ва пеш аз ҳама Уинстон Черчилро ба ҷояш шинонд.

Комиссиюни фавқулъодда

Таърих гувоҳ ҳаст, ки урдуи фашистии Гитлер ва ҳаммаслаконаш дар хоки шуравӣ ба чи бедодгариҳои ғайриинсоние нисбат ба мардуми бегуноҳи шуравӣ ва молу амволи онҳо, моликияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ даст назадаанд. Ҳамаи инро ба назар гирифта, бо Укази Президиуми Шурои Олии СССР аз санаи 2-юми ноябри соли 1942 таҳти №40 «Дар бораи ташкили Комиссиюни фавқулъодда оиди муайян намудану тафтиш бурдани ҳаракатҳои ваҳшиёнаи фашистони немиси яғмогар ва ҳамтоёни онҳо ва муайян намудани зарари расонидаи онҳо ба шаҳрвандон, колхозҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳои давлатӣ ва муассисаҳои СССР» комиссияи махсуси давлатӣ ташкил ёфта, дар марзҳои озодгаштаи шуравӣ он замон ба кор оғоз намуда буд.

Бешубҳа фаъолияти ин комиссия, парвандаҳои оғозу тафтишгашта ва дар судҳои ҳарбии шуравӣ баррасигашта, дар роҳи ба ҷаҳониён баъдан исбот намудани ваҳшонияти фашистон ва генотсиди онҳо нисбати халқи шуравӣ нақши халкунандаро бозидааст.

Қайд бояд намуд, ки дардноктарин фоҷиаи башариятро низ мардуми шуравӣ, ки бар асари ин ҷанги аз тарафи Олмони фашистон ноодилона (аз тарафи СССР одилона) миллионҳо куштаю, миллионҳо шаҳрҳу деҳоти харобу миллионҳо тифлону наврасони ятиму миллиардҳо садои аламовари модари сарбози қурбоншударо дар замони ҷангу баъди ҷанг боқӣ гузоштаанд.

Дар ин асос Иосиф Виссарионович Сталин бо ҳама кори хубу камбудиҳояш дар ҷаҳони муосир бо пофишориҳои худ оиди доир намудани мурофиаи байналмилалии судӣ нисбати фашизми гитлерӣ хизмати арзандаеро ба ҷой гузоштааст. Маҳз дар ҳамин асос, баъди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки фашизми гитлерӣ, ҷиноятҳои вазнин ва гӯшношунидро дар нисбати халқҳои ҷаҳон содир карда буд, санаи 8-уми августи соли 1945 дар Лондон Созишнома байни иттифоқчиён СССР, США, Англия ва Фаронса дар бораи таъқиби ҷиноятӣ ва ба ҷазо кашидани саркардагони ҷинояткорони ҳарбии кишварҳои истилогар ба имзо расонида шуд. Дар ин асос қарор қабул карда шуд, ки Трибунали байналмилалии ҳарбӣ созмон дода шавад.

Айбдоркунандаҳои советӣ

Иброз бояд намуд, ки ҳанӯз пас аз ҷанги 1-уми ҷаҳон дар Шартномаи Версалӣ оид ба сулҳ, лоиҳаи Кодекси ҷиноятии байналмилалӣ, суди байналмилалии ҷиноӣ кор карда баромада шуда буд. Мутаассифона, ин лоиҳаҳо ва бандҳои сулҳи Версал бе иҷро монд. Ба Кайзер иҷозати дар Голландия пинҳон шуданро дода, дар хусуси ба ҷазо ва сари суд кашидани ӯ фикре накарданд. Кӣ медонад агар он вақт аъмоли ӯ ва дигар ҳамтоёнаш дар мурофиаи суди байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор мегирифт, ҷанги ҷаҳонсӯзи 2-юми ҷаҳон рух намедод?!

Вобаста ба созишномаи қабулгашта намояндагони 4 кишвари иттифоқчӣ ба тайёр кардани хулосаи айбдоркунӣ шурӯъ намуданд. Р.А.Руденко аз номи СССР, Хартли Шоукроссом аз номи Англия, Роберт Х.Ҷексон аз номи ИМА ва Франсуа де Ментоном аз номи Фаронса онро санаи 6.10.1945 имзо карданд.

Дар ин давра дар Масква пурра намудани дастгоҳи қисми шуравии Трибунали байналмилалии ҳарбӣ шурӯъ гашта, интихоби тарҷумонҳо, пайнависандаҳо, котибон ба анҷом расид. Судяҳо (аъзои трибунали ҳарбӣ ва муовини ӯ) таъин гаштанд. Ба Нюрнберг гурӯҳи тафтишотии СССР ва кормандони бахши коргузорӣ, ки ба онҳо муовини айбдоркунанда аз СССР, полковники адлия Ю.В.Покровский роҳбарӣ мекард озими сафар шуданд. Айбдоркунандаҳои советӣ М.Ю. Рагинский ва Л.Н.Смирнов ба тайёр намудани маводҳои Сарайбдоркунандаи СССР барои иштирок дар мурофиаи ҷиноятӣ шурӯъ намуданд.

То саршавии суди Нюреберг, Трибунали ҳарбии байналмилалӣ дар бинои Шӯрои назорати адлияи Олмон дар Берлин як қатор ҷаласаҳои ташкилиро доир намуд.   Дар ин ҷаласаҳо дастури кории трибунал, масъалаҳои либосҳои судяҳо, тартиби ҷойгиршавии судяҳо дар толори трибунал, дар хусуси ташкили котиботи трибунал ва тарҷумаҳо, оид ба даъвати ҳимоятгарон, қасами аъзоёни трибунал, коргузории котибот ва ғайраҳо қабул карда шуданд.

Раисикунандаи трибунали ҳарбӣ дар Нюрнберг, аъзои трибунал аз Британияи Кабир, Сарсуди Англия (лорд-судя), Ҷеффри Лоренс таъин карда шуд. Дар яке аз ҷаласаҳои ташкилӣ Сарайбдоркунандаҳо низ ширкат варзиданд.

Раисикунандаи дар он ҷаласа, аъзои трибунали ҳарбӣ аз СССР генерал – майори адлия И.Т. Никитченко буд. Тамоми судҳо бо навбат қасам ёд карда, тантанавор изҳор доштанд, ки ӯҳдадоранд, ки вазифаҳои худро бовиҷдонона, одилона ва саривақт иҷро намоянд.

Айбномаи 24 нафар

Сарайбдоркунанда аз СССР генерал-лейтенант Р.А.Руденко

(прокурори РСС Украина, баъдан солҳои 1953-1981, мушовири ҳақиқии адлияи СССР-Прокурори генералии СССР) ба суд матни русии хуқми айбдоркуниро дод. Дигар айбдоркунандаҳо низ чунин нусхаҳои айбдоркуниро бо забонҳои англисиву фаронсавӣ супорида, изҳор доштанд, ин ҳуҷҷатҳо якдилона қабул гаштаанд.

Азбаски дар мурофиаи мазкур саркардагони машинаи ҳарбии Олмони фашистӣ ба ҷавобгарӣ карда мешуданд, 24 фикри айбдоркунӣ нисбатӣ 24 нафар фарде, ки дар ташкили режими Олмони фашистӣ нақши калидӣ доштанд бо исботи гуноҳи ҳар яке аз онҳо тайёр карда шуд.

Хотиррасон бояд намуд, ки дар санаи 25-уми октябри соли 1945 баъди гирифтани нусхаи фикри айбдоркунӣ Роберт Лей даст ба худкушӣ зад. Трибунал ҳамчунин баррасии парвандаи Густав Круппро, ки ба бемории фалаҷ гирифтор гашта буд, мавқуф гузошт ва дере нагузашта ӯ фавтид. Роҳбарони дигари «машина фашистӣ» Гитлер, Геббелс ва Геринг пештар худкушӣ намуда буданд. Мувофиқи банди 22-и Оинномаи Созишномаи лондонӣ, ҳаракатҳо ҷинояткоронаи дигар фашистонро кишварҳои иттифоқчӣ дар ҳудудҳои ишғолии худ дар мақомотҳои судӣ-тафтишотии худ бояд тафтиш ва баррасӣ мекарданд.

Ҷаласаро И.Т. Никитченко пӯшида эълон намуда, изҳор дошт, ки санади   айбдоркунӣ ҷиноятҳои «Г.В.Геринг, Р.Гесс, И.Риббентроп, Кейтел, Р.Лей, В.Кейтел, Э.Калтенбруннер, А.Розенберг, Г.Франк, В.Фрик, Ю.Штрейхер,  В.Функ, Г.Шахта, Г.Круппа,К.Дентиса, Э..Редер, Б.Шираха, Ф.Заукел, А.Йодл, М.Борман, Ф.Папен, А.Зейсс-Икварт,А.Шпеер, К.Нейрат Г.Фриче» -ро дар алоҳидагӣ дар бар мегирад ва ҳамчунин аъзои гурӯҳҳое, ки ба ин ҷинояткории мудҳиш вобастагӣ   доштанд аз ҷумла: аъзои ҳукумат, роҳбарони ҳизби миллӣ – сотсиалистӣ, отрядҳои муҳофизавии ин ҳизб чун «СС», гурӯҳҳои хадамоти бехатарӣ «СД», пулиси давлатии махфии ҷазодиҳии «Гестапо», отрядҳои штурмкунандаи СА, ситод ва роҳбарои қувваҳои мусаллаҳро низ фарогир ҳастанд.

Трибунали ҳарбии байналмилалӣ

Асосҳои ҳуқуқии Трибунали ҳарбии байналмилалӣ дар эъломияи 3 кишвар: СССР, ИМА ва Британияи Кабир оид ба ҷавобгарии гитлерчиён барои ваҳшигарӣ дар қисматҳои хоки СССР, Полша, Чехословакия, Югославия, Юнон, Дания, Голландия, Люксембург, Фаронса, Италия ва  ғайраҳо, ки санаи 2.11.1943 дар Маскав интишор ёфта буд. Дар он нишон дода шуда буд, ки масъалаи ҷинояткорони асосии ҳарбӣ, ҷиноятҳое, ки бо марзи алоҳидаи ҷуғрофӣ тааллуқдор нестанд, бояд тибқи қарори якҷояи кишварҳои иттифоқчӣ қабул карда шавад. Дар асоси ин эъломия дар Лондон комиссия оид ба коркарди масъалаҳои ба ҷавобгарӣ кашидани сарварони ҷинояткорони ҳарбӣ созмон ёфт.

Комиссия аз намояндагони 4 давлат: СССР (муовини раиси Суди олии СССР, генерал майори адлия И.Т.Никитченко ва аъзо-корреспонденти АФ-и СССР, профессори ҳуқуқи ҷиноятӣ А.Н.Трайнин), ИМА (аъзои Суди олии федералӣ Р.Х.Ҷексон), Британияи Кабир (Прокурори генералӣ Д.М.Файф), Фаронса (аъзои Суди кассатсионӣ Р.Фалкао ва профессори ҳуқуқи байналмилалӣ Гро) иборат буд.

Ҷаласаи намояндагони 4 кишвари абарқудрат аз 25.06. то 8.08.1945 давом ёфта, дар қабули қарорҳо нисбати ҷавобгарии командаи гитлерчиён андешаи ҳамаи иштирокчиён ягона буд.

Натиҷаи фаъолияти якуниммоҳаи кории онҳо ин қабули Созишнома ва қисмати ҷудонашаванда он «Оинномаи трибунали ҳарбии байналмилалӣ» гашт. Ин ҳуҷҷат вазъи ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва функсияи трибунал ва ваколатҳои онро оиди суд намудан ва ба ҷазо кашидани ашхоси ба муқобили сулҳ ҷиноятҳоро тайёру содирнамуда, ҷиноятҳои ҳарбӣ ва ҷиноятҳои ба муқобили башарият содирнамударо ба танзим медаровард. Дар ин Оиннома ба сифати низоми меъёрии асосӣ оварда шуда буд, ки Трибунали байналмилалии ҳарбӣ барои гузарнидани мурофиаи судии адолатнок ва ҷазодиҳии саркардагони ҷинояткориҳои ҳарбии кишварҳои истилогар таъсис дода мешавад. Ба ин Созишнома ҳамчунин 19 кишвари ҷабрдида (тибқи дигар сарчашмаҳо 23 кишвар) ҳамроҳ гаштанд.

Созишнома ва Оинномаи трибунал дар асоси Конвесияи байналмилалии Гаага (1907) ва Конференсияи Женева (1929) ва дигар конвенсия ва муоҳидаҳо қабул карда шуда буд.

Оинномаи трибунал

Оинномаи трибунал муайян намуд, ки ҳаракатҳои зерин ва ё яке аз онҳо ҷиноят ҳисобида шуда, ба тобеъи юридикии трибунал дохил ва ба тарзи фардӣ мавриди муҳокима қарор хоҳанд гирифт:

1.Ҷиноятҳо дар муқобили сулҳ аз ҷумла: нақшабандӣ, тайёрӣ, ба ҷанг кашидан ва ё бурдани ҷанги истилогарона бо вайрон намудани меъёрҳои муйяннамудаи шартномаҳои байналмилалӣ, созишномаҳо ва ё мувофиқа ва ё иштирок дар нақшаи умумӣ ва ё забоняккунӣ барои иҷрои яке аз ин амалҳои ишораёфта.

2.Ҷиноятҳои ҳарбӣ, аз ҷумла: вайрон намудани қонун ва анъанаи ҷанг. Ба ин қонуншиканӣ амалҳои куштор, шиканҷадиҳӣ ва ё ба ғуломӣ бурдан шаҳрвандони мулкии марзи истилогашта, куштори ба гаравгирифташудагон, ғорати амволи ҷамъятӣ ва ё хусусӣ, оташ задани хонаҳои истиқматӣ, вайрон намудани шаҳру деҳаҳо, истифодаи амалиётҳои нолозиму тархибкоронаи ҳарбӣ ва дигар ҷиноятҳо.

3.Ҷиноятҳо ба муқобили башарият аз ҷумла: куштор, қатли ом, ба худ тобеъкунии одамон, бадарға ва дигар амалҳои зӯроварӣ дар муқобили шаҳрвандони мулкӣ то ҷанг ва ё баъди ҷанг ва ё таъқибикунӣ бар асари моҳияти сиёсӣ, нажодӣ ва ё характери динию мазҳабӣ дошта, бо мақсади содирнамоии ҷиноят ва ё бо сабабҳои дигар ба тобеъияти юридикиии трибунал новобаста аз масъалаи проблемаҳои дохилӣ буданашон дохил мегаштанд.

Чи тавре, ки дар боло гуфта гузаштем, санаи 18-уми октябри соли 1945 дар ҷалласаи берлинии ташкилии Трибунали байналмилалии ҳарбӣ хулосаҳои айбдоркунӣ қабул карда шуда буданд. Инак санаи 20-уми ноябри соли 1945 айбдоркунандагони шуравӣ ҳамроҳи ҳамтоёни амрикоӣ, англису фаронсавии худ ба толори Қасри адлияи шаҳри Нюрнберг ташриф оварданд, то аз номи халқҳо, аз номи миллионҳо қурбониёни Олмони фашистӣ ва миллитаристӣ (ҳарбикунонидашуда) ба судшавандаҳо ҳисоботи пурра ва одилонаи аъмоли нангини онҳоро пешниҳод намоянд. Ин мурофиа то моҳи октябри соли 1946 давом кард.

Нюрберг, Барбарос ва Гитлер

Нюрберг бе асос ҷойи гузаронидани мурофиаи судӣ барои қабули қарор нисбати саркардагони фашистии ҷинояткорони ҳарбӣ интихоб нагашта буд. Беш аз 970 сол ин шаҳри қадимаи сарзамини Бавария, собиқ қароргоҳи шоҳони Бавария вуҷуд дорад. Дар муддати садсолаҳои зиёд он ҳамчун шабеҳаи истилогаронаи сиёсати «Империяи муқаддаси Рим» маҳсуб меёфт. Ин шаҳрро махсусан Фридрих Барбарос, ки тамоми умр хаёлҳои пучи ҳукмрони ҷаҳон гаштанро дар андешааш мепарварид, бисёр қадр мекард!

Васвосии хунхор Гитлер бошад бо тамоми ҳаракату рафтораш мехост ки ба ин «худо»-и худ Барбарос монанд бошад. Фюрер низ мехост, ки ҳукмрони ҷаҳон гардад. Дар Нюрнберг гитлерчиён қонунҳои нажодпарастонаи худро ба нашр расониданд, ки баъдан бо номи «қонунҳои нюрнбергӣ» маъруф гашта буданд. Беҳуда Адолф Гитлер намегуфт: «Шаҳри бовафо ва дӯстдоштаи ман»!

Дар инҷо ҷаласаҳои ҳизби фашистӣ ва ҳамоишҳои нажопарастонаи онҳо бо иштироки садҳо ҳазор фашистон, ки мақсади ҳукмрони олам гаштанро доштанд доир мегаштанд. Маҳз  бо ҳамин сабаби таърихӣ, мурофиаи судии мардуми  олам дар муқобили фашистони ҷинояткор дар ҳамин шаҳр доир гашт ва он бо иборае натиҷаи хулосаи ҷанги 2-юми ҷаҳон низ гашт ва мантиқан онҷо доир намудани мурофиаи судии байналмилалӣ дуруст низ буд.

403 ҷаласаи судӣ

Мурофиаи судӣ то моҳи апрели 1946 давом кард. Дар рафти мурофиаи судӣ 403 ҷаласаи судӣ доир гашта, тамоми судшавандаҳо ба истиснои Гесс ва Фрик нишодод доданд. Ҳамчунин 113 нафар шоҳид пурсида шуда, 143 нишондоди хаттӣ ва бештар аз 5 ҳазор ҳуҷҷатҳо ҳамчун далелҳои шайъӣ баррасӣ гаштанд.

Ба ғайр аз ин вобаста ба ташкилотҳои ҷинояткорона 101 шоҳид пурсида шуда, 1809 нишондоди хаттии шоҳидон баррасӣ ва 6 ҳисобот оиди мундариҷаи 196 ҳазор нишондодҳои хаттӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳангоми мурофиа бештар аз 30 ҳазор нусхаҳои аккосигашта ва тасдиқгаштаи ҳуҷҷатҳо тайёр карда шуда, ҷамъан бештар аз 50 миллион саҳифаи маводҳои чопгаштаро ташкил намуданд.

Матни русии пайнавишти мурофиа бо дарназардошти ҳукми трибунал 39 ҷилд, 20228 саҳифаро дарбар гирифта буд. Бештар аз 200 тонна коғаз 27 ҳазор метр плёнкаҳои овоздор ва 7 ҳазор фотопластика тайёр карда шуда буд. Ба Нюрнберг суратгири шахсии Гитлер, Гофман ва бештар аз 25 ҳазор акс оварда шуда, аз ин миқдор 1800 адади онро чун далели исботкунии ҷинояти фашистон пешниҳод намуданд.

Бояд гуфт ки миллионҳо метр кадрҳои кинофилмҳо тамошо ва як қисми ин филмҳо чун далели исботкунӣ дар ин мурофиа истифода гаштанд. Ҳамчунин дар ихтиёри намондагони Трибунали ҳарбии байналмилалӣ китобхона, ки дар он матбуоти даврӣ, китобҳои аз ҷониби  фашистон нашр гашта ва бойгонии вазорати корҳои хориҷӣ, бойгонии саркардаҳои ҳарбии Олмони фашистӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо қарор доштанд, ки ҳангоми исботкунии ҷиноятҳои фашистону ташкилотҳои фашистии онҳо аз ин далелҳо чун ҳуҷҷатҳои исботкунӣ босамар истифода бурда шуд.

Фаъолияти ҷинояткоронаи Гитлеру ҳамтоёнаш дар рафти мурофиаи байналмиалалӣ бо далелҳои раднашаванда исботи худро ёфт. Санаи 31.08.1946  ба ҳар як судшаванда сухани охирон дода шуд. Дар сӯҳбатҳои ғайрирасмии  трибунал ҳуқуқшиносони амрикоию англисӣ  мегуфтанд, ки сухани охирон чи лозим ҳаст? Ин институти мурофиавӣ дар ҳуқуқи англо-саксонӣ мавҷуд нест, лекин бо таклифи намояндаи СССР он ба Оинномаи Трибунали байналмилалии ҳарбӣ ворид карда шуд.

Сухани охирини Геринг, Гасс ва Риббентроп

Геринг (фашисти №2 баъди Гитлер) ҳангоми сухани охирон бо ҳар баҳона  нисбати қисме аз айбдоркунандагон шикоят овард, аммо далели исботкуние нисбати иддаои хеш пеш оварда натавонист. Ҳамчунин ӯ рӯирост дурӯғ гуфта, аз ҷавобгарӣ худро канора гирифтанӣ шуда, иброз медошт, ки ӯ бар зиддӣ ба таври оммавӣ қатл намудани одамон буда, ҷангро намехост. Дар хусуси ҷиноятҳои вазнин, ки «пинҳонӣ» иҷро мегаштанд чизеро намедонист.

Гесс бошад зимни сухани охирон аз худ одами номукаллаф ва гирифтори бемории рӯҳиро тарошиданӣ мешуд.

Риббентроп решаи чунин бадбахии ба вуҷуд омадаро дар Шартномаи Версал дида, гуноҳро ба болои масъулони сиёсати хориҷӣ зада, изҳор доштааст, ки масъули сиёсати хориҷӣ дигарон ҳастанд ва худро сафед карданӣ мешудааст.

Кейтел ҳангоми сухани охирон аз кардааш худро пушаймон ҳисобида, ҳамчунин аз фармони додааш оиди қиркунии одамон изҳори «бехабарӣ» намудааст.

Калтенбруннер ҳаракатҳои ҷинояткоронаи худро дар он медид, ки  қарзи фарзандияшро дар назди ватан «нафаҳмида», ӯро Гимлер ва дигарон «фиреб» додаанд.

Розенберг қасам мехӯрд, ки виҷдони ӯ тоза асту андешае ҳатто надошт, ки славянҳо ва яҳудиёнро ҷисман нест кунанд. Ӯ ҳатто мехостааст, ки чунин «ҷинояткоронро тибқи созишномаи байналмилалӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашанд».

Франк худро бегуноҳ тарошида, тамоми ҷиноятҳоро ба гардани Адолф Гитлер бор мекард. Ба гуфти Фрик ӯ тамоман гуноҳе надошта, чун ватандӯсти ҳақиқӣ баромад кардааст.

Штрейхер низ тамоми ҷиноятҳоро ба гардани Гитлер зада худро бегуноҳ метарошид.

Функ изҳор дошт, ки оиди ин ҷиноятҳои даҳшатнок, ки қисман ӯро ҳамроҳ кардаанд чизеро намедонад ва ин амалаш вайро маҷбур мекунад, ки каме «сурх» шавад. Дар ин корҳо ӯро Гимлер фиреб ва ҳамроҳ намуда будааст.

Тибқи сухани охири Шахт маълум мешавад, ки ӯ ба таври ифротӣ муқобили ин ҷанг буда, дар ягон амали ҷиноякорона иштирок надоштааст.

Денитс худро ҳамчун сарвари давлате, ки дар назди миллати олмонӣ масъул буд ва дар асоси виҷдонаш амал мекард муаррифӣ кард.

Редер қисман худро гунаҳгор шуморид, лекин на дар назди мурофиаи судӣ, ки аз тарафи одамон бурда мешавад, балки дар назди худованди ҷону хирад.

Ширах қоил шуд, ки ҷавононро барои Адолф Гитлер тайёр мекард, ки масуф миллионҳо одамонро кушт, вале тайёр аст, ки танҳо дар назди худо ва виҷдони худ ҷавоб диҳад.

Заукел бо садои аламовар гуфт, ки далелҳои ғайриинсонии дар мурофиаи судӣ рӯи об омада, қалби вайро ба дард овардааст ва бо гардани хело паст сари худро назди рӯҳи қурбониён фуруд меоварад. Ӯ дар қалби худ ҳама вақт маллоҳ, шахси тақводор ва оилаи хуб дошта боқӣ мемонад.

Йдол сухани охирини худашро барои сафед намудани роҳбарони олимақоми ҳарбӣ ва ҳамчунин худаш ба кор бурдан хост.

Папен бошад худро дар ҷинояткори гунаҳгор намешуморид ва гуён «дараке» надоштааст.

Зейсс-Инкварт андешаи хуберо қоил гашт: «Олмон вобаста ба манфиатҳои худ набояд хоҳони ҷанг бошад, бояд ба он чиз назар кунад, ки ягон кас ба дасташ яроқ надиҳад. Миллатҳои дигар низ ҷангро намехоҳанд».

Шпеер дар сухани охирини худ одамонро бо аҳамияти техника ва ҷанги оянда тарсонидан хоста, нисбати Гитлере, ки тамоми умр дар хизматаш қарор дошт ҳақоратҳои қабеҳро раво дид.

Нейрат мухтасар изҳор дошт, ки ӯ дар ягон ҷиноят гунаҳгор нест.

Фриче иброз намуд, ки гуноҳи ӯ дар он аст, ки ба гуфтаҳои Гитлер боварӣ дошт.

Ҳукм

Баъди сухани охирини судшавандаҳо раисикунандаи трибунали байналмилалӣ то санаи 23-юми сентябри соли 1946 танаффус эълом кард. Ҳайати трибунал барои баровардани ҳукм аз толор хориҷ гаштанд. Санаи 30-юми сентябри соли 1946 расо сати 10-и рӯз дар толори пур аз одамон қироати ҳукми Трибунали байналмилалии ҳарбӣ шурӯъ шуд. Ҳукмро тамоми аъзоёни трибунал ва муовинони онҳо бо навбат қироат мекарданд. Шахт, Папен ва Фриче, ки аз тарафи трибунал сафед карда шуда буданд, дар замон аз толори судӣ озод карда шуданд.

Рӯзи дигар, санаи 1-уми октябр қироати қисми қарории ҳукм шурӯъ карда шуд.

Судшавандаҳоро якнафарӣ ба толор дароварда ва Лорентс ба ҳар кадоми онҳо ҷазояшонро мехонд: «Трибунал шуморо бо фалон қисми хулосаи абдоркунӣ гунаҳгор шуморида, фалон ҷазоро таъин кард…»

Аввал Герингро оварданд, ӯ бо тамоми қисмҳои хулосаи айбдоркунӣ айбдор ва ба ҷазои қатл бо роҳи овехтан ҳукм гирифт.

Тибқи шаҳодати иштирокчиёни мурофиа судӣ аз СССР онҳо медиданд, ки Розенберг, Риббентроп, Кейтел, Калтенбруннер, Фрик, Франк, Йодл, Заукел Штрейхер ба истиснои Зайсс-Инкварт чи гуна аз шунидани ҳукми қатл меларзиданд. Розенберг, Риббентроп ва Йодлро муҳофизон лозим донистанд, ки аз ду тараф дошта истанд, зеро баъди шунидани ҳукми қатл онҳо дигар дар пояшон истода наметавонистанд.

Умуман тибқи ҳукмномаи Трибунали байналмилалии ҳарбии Нюрнберг 12 нафар саркардагони фашистӣ ба ҳукми қатл (Борман ғоибона) маҳкум гашта, 7 нафарашон ба мӯҳлатҳои дароз аз озодӣ маҳрум карда шуданд. Чунин буд натиҷаи мурофиаи аввалини байналмилалии ҳарбии судии башарият.

Трибунал ҳамчунин ҳайати роҳбарикунандаи ҳизбимиллӣ- сотсиалистӣ, отрядҳои муҳофизавии ин ҳизб чун «СС», гурӯҳҳои хадамоти бехатарӣ «СД», пулиси давлатии махфии ҷазодиҳии «Гестапо»-ро ҳамчун ташкилотҳои ҷинояткорона эътироф намуд.

Шарт ва бахшиши гуноҳ

Баъди эъломи ҳукмнома барои дархости авфи гуноҳ мӯҳлати 4-рӯза муқаррар гашта буд. Роҳбарияти машинаи ҷинояткоронаи ҳарбии Олмон ба ин умеди калон дошт. Оиди бахшиши гуноҳ тамоми ҷинояткорон ба ғайр аз Калтенбруннер, Шпеер ва Ширах дархост пешниҳод карданд. Аввалӣ ба он хотир, ки ба бахшидани гуноҳаш боварӣ надошт, дуи дигар азоне, ки ҳукми қатли онҳо на тариқи доркашӣ балки бо роҳи паррондан иҷро мешавад хушнуд буданд. Адвокат Берголд барои бахшиши гуноҳи Борман дархост пешниҳод кард. Ҳимоягарони ташкилотҳои ҷинояткорона бошанд барои аз нав дидани ҳукмнома дархост оварданд.

Маҳкумшудагон ҳамчунин як қатор хоҳишҳоро пеш оварданд.

Масалан, Редер хоҳиш намуд, ки ҳабси якумраи ӯ ба ҳукми қатл иваз карда шавад. Геринг, Йодл, Кейтел хоҳиш намуданд, то дар ҳолати рад гаштани хоҳишашон оиди авфи гуноҳ тарзи иҷрои ҳукми қатлашон аз доркашӣ ба паррондан иваз карда шавад. Санаҳои 9-ум ва 10-уми октябри соли 1946 дар Берлин ҷаласаи Шӯрои назорати оиди Олмон доир гашта, дархостҳои мазкурро дида баромада , чунин қарор кард:

  1. Қабули дархост оиди соқит намудани қисмати ҳукмномаи вобаста ба эътирофи ҳайати роҳбарикунандаи ҳизби миллӣ- сосиалистӣ, отрядҳои муҳофизавии ин ҳизб чун «СС» , гурӯҳҳои хадамоти бехатарӣ «СД», пулиси давлатии махфии ҷазодиҳии «Гестапо» ҳамчун ташкилотҳои ҷинояткорона ғайримақбул аст, зеро Шӯрои назоратӣ ваколати баррасии ҳукми Трибунали ҳарбиро надошта, танҳо ҳуқуқи тадбиқи авфкунӣ (бахшидан)-ро дорад.
  2. Дархости Редер ғайриимкон аст зеро, ки Шурои назоратӣ танҳо ҳуқуқи авф карданро бо ҳукми аллакай қабулгашта дошта, дар ин асос тадбиқи ҷазои пурзӯрро пешниҳод карда наметавонад.
  3. Дархости Геринг, Гесс, Розенберг, Риббентроп, Кейтел Фрик, Франк, Йодл, Заукел, Штрейхер, Зейсс, Инкварт, Денитса, Функа,Фон-Нейрато оиди авфи онҳо рад карда шавад.
  4. Дархости Геринг Йодл ва Кейтел оиди дар ҳолати рад гаштани хоҳиши онҳо оиди бахшиши гуноҳ вобаста ба ивази тарзи иҷрои ҳукми қатлашон аз доркашӣ ба паррондан рад карда шавад.
  5. Дархост бахшиши аз номи Борман воридгашта бинобар бармаҳал буданаш рад карда шавад, аммо ба ӯ ҳуқуқ дода мешавад, ки дар мӯҳлати 4 рӯза баъди ҳабсаш бо чунин дархост муроҷиат намояд.

Бегоҳии санаи 15-уми октябри соли 1946, полковник Эндрюс, ки масъулияи ҳифзи маҳбусон ба зиммаи ӯ  вогузошта шуда буд ба назди ҳар 1 маҳкумшуда рафта, оиди рад гаштани дархости онҳо вобаста ба  бахшиши гуноҳ аз тарафи Шӯрои назоратӣ хабар расонид. Нимишабӣ полковник Эндрюс ба утоқи рӯзноманигорон давида омад оиди ҳалокати Геринг хабар медиҳад. Иттило медиҳад, ки сарбози муҳофиз садои нолиши ҷонкоҳро шунида, фавран офитсер ва табиби навбатдоро ҷеғ мезанад. Герингро дар ҳолат ҷонканӣ дармеёбанд. Табиб дар даҳони ӯ хокаи моддаи ишқориро ёфтааст.

Ба ҳайси шоҳиди расмии халқи немис ҳангоми иҷрои ҳукми қатл вазир-президенти Бавария доктор Вилгилем Хогнер ва обер-прокурори шаҳри Нюрнберг, доктор Фридрих Лейснер иштирок намудаанд. Ба онҳо камераҳои маҳкумшудагон аз ҷумла камераи ҷасади Геринг, ки дар кат хобонда шуда будааст нишон дода шудаанд. Соати 00.55 даққиқаи шаби 15-ум ба 16-уми октябр ба вақти Берлин, рӯзноманигорон Хогнер ва Лейснер ва табибонро ба нуқтаи охири маҳбасхона, ки онҷо толори гимнастика воқеъ будааст, бурдаанд.

Дар онҷо 3 дори мехиконидашудаи дар такягоҳи чӯбин сохташуда гузошта шуда будаанд.

Ба онҷо полковник Эндрюс, роҳибони маҳбасхона (католику протестанд), офитсерони муҳофизатии амрикоӣ, аъзоёни Шӯрои назоратӣ -генералҳои шӯравӣ,  амрикоӣ, англисӣ ва франсавӣ ворид гаштаанд. Аввалан барои иҷрои ҳукм Риббентропро овардаанд. Ӯ дар ҳолати ҳаяҷони сахти рӯҳӣ қарор доштааст. Рӯҳонӣ мухтасаран дуо мехонад ва сержанти артиши амрикоӣ Ҷон Вуд ба сари ӯ зуд қалпоки сиёҳ ва ресмонро андохта, фашанги дорро зер мекунад маҳкумшуда ба талвосаи ҷон медарояд…

Бо навбат дигар маҳкумшудагон низ ба дор овехта мешаванд. Баъдан ҷасади ҳамаи доркашидашудагон ва ҳамчунин ҷасади Геринг қатор ва аксбардорӣ гашта, сӯзонда, хокистарашон тариқи ҳавопаймо ба бод дода мешавад!

Чунин буд натиҷаи ин мурофиаи машҳуртарини байналмилалии судии ҷинояткорони ҳарбӣ, ки дар натиҷаи оқибати кори харобиовар ва ҳаракатҳои ҷинояткорона ин ашхоси аҳриманпеша миллионҳо куштаро аз худ ба ҷой гузошта,  ҳазорон шаҳру деҳоту корхонаю муассисаро  хароб ва оламро пур аз хору зор намуда буданд.

Таҷрибаи Трибунали байналмилалии ҳарбии Нюрберг барои ояндаи башарият ва пешгирии фашизм ва равияи нажодию миллатпарастӣ барои даҳсолаҳо дар сайёраи азияткашидаи Замин кор дод ва дар оянда то як фосилаи зиёде садои тупу танку ҳавопаймоҳои бомбаандозро хело коҳиш дод.

Натиҷаи таҷрибаи ин мурофиаи беназир боиси қабули 1 қатор санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ оиди пешгирии ҷинояткорӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои марбут ба генотсид гашта, ба раванди рушди иниститутҳои байналмилалии мурофиаҳои ҷиноятии зидди ҷиноятҳои башарият, аллахусус пешгирии ҷиноятҳои марбут ба генотсид  таъсири зиёди мусбӣ  расонид.

Маҳз мурофиаи суди байналхалқии Нюрнберг ҷинояти  фашистонро чун ҷинояти  зиддӣ  тухмаи одамӣ, зидди башарият, генотсид эътироф намуд. Ҳуҷҷатҳои ин мурофиа дар моҳи декабри соли 1946 аз ҷониби СММ  ҳамчун нормаҳои меъёрии байналмилалии амалкунанда қабул гаштанд. Дар моҳи августи соли 1979 ин асосҳо дар Конгресси умумиҷаҳонии ассотсиацияи илмҳои сиёсӣ, ки олимони сиёсатшиносӣ зиёда аз 60 кишварро дар бар мегирифт тарафдорӣ ёфтанд.

Ин мурофиа ва  рӯйдоди ҷиноятҳои мудҳиши гитлерчиён сабаб гашт, ки  институтҳои ҳуқуқӣ, созмонҳои байналхалқӣ, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи бисёр кишварҳо ба ҷинояти зидди инсоният, зидди тухмаи одамӣ диққати махсус  диҳанд.

Варқаи Зайниддин,

Ёвари калони прокурори вилояти Хатлон,

мушовири адлияи дараҷаи 1,

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube