Салом СССР ва хонандагони гиромиқадри он! Матлаби илмии номзади илмҳои педогогӣ, ходими калони илми Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рудакӣ Ҷамолиддин Саидзодаро дар рӯзномаи «Минбари халқ» №16 (1517) аз 16.04.2025 таҳти унвони «С. Айнӣ ва Турсунзода»-ро хондам.
Дар 1 ҷой омадааст: «Устод С. Айнӣ дар ду давра зиндагиву эҷод кардааст, нисфи зиндагиаш дар давраи тираву тор, нисфи дигараш дурахшон сипарӣ мешавад, аз ин рӯ устод М. Турсунзода дар мақолаи «Сардафтари адабиёти тоҷикӣ» худ дар бораи зиндагии талху ширини устод ба тафсил суханронӣ карда, давраи якумро давраи номуродии устод, Айнӣ тавъам ба зиндагии халқаш ба тасвир мегирад ва сарнавишти пур аз мусибати миллатро аз замони А. Рудакӣ то фурӯпошии аморат ёдовар мешавад.
Ӯ солҳои охири умри А. Фирдавсиро дар таъқиб, Синоро дар ғурбат, Носири Хусравро дар бадарға, Адиб Собирро дар марги фоҷеавӣ, ки то устод С. Айнӣ умри худро сипарӣ кардаанд, ба қалам додааст… «С. Айнӣ буданд ва дар нокомӣ зиндагӣ кардаанд ва ба фоҷеаҳо гирифтор гардидаанд, ном мебарад».
Аз ҷумла С. Айнӣ 75 чуб дар тахта пушт хурдану дар зиндон (обхона) партофта гардидан, Мирзо Ҳайити Саҳборо аввал сангсор карда, кушта ва баъдан бадани беҷони ӯро бузкашӣ кардан, Ш. Шоҳинро аз ҷабру ҷафо ва зиндагӣ то силмарг гардонидан ва дар айни авҷи камолоти умру эҷод фоҷеавӣ ҳалок гардондан аз ҷабру ҷафоҳои амири «одил» Олимхон далелҳои равшан, аст аз ҳукуматдории «давлати миллӣ», (Ҳ.С). Зеро ҳамаи онҳо маорифпарвар буданду тарғибгари илму дониш ва саводнок гардондани мардум буданд.
Дар мактуби «Ба дӯст ва муаллим Сталини Кабир» С. Айнӣ аз гузаштаи миллат, ғуломию бардагию асорат, хориву зорӣ, асрҳои дуру дароз бе ному нишон ва зинда дар гӯр будани тоҷикон ва маҳз дар натиҷаи ғалабаи инқилоб ба озодӣ расидан, соҳиби ҳуқуқ, ном, давлат гардиданро» … зикр кардааст.
Имрӯз Ӯ (С. Айнӣ) на фақат созандаи ҳаёти нав, эҷодкор, роҳнамои аҳли қалам, балки падари миллат, устоди насиҳатгар, омӯзгори пуртаҷриба, ҳамадон, нобиға, тарбиятгари насли ҷавон (Қаҳрамони Тоҷикистон) шинохта шудааст.
Нисбати Инқилоби Октябр устод С. Айнӣ дар мақолаи «Қувваи тарбиявии Октябр» навиштааст; «Октябр натанҳо тоҷиконро ба сифати миллат зинда ва аз нав ташкил намуд, балки ба онҳо адабиёти советии ҷаҳонӣ ҳам дод. М. Турсунзода, ки асарҳои вай дар забонҳои гуногуни беруна тарҷума шудааст, меваи Октябр мебошад.Ҷ. Икромӣ, М. Миршакар, Р. Ҷалил, Ф. Ниёзӣ ва С. Улуғзода барин даҳҳо адибон ва шоирони намоёнро ба мо Октябр додааст».
Дар мактуби «Зафарномаи халқи Тоҷикистон» (с 1936) бошад устод С. Айнӣ баён доштааст:
«Тоҷикон маҳз дар натиҷаи пирӯзии Инқилоби Октябр аз асорати ҳазорсолаи бегонагон, турку муғулу манғит (аморати Бухоро) озод гардида, соҳиби бахту иқбол, замин, давлат, пойтахт мегарданд, хусусан занон аз зери чодар бурун меоянд».
Ниҳоят иқтибос аз мақолаи ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ профессор С. Ятимов «Садриддин Айнӣ ва Инқилоби маданӣ»; «Дар шароити хатари марговар ба ӯ ва ҷигарбандаш ду сол қабл аз Инқилоби Бухоро ҳанӯз соли 1918, бидуни такягоҳу пуштибон сохти амириро рӯи рост «хонаи бедоду ситам», «маҳкамаи ҷабр» маҳкум, «он қозиву муфтиву он шоҳу вазир»-ро орзуи сарнагун кардан дошт. Ҳамчун инқилобчӣ мардонавор қад барафрохт. То охири умр ба муқобили ҷаҳонбинӣ, рӯҳу маънавиёти миллаткуш ва урфу одати боқӣ мондани замони кӯҳан мубориза бурд».
С. Ҳайдаров
н. Темурмалик
