Ин ибораи машҳури сарлавҳа «Атом ҷанговар нест, атом коргар аст» ба қалами физики машҳури илми СССР Игор Курчатов, падари саноати атоми Шуравӣ тааллуқ дорад. Курчатови машҳур ба он пайваст, ки ҳама гуна истеҳсоли ҳаста (атом)-дор, ё ҳастайӣ (атомӣ) бояд ва ҳатман ба манфиати инсони Замини зебоманзари биҳиштосо хизмат кунад, на барои нобуд кардани он.
Игор Васильевич Курчатов (1903-1960) бузургтарин физикдони Шуравӣ ва Ҷаҳон, падари бомбаи атомии Шуравӣ, 3 карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1949, 1951, 1954), Академики АИ СССР (1943), доктори илмҳои физика-математика (1933), устоди бузург (профессор) (1935), асосгузор ва директори аввалин Донишгоҳи энержияи ҳастаӣ (атомӣ) (1943-1960), роҳбари илмии лоиҳаи атомӣ дар ИҶШС, яке аз асосгузорони истифодаи энергияи ҳастаӣ барои хизмати осоиштаи мардум, дорандаи ҷоизаи Ленин (1956) ва чор ҷоизаи Дараҷаи Якуми Сталинӣ (1942, 1949, 1951, 1953) мебошад.
Иштироки мухбири “СССР” дар “Обнинск NEW 2025”
Панҷшанбеи рӯзи 26-уми июн мухбири “СССР”-ро барои иштирок дар сеюмин Анҷуман (форум)-и байналмилалии ҷавонони ҳастаомӯзи “Обнинск NEW 2025” даъват карданд. Анҷуман дар толори машҳуртарин Академияи техникии “Росатом”-и шаҳри Обнински вилояти Калуга баргузор карда шуд. Дар он зиёда аз 400 донишомӯзи ҷавон аз 70 кишвари ҷаҳон гирди ҳам омад. Сарварии Анҷуманро Алексей Лихачев, ходими давлатӣ, Директори генералии корпоратсияи Давлатии энержии “Росатом” ба уҳда дошт. Эшон достони оғози кори атомсозон, коркард, саноъат ва равиши ҳамкории коршиносони кишварҳоро дар ин самт ба донишомӯзи ҷавон ривоят кард. (Лихачёв дар минбар)
Мухтасари зарурати даст задани инсон бо атом
То охири ҶБВ (1941-1945) низомиёни Олмони фашистӣ истеҳсоли бомбаи атомии бо номи “Яроқи ҷазо”, «Фау-1», немисии “Vergeltungswaffe-1”-ро сохта бароварданд. Ҳамон моҳи майи соли 1945 Артиши Сурх ва низомиёни ИМА ҳар он чизе, ки аз коркарди бомбаи атомии немиси фашистӣ ёфтанд, ҳамроҳ бо баъзе аз коршиносони асир гирифта, бо нақшаву лоиҳаи ба даст омада, ба кишвари худ бурданд. Рӯзи 9-уми майи соли 1945 Ғалабаи мардуми Шуравӣ аз болои фашизми гитлерӣ эълон шуда, гӯё ба ҷанги ҷаҳонӣ хотима гузошта шуд. Ногаҳон баъди 88 рӯзи сипарӣ шудани ин ҷанги хонумонсӯз, ИМА рӯзи 6 ва 9 августи ҳамон сол ду бомбаи атомиро ба замини шаҳрҳои Хирошима ва Нагасакии Ҷопон партоб карда, дар чанд дақиқа 100-ҳо ҳазор мардумро қир карданд. Ҳамин рӯзҳоро оғози ҷанги ядройӣ ҳисоб мекунанд.
Ташкил ва азхудкунии энергияи атомӣ аз ҷониби СССР
Тавре дар сурати ҳуҷҷати аз ҳад зиёд махфии Кумитаи Давлатии Ҳимоя (№ ГОКО 9887 сс/оп) мебинем, ки он рӯзи 20 август, яъне баъди 11 рӯзи таркондани бомбаи атомӣ дар замини Ҷопон ба таври хеле сахти фаврӣ (совершенно секретно) қабул карда шудааст. Акнун мо 80-умин солгарди рӯзи атоми СССР-ро ҷашн мегирем. Ин гуруҳи ниҳоят махфиро Лаврентий Берия (1899-1953), Комиссари давлатии бехатарии СССР ва 8 нафари дигар, ки миёни онҳо Курчатов низ мебошад, роҳбарӣ карда, самти асосии тадқиқот, ҳалли масъалаи азхудкунии энергияи ядроӣ, эҷоди назарияи реактор ва оғози таҷрибаи муҳимро муайян кард.
Баъди ана ҳамин бузургтарин ҷинояткориҳои роҳбар ва низомиёни ИМА, яъне 6 ва 9 августи соли 1945 бомбаборон кардани шаҳрҳои Хирошима 13 килотонн ва Нагасаки 21 килотонн, ки мардуми зиёдро нест карда буд, сардори СССР Иосиф Сталин (1878-1953) қарори зеринро ба имзо мерасонад.
То ҳол дониши СССР-и Бузург асосгузори саноати атомист
Баъди 9 соли фармони (№ ГОКО 9887 сс/оп), рӯзи 27 июни соли 1954, яъне 70 сол пеш, аввалин нерӯгоҳи барқи атомӣ дар ИҶШС дар шаҳраки Обнинск, дорои қудрати 5 Мвт., ба кор дароварда шуда буд. Бо ҳамин, давраи ба таври осоишта истифода бурдани неруи атом оғоз мегардад. Рӯзи 29 апрели соли 2002 чархаи ин неругоҳ аз гардиш бозмонда шуда, ҳоло ҳамчун маҷмааи илмӣ-пажуҳишӣ ва яке аз бузургтарин ёдгории донишманду муҳандисони собиқ СССР-и абарқудрат амал мекунад.
Аввалин киштии яхшикаши атомии ба номи “В.И. Ленин” дар корхонаи шаҳри Ленинград рӯзи 5 декабри соли 1957 сохта, ба оби дарё бароварда шуду буд. Баъди 53 соли кори осоишта, рӯзи 5 майи соли 2009 ин яхшикани машҳури ҷаҳон ба бандари шаҳри Мурманск оварда шуд. Бо ҳамин дили пурҳарорати пур аз неруи ҳастаии аз кор бозмондаи киштиро ба яке аз маркази муосири намоишгоҳ ин шаҳр табдил доданд.
Аввалин мушаки атомӣ дар СССР дар доираи лоиҳаи бо номи рамзии “РДС-1”, ё “Маҳсулоти 501», таҳти роҳбарии донишмандон Игор Курчатов ва Юлий Харитон (1904-1999) таҳия карда шуд, ки посух ба бомбаи атомии амрикоӣ сохта шудааст. Озмоиш 29 августи соли 1949 дар полигони Семипалатински РСС Қазоқистон баргузор шуд. Ин сана ба ПАЙДОИШИ СИЛОҲИ ҳастаӣ ДАР СССР ва оғози мусобиқаи ҳастаии силоҳ бо ИМА ишора кард. Вазни он тақрибан 4,7 тонна, бараш 1,5 метр, дарозияш 3,3 метр, бо қувваи 22 килотоннаро ташкил медод. Сохтани ин бомба марҳилаи муҳим дар мустаҳкам кардани қобилияти мудофиавии СССР ва тағйир додани тавозуни ҷаҳонии қувваҳо буд. (Академик Харитон дар назди бомба)
То кунун олимони солхурдаи Шуравӣ дар наздики 90 кишвари дунё неругоҳҳои атомӣ сохта, барои бо барқу равшан кардани рӯзгори инсоният хизмат доранд.
Кадом кишвар бомбаи атомӣ зиёд истеҳсол кардаст?
Албатта шумори чунин яроқи қиркунанда аз ҳад зиёд махфист. Ба ҳар ҳол, аз рӯйи баъзе аз хабарҳои ба даст расида, чунин маълумоти носаҳеҳ дорем, ки: Кореяи Шимолӣ – 20, Исроил – 90, Ҳиндустон – 160, Покистон – 165, Британияи Кабир – 225, Фаронса – 290, Чин 350, ИМА – 5428, Россия – 5977, ҷамъ – 10 705 дона, ки ҳар кадоми ин мушакҳои атомӣ 10-ҳо бомбачаҳо (боеголовок)-аи дигар, дар дохил доранд. Бубинед, ки бомбачаи Хирошимо 13 ва Нагасаки 21 килотонн буд. Масалан, танҳо ракетаи баллестикии “Булава” (Табар) дорои 10 бомбача буда, ҳар кадом то 150 килотонн, яъне 1150 килотонн зарбаи ядройӣ дорад.
Ба завқи пуршӯру масхарабозии олимони бомбасоз нигаред, ки чӣ хел ракетаро номгузорӣ кардаанд, ки ҳам хандаовар асту ҳам даҳшат.
Дар СССР «Сармат», «Ярс», «Тополь-М», «Буревестник», «Акация» (Буттаи хушбӯ), «Минитмен» (Ҷанговари озод), дар Амрико, дар Чин “Дунфэн” (Шамол аз шарқ), “Тзюйлан” (Мавҷи бузург), “Чанчжэн” (Сафари бузург), дар Эрон “Ораш”, “Деҳлавӣ”, “Зулфиқаҳор”, “Қавм”, “Насри-1”, “Нур”, “Туфон”, “Фалак”, “Фотеҳ-1”, “Шаҳбоз”, “Алмос”, “Фатҳ” ва “Зафар” номгузорӣ кардаанд.
Худо накунад, ки агар чунин 1 (Ҷанговари озод)-ро тарконанд, ки (Мавҷи бузург)-и (Буттаи хушбӯ) дар Замин (Сафари бузург) карда, аз “Зафар”-и несткунандаи на танҳо инсон, балки нобуд кардани курраи Замин мегардад. Аз ин Замини нозанин ба ғайр аз гарду ғубор дар фазои кайҳон чизи дигаре боқӣ нахоҳад монд. Аз ҷонвар гуфтанӣ махлуқи Замин абаддудаҳр ному нишоне нахоҳанд гузошт.
Саҳми тоҷикон дар кори ҳастаӣ
Шумо дар ин расм Фараҳноз Маҳмудова, духтараки хеле зебову донишҷӯи фаъоли факултаи коршиносии неругоҳи атомии Донишгоҳи миллии пажуҳиши ҳастаии шаҳри Москваро мебинед. Дар ин Донишгоҳи зарури замонавӣ наздики 10 ҷавони ташнаи дониш аз кишвари мо дарс мегирад. Ҳамроҳ бо мухбири “СССР” Фараҳноз ягона иштирокчии ин Анҷуман буд. Хатмкардаи гимназияи ба номи нависандаи машҳури рус Максим Горкийи шаҳри бостонии Хуҷанд мебошад. Омӯзгори муҳтарам Хуршеда Атобоева роҳбари синфи онҳо буд. Дар суҳбат ишора ба он кард, ки дар Тоҷикистон низ соҳаи атом равнақ дорад, ӯ давомдиҳандаи ин кори осоишта дар хоҷагии халқи Тоҷикистони азиз хоҳад шуд. Дар ҳимояи кори дипломӣ сарбаландӣ ва ба кори осойишта ӯ бузургворӣ хоҳонем. Аз фурсат истифода карда, ба воситаи ин рӯзномаи мардумӣ ба падари Фараҳноз Парвизҷон Маҳмудов ва модари меҳрубони ӯ Мавзуна Маҳмудова барои тарбияи чунин фарзанди нек, изҳори миннатдорӣ менамоем.
Ману Сайёфи сармуҳарир дар майдони кайҳоннавардон (полигон)-и “Байконур”-и Қазоқистон дар қатори миллионҳо сарбози Шуравӣ, 1 замоне адои хизмати аскарӣ карда, 2 сол такягоҳи сулҳу оромии ҷаҳон шуда будем. Мо аз наздик дидаем, ки ракета чӣ хел зебову муъҷизаи дастони одами замон аст, ки ба ҳастӣ мебарад, ё ба нестӣ.
Шамсиддини Муқим,
СССР,
шаҳри Обнински вилояти Калуга
