Қиссаи мардонагию ҷавонмардӣ

Устод Сотим Улуғзода нависандаи забардасти тоҷик мебошад ва бо роману қиссаҳои таърихиаш ба монанди “Восеъ”, “Достонҳои Шоҳнома”, “Фирдавсӣ”, “Навобод”, Ривояти суғдӣ” байни хонандагони дохилу хориҷи маълуму машҳур гаштааст. 47 сол пеш қиссаи “Ривояти суғдӣ”-ро хонда будам ва дар хотирам номи қаҳрамонҳои марказиаш Виркану Наниманча монда буданд. Ва муясарам гашт, ки имсол бори дигар қиссаи таърихиро бо як нишаст хонда бароям. Қиссаи ҳуҷҷатӣ буда, воқеаю ҳодисаҳоро аз соли 670 мелодӣ дар бар мегирад. Нависандаи таърихнигор Сотим Улуғзода тавонистааст, ки хонандаро ба симои арабҳои саҳронишин, қотил ва роҳзанҳо шинос намояд.

Виркани 30- сола, ки ҷавони танумандам паҳвонҷусса ва ҷанговари моҳир шуда буд, дар биёнибони Мадина бо роҳзанони Молик-ибн-ур Райб рӯ ба рӯ омад, корвони шутурони савдогари бухороӣ Нуфарнро муҳофизат намуд. Чокирон (сарбоз)-и мусаллаҳ муқобили роҳзанони араб истодагарӣ карданд, онҳо маҷбур шуданд, ки ба оқиб роҳи гурезро пеш гиранд. Нуфарн Вирканро, ки дар гуштингирӣ бо паҳлавон Ёдхишетак дар рӯзи иди Навсард (Наврӯз) мағлуб шуда буд, бо чорсад дирам ҷонашро харидорӣ ва ғуломаш кард. Асп, сипар, шамшеру кулоҳи Вирканро Нуфарн бо чорсад дирҳами дигар харид. Бо илтимоси Ревахшиён-падари Виркан бозоргон онҳоро ҷавоб дод, то бо Наниманча падару ҳамдеҳагонаш хайру хуш намояд.

Қаҳрамони марказии қиссаи воқеии “Ривояти суғдӣ” Наниманча мебошад. Ӯ барои номусу шарафи худ муқобили нобаробариҳои замона, ки ғосибони араб роҳандозӣ менамуданд, эътирози худро дар озод кардани шавҳараш Виркан бармало ба миён гузошт. Вале Саид ба Молик супориш дод, ки “Шавҳарашро гирифтӣ, занашро ҳам бигир, ӯро ба ту бахшидам”. Наниманча қасди гурехтанро аз чанголи қотилон беҳтар донист. Вақте, ки рафтуои одамону қаравулҳо камтар шуд, аз хайма берун баромад ва роҳи биёбонро пеш гирифт, вале дур рафта натавонист. Посбонони Молик аз гурехтани Наниманча хабардор шуда аз пасаш шуданд ва ӯро дасгир намуда, кашон-кашон оварда, ба чодар афканданд.

Наниманча ғуломони Саид ва ҳамроҳи дигар ғуломон ба сӯи Тирмиз ронда шуд. Ҳангоми гузаштани дарёи Ому ӯ навҳа намуда, ба писари дусолааш Шеркавич, модараш ва ба диёри азизаш хайру хуш намуда, худро аз пул ба дарё андохт. Хабари ҳалокати Наниманчаро дусти ҷанговари Виркан Ромтиш ба ӯ расонд. Хабари шум Вирканро моту мабҳут ва такони сахте хурду ба замин нишаст. Пагоҳӣ шариконаш бедор шуда, дар ҳолати нишаста ӯро диданд, ки мӯи сараги батамом сафед шуда буд.

Ҳафтоду нуҳ ғуломе, ки исён бардошта буданд дар кӯҳу биёбони араб қаҳрамонона ҳалок шуданд. Виркану Ромтиш низ миёни онҳо буданд. Подшоҳзодаи самарқандӣ Вағдварз болои баландӣ, лаби ҷарӣ рост истода:- Зинда таслим намешавем, падруд бародарон,- гуфта худро ба ҷарӣ ҳаво дод. Аз паси ӯ дигар рафиқонаш худро ба ҷарӣ ҳаво доданд. Саворони араб аз мардонагии ғуломони дирӯза моту мабҳут монданд.

Нависандаи сеҳрнигор Сотим Улуғзода қиссаи ҳуҷҷатиро соли 1975 дар муддати 5 моҳ навиштааст. Қисса бо забони соддаю равон пешкаши хонанда гардидааст. Хонанда пас аз хондани қисса ба бераҳмии ғоратгарони аҷнабӣ шинос мешавад ва нафрин ба онҳо мекунад. Забони ширини қиссаи навиштаи устод Сотим Улуғзода хонандаро илқо мекунад, ки чанд маротиба онро гаштаю баргашта хонда, муборизаи халқи тоҷикро нисбати яғмогарони беруна эҳсос намуд. Қиссаи таърихӣ ҳушдор медиҳад, ки гузаштагони мо барои озодии ватан муқобили ҳар истилогар мардонагӣ нишон дода метавонад.

Зайнуллобиддин Ҳусейнов,

узви ИЖТ,

н. Ёвон

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube