Забон ва имон

Банда шоири нуктасанҷ Мирзо Рустамзодаро надидаам, вале бисёр эҳтиром мекунам, аз «Фейсбук» бо нишондоди наберагонам шоҳбатҳояшро мехонаму «алайк» мемонам. Мақолаи «Забони тоҷикӣ ва номи тоҷикӣ” («СССР», № 23, 5.06.2025) басо олиҷаноб аст. Шод гаштам, ки Мирзо барин миллатдӯстон дорем, сипоси беҳад!

Дар моддаи 3-юми Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатӣ» омадааст: «Ҳар як шаҳрванди ҶТ вазифадор аст, ки забони давлатиро донад». Донистани забони давлатӣ ҳам шарту ҳам фарз аст, аммо ба номи тоҷикӣ иззат нагузорем, пас ин эҳтиромамон рӯякист. Имони мо ҳамон вақт комил аст, ки дар дил тасдиқ кунем, аммо дар дил ба кадом забон ният мекунем?

Футболбози арабро дидам, ки салиб кашид, номаш арабист, аммо худ ғайридин аст. Домулло Исмоил Пирмуҳаммадзода гуфта буданд, ки одам бо ном мусалмон ё кофир намешавад. Ба мусулмонзодае номи пайғамбареро гузошта буданд, тавба кардам, мувофиқи гуфторашу рафтораш ба номи ӯ калимаи фаҳшеро ҳамроҳ карда, вайро муаррифӣ мекарданд. Агар бо ном мусалмон бошем, пас мусалмонӣ осони осон будааст. Инро барои чӣ мегӯям? Ба маҳлуқоне мегӯям, ки номи зебои тоҷикияшонро ба арабӣ иваз карданд.

Дар Осиёи Миёна 80% қавмҳои дигар номи арабӣ надоранд ва аз номи миллии худашон ифтихор мекунанд: Сотиболдӣ, Олтибоев, Саксонбой, Турсун, Дӯрман, Лақайбой, Қундуз, Ойхоним, Ӯғулой, Тӯрабой, Турдӣ, Кумуш, Олтинбой, Тӯқсан, Ботир, Бегим, Тангриқул, Сезгир, Довюрак, Чиройлӣ, Гӯзал, Тӯйғин, Эгам, Арслон, Эшмат, Бердӣ…Ин қабилаҳо ба фарзандонашон номи тоҷикӣ низ мегузоранд: Ҷаҳонгир, Хусрав, Диловар, Бахтовар, Дилбар, Дилафрӯз, Фирӯза, Нозанин, Рустам, Суҳроб, Озода, Гуландом, Шаҳзод…аммо духтари тоҷик аз исми арабияш «Сумая» ифтихор дорад, намедонад, ки маънии номаш заҳролудшуда аст, Роҳила бошад, маънии хар ё худ маркабро доштааст. Борҳо гуфта будем, ки номи Ҳасану Ҳусейн ва Фотимаву Зуҳро аз ҳад зиёд шудааст. Охир, Ҳасану Ҳусейн дугоник набуданд, Фотимаро бо сабаби сафедрӯй таваллуд шуданаш Заҳро номиданд. Агар дар деҳаи мо Ҳасан гӯед, 5-6 нафар «ҳа» мегӯянду боиси масхара ҳам мешаванд.

Ман ба пешниҳодҳои Мирзо Рустамзода 100% тарафдорам ва илова мекунам:

– Аз феҳристи номҳо исмҳои арабие, ки маънии бад доранд, хориҷ карда шаванд, умуман, кам будани исмҳои ба ном «арабӣ» беҳтар аст, ҳол он ки аксари ин гуна номҳо дар асл яҳудӣ – ибриянд.

Аз номи тоҷикии хеш бояд ифтихор кунем!

Ҳаким Алӣ,

деҳаи Ғуриёт, ш. Ҳисор,

тел: 918777386

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube