Ҳошим Гадо фахри Тоҷикистон аст!

Дуруд СССР! Дар мардуми мо чунин одат аст, то чизеро гум накунем ё аз даст надиҳем, ба қадру қиматаш намерасем. Ба қадри ҳунарманди асил Ҳошим Гадоев дар ҳаёт буданаш бояд расид, аз ҳолу аҳволаш мунтаъзам хабар гирифт ва рӯҳияашро болида гардонид.

Вақте сину соли ҳунарманд ба ҷое мерасад бо каме сухани ноҷо озурда ва бо каме сухани хуш чун гул мешукуфад.

Сухан гоҳе газад монанди ору,

Сухан гоҳе гирад худ ҷои дору,

гуфтаанд.

Устод Ҳошим Гадоев ростгӯю ростқавл буда, дурӯғу дуруғгӯиро бад мебинад. Инро аз гуфтору рафтору пиндор ва навиштаҳояш эҳсос кард. Мисол биёред, ки кадом шоиру нависанда ва ё ҳунарманде, 1000 китоб навиштааст? Эҷодӣ 1000 китоб магар осон аст???

Гулрухсор Сафиева: «Ҳайфи Ҳошим Гадоев, ки тоҷик таваллуд шуду дар Тоҷикистон ба дунё омад. Агар аз дигар миллат ба дунё меомад, бо ин қаду қомат, ҳунару чеҳра ва бақувватиаш дар баробари Арнолд Шварснегер ва ҳунармандони номдори олам қадр медошту қимат пайдо мекард. Вале афсус».

Ҳошим Гадоев: «Ман они қоқ мехӯраму обрӯи миллатамро намерезонам».

Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода, рӯҳонӣ ва донишманди тоҷик (рӯҳаш шод бод) Ҳошимро дуо дода гуфта буд: «Умри Ҳошим Гадоев, ҳунарманди маҳбуби мо дароз боду танаш солим, ба 100 дарояду ҳамин тавр тануманду бақувват бошад». Иншооллоҳ устод 100-ро бемалол убур карда мегузарад.

Ҳошим Гадоев воқеан ҳам ҳунарманди асилу сарсупурда ва таърихи санъати тоҷик аст. Аз ин лиҳоз, бигзор ҳамаи он навиштаҳои зиёде, ки дар рӯзномаҳо дар ситоиши Ҳошим Гадоев навишта шудаанд, зимни дар ҳаёт буданаш дар шакли китоб гардонда шавад. Бигзор шоиру нависандагон дар бораи ҳаёт ва фаъолияташ ҷилд-ҷилд китоб нависанд ва он китобҳо бо дигар забонҳо тарҷума шаванд.

Ҳошим Гадо нобиғаи даврон аст.

Хуршеду маҳу ситораи тобон аст.

Таваралӣ Авсақолов,

н. Фархор

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube