Рӯзғор оинаро муҳтоҷи хокистар кунад!
Субҳи барвақт думболаи коре сӯи музофот роҳ пеш гирифтам. Аз истгоҳи деҳаи “Шодоб”, назди бозори Кушониён ба мусофирбари №52, ки ҳамарӯза бо он ба кор мераваму меоям, нишастам (ниг. ба акс). Одатан, мусофирбарҳо аз ҳамон истгоҳи Чорбоғ аллакай пуропури одаманд, ки зиёдашон занону модарон мебошанд, Онҳое, ки замони шуравӣ ба хотири пайдо намудани қути лоямуте ниёз ба кор кардан дар ҷойеро надоштанд, зеро маоши мардонашон ба ҳама чӣ мерасиду зиёдатӣ мекард. Маълум ки ҳоло сохт ва муносибатҳо дигар шудаанд. Аз беҳунарии ронанда ё сохти таркибии мошин бошад, ки одамони росто аз такон хӯрдан худро базӯр аз афтодан нигоҳ медоштанд. Хусусан, барои занҳо осон набуд ин кору аҳвол.
Дер боз мушоҳида доштам, ки бо вуҷуди аз меъёр зиёд одам бор кардан, оре, бор кардан, чунки чунин ибораро асосан, нисбати молу коло, ҳайвонҳо истифода мебаранд, на одамон. Дари 2 нишастгоҳи пешро ронанда баста буд. Маслиҳат кардагӣ барин аксари ронандагони мусофирбарҳо ҳамин корро мекунанд. Ҳатто мани мӯйсафед курсии холишударо бо вуҷуди хеле аз ман ҷавон будан, ба зани бечорае гузашт кардам, ки мабодо афтида намонад. Афтодани мардон ба хайр аст, вале барои модарону хоҳарон ин чиз чандон қобили қабул нест.
Ҷавону хеле дар такаббур
Ба хотири сари инсоф овардани ронандаи ҷавони хурдҷуссаи тахмин
19 – 20 солаи риши мудӣ дар манаҳ, ҳамсоли набераам бо мулоиматӣ аз ӯ фаҳмиданӣ шудам, ки чаро дари нишастгоҳҳои пешро ба рӯи одамон намекушояд, ки нишинанд?
Дар ҳузури ҳама медонед, ки бо чӣ дӯғу даранге посух дод?
– Вақт шавад, дар ягон ҷо гап мезанем!
Ҳарчанд тоби сояи шапаллоқеро надошт, ба мани ҳамсоли бобояш зӯрии худро ҷилва медод. Дар ҳайрат аз онам, ки дар бархе аз ҷавонҳои имрӯза ин қадар такаббур, ғурури ноҷо, ҷаҳл аз куҷо ғун гардида бошад ва онҳо худро кӣ тасаввур мекарда бошанд? Агар ҳамон сари чанбараки мошин нишастану садои мусиқиро баланд карда, мошинрониаш ифтихор бошад, пас, дониста монад, ки ҳамон мошини таги пояш ҳам аз касею ширкатест, ки бо хотири дарёфти маблағ ба мусофирбарӣ машғул аст.
Солҳои пеш, вақте ки мошинҳо набуданд, мусофиронро чун “Ҳасани аробакаш” аробакашҳо бо ароба аз ҷойе ба ҷойе мебурданду ҳаққи хизмат мегирифтанд. Яъне хидмати мардумро ба хотири рӯзгузаронии худ ба ҷо меоварданд ва ба ин кор касе онҳоро маҷбур ҳам накардааст. Ба ибораи дигар, аз рӯзи хуб ба ин кор машғул нестанд ва ба ҳамон ду сӯм пули одамон муҳтоҷият доранд. Пас, пули одамон хубу паҳлуяшон нишастани онҳо бад будаасту қобили ҳазар?
Дар овезаҳои худ ба мусофирон навишта метавонанд, ки “1 истгоҳ ҳам 2,5 сомонӣ, 10 истгоҳ ҳам 2, 5 сомонӣ». Лекин бо вуҷуди хуб донистани ғунҷоиши мошин онро 2 – 3 баробар аз талаботи техникию бехатариаш пур карда, парвое аз ҳолати одамон, эҳсоси хатар намекунанд. Фикр намекунанд, ки хурду калон ба онҳо бовар карда, ба мошин савор мешаванд ва ронанда барои бехатарии онҳо ҷавобгар мебошад. Дар баробари ин, аз рӯи қоида навиштаҷоти ному насаби ронандаи хизматрасон тамоман вуҷуд надорад.
Он чӣ дилам хост, ҳамон мекунам!
Мегузарем, ба он чи ки кӣ иҷозат додааст, ки ронандаҳои алоҳида масофаи нишастгоҳҳоро худсарона танг намоянд ва дари нишастгоҳҳои пешро ба рӯи мусофироне, ки роҳкиро пардохта карда, савор мешаванд, бубанданд? Ҳоло он ки мусофир даромада – надаромада, ронанда бо такрор пардохти роҳкироро талаб менамояд. То ҳаққашро наситонад, хомӯш намешавад. Аз эҳтирому шунидани ҳаққу ҳуқуқи мусофир шунидан намехоҳад? Аз ин мебарояд, ки ронандаҳои мошинҳои мусофирбар худашон шоҳу табъашон вазир гашта, ба ширкатҳояшон ба ҷуз пардохти маблағи шартномавӣ итоат ҳам намекунанд.
Арзу шикоят аз сатҳи пасти хизматрасонӣ, муомилаи бади ронандаҳои алоҳидаи нақлиёти ҷамъиятӣ, таксию маршруткаҳо, ки сирф мардуми одӣ аз онҳо истифода мекунад ва омили дилпурии ронандагони аз ҳамин қишр баромада, мавриди беэҳтиромию нописандии мусофирон гардида, тавассути рӯзнома, сомонаҳои интернетӣ ҳамарӯза садо медиҳанду ҳеҷ не ки вазъ хуб гардад. Балки рӯз ба рӯз бадтар мегардаду беҳтар не.
Кибру зӯрии тавонмандеро аз ҷиҳате фаҳмидан мумкин. Аммо аз касеро, ки бо шарофати хизмат ба мардум, ризқу рӯзии худро пайдо мекунад ва ба ҷои шукргузору дар эҳтиром будан, носипосӣ, беэҳтиромиро раво мебинанд, фаҳмидан мушкил? Ташвишовар он аст, ки бо ин тоифа ҷавонон чӣ ҷомеае месохта бошем. На дар онҳо нишоне аз фаросат, на фаҳм на эҳтиром ба атрофиён?
Шояд ки фурсати он расида бошад, ки ҷилави чунин қайсарон, вайронкунандагони қонун ва низомномаю фарҳанги хизматрасонӣ ҷиддан кашида шавад, то ки эҳсос кунанд, ки шаҳр соҳиб дорад!
Дар шаръи мо хидмати халқ аз фароиз аст,
Инсоф тоъатест, ки кам аз намоз нест.
Мирзо Рустамзода,
СССР
