Таърихи мову таърихи онҳо…

01.07.2025. Соат ба вақти Душанбе 09:11 дақиқа. Дӯсти овони ҷавонӣ ва шарикдарси масковиям (ӯ дар МГУ мехонду ман дар ЛГУ), яке аз бонкдорони шинохтаи Тоҷик, ки асоси бонкҳои даврони истиқлолиятро гузоштаасту ҳоло «давлати пирӣ» меронад (ҳарчанд ҳамсолем), Шомил Ашурмамадов, занг задаву гуфт, ки мехоҳад шумораи “Коммунист Таджикистана”, №273 (2364) аз 26 ноябри соли 1937-ро ёбад. Пурсидам чаро? Гуфт, таърихи рузгори тағо, бародари модараш, Талибеков Қадандарро, ки аз Исфара депутати нахустини Съезди советҳои Шуравӣ интихоб гашта буд, мехоҳад варақ занад. Воқеан ҳам феҳристи депутатҳои аввалин аз РСС Тоҷикистон дар Маскав (Список депутатов Верховного Совета СССР 1-го созыва), ки дар саҳифаи 7, дар рубрикаи Носталжи мебинӣ, маҳз Шомил ба ман фиристод, ки сипос бар ӯ.

Ин ковиши дӯсти иқтисодшиносам, маро ба фикр бурд, ки чаро мо Тоҷикон таърихи бобову бибиҳои худро варақгардон намекунем? Ва низ кай архивҳои даврони солҳои репрессияи солҳои 1933-1937 фош мешаванд? Чаро тамомии давлатҳо ва миллатҳо ин архивро кушодаву бобоҳои худро шарафмандона сафед кардаанду мо хомӯшем? Намегӯям, ки ҳамаро бояд сапед кард. Вале медонем-ку аксарият бе гуноҳ репрессия шудаанд. Рӯҳи онҳо аз мо розӣ нест, то соати саъде, ки номи поки ишонро барқарор насозем…

28.06.2025. Соат ба вақти Маскав 12:11 дақиқа. Ахбори Шабакаи Россия-24 гӯш мекардам, ки дар охири гузориш баранда эълон кард, баъди реклама ҳатман барномаи «Рассказы из Русской Истории», муҷрӣ Владимир Мединский-доктори илми таърихро бинед…

Дидам! Ва шокӣ шудам!!! Барнома дар бораи Михаил Фёдорович Романов-шоҳи Россия дар асри 17 будӣ.  Михаил Фёдорович, асосгузори сулолаи Романовҳо, бобои Петри Кабир аст. Дар Википедия кутоҳ дар бораи ӯ омадааст (ба русӣ, ки ба ҳама фаҳмост):

Михаил Фёдорович (12 [22] июля 1596, Москва — 13 [23] июля 1645, Москва) — первый русский царь из династии Романовых. Правил с 27 марта (6 апреля) 1613 года, был избран на царствование Земским собором 21 февраля (3 марта) 1613 года, принял престол 14 (24) марта 1613 года, венчался на царство 11 (21) июля 1613 года до 13 (23) июля 1645 года.

Ман ин ҷо кутоҳ коридам ахборе, ки дар бораи ин шоҳ хаст. Шумо саре занед ба Википедия, Гугл, Яндекс ва дигар сохторҳои ҷустуҷӯӣ ва мебинед, ки дар бораи ин шоҳаншоҳ садҳо, ҳазорон сатру санад ҳаст. Пурсиданиӣ, хонандаи гиром, оре маҳз туе, ки фикр дорӣ, «СМ маро дар назар дорад?», ки чаро ман шокӣ шудам? Зеро бо ун ифтихороте, ки муаллифи барнома рӯзгори Михаил Фёдоров ва куллияи шоҳони русро пешкаши аудитория мекард (барнома дар синфхонаест пур аз донишҷӯён), ту гӯӣ аз даҳонаш шакар мерехт.

Акнун 1 суол: магар русҳо инқилоб накардаву хонадони Романовҳоро қатл накарда буданд? Буданд! Аммо гавҳари худшиносии миллӣ, имрӯз дар ҷаҳон 180 дараҷа тағйир хурдааст. Акнун миллату давлатҳо бар асари таърихи то асри ХХ тоб мехӯранд ва давлатҳо аз ҳам мерезанд. Конфликти Украина, дастдарозии Амрико ба Канадаву Гренландия, бомбаборони давлатҳои арабу ҳамакнун Эрон аз сӯи Исроил аз ҳамин зовия об мехӯранд. Фарзи мисол, конфликти ахирӣ, таърихи беш аз 3837 сола дошта, ба даврони соли 1812-1637 то эраи мо реша дорад.

Дар соате, ки оламиён сӯи таърихи пуршарафи хеш майл доранд, мутаассуф, ҷаҳонбинии 1 ҷавони Тоҷик гирди 4 танга даромади мардикорӣ, хариди мошин ва зангирӣ мечархаду бас. Шахсан ман ками дар кам мебинам, ки тоҷике, мисли ҳамин Шомили шарикдарси ман, майле сӯи таърихи пурифтихори хеш дошта бошад.

Таърихнигорон чӣ? Борҳову борҳо гуфтааму боз менависам, ки чаро то ҳанӯз портрети аслии шоҳи Суғд- Спитамен ва Шоҳи Ҳулбук -Шоҳбол, маъруф дар таърих бо исми гӯшнавозу пур аз ҷасорати Шери Хатлон дар ягон ҷой нест? Дуруст аст, ки ҳар Тоҷик бояд бо Самарқанду Бухоро, Кобулу Балх, Табрезу Шерозу Тахти Ҷамшед бифахрад. Ва аммо ин таърих, мутаассуф, дигар таърихи виртуолист. Таърихи реолии мо таърихи ана ҳамин Суғду Хатлон, Бадахшону Ҳулбуку Балҷувон аст! Зеро мо дар ана ҳамин территория ба сар мебарем.

Зимнан портрети шоҳаншаҳони худро мо бояд барқарор кунем. Фарзи мисол, каллаи Спитаменро Александр чун дастовези бузургтарини хеш-душмани сарсахттар аз Доро, ба Мақдуния фиристода буд он ҳанӯз ҳам дар осорхонаи Рум ҳаст (Ато Ҳамдам ва Чигринский онро дидаанд). Чаро аз рӯи ин каллаи шоҳаншоҳамон акси воқеияшро накашем? Сурати Шоҳбол бошад, аз боргоҳи шоҳони Ҳулбук ба даст омадаасту дар шакли оригинал дар осорхонаи н. Восеъ маҳфуз аст! Чаро ин аксро расман расонаӣ намекуне(м)д, шахсан ман намедонам…

Рӯиҳамрафта, Шоҳбол, барои он барои мардуми мо умре қаҳрамон нашуд, ки Асади араб, ба таъбире мусалмонҳоро шикаст дод. Касе намепурсад дигар, ки он арабҳо барои ислом на, ки барои забту ғуломсозии ҷадди мо омада буданд, то бобоҳои моро бикушанд, момоҳоямонро таҷовуз кунанд, мамлакатамонро тозанд. Дар ЯГОН китоби таърихнигории мо, ҳатто дар кутуби дарсии мактаби миёна, тақрибан ҳарфе дар бораи ин корномаи Шоҳаншоҳи Тоҷик нест! Зеро мо мутаассуф, ана ҳамон фанатизми маҳалгароиямонро ба таърих низ бурдаем. Зимнан нест таърихнигори миллие, ки моҷарои 1500 сол пешинаро ҷомаи ифтихороти миллӣ пӯшонад.

PS: Ҳамин ҳоло ёдам омад, ки 1 академики дарвозӣ шаҳри Каронро дар Дарвоз кашф карду 1 академики дигари ванҷӣ онро то соати марг напазируфт: моҷаро маҳаллӣ буд на илмӣ ва инро ҳама медонад!

Моҷарои Спитамен низ динӣ шуду маҳалгароӣ. Барои каму хурд кардани қаҳрамонии Спитамен, арабҳо Александрро пайғамбари Аллоҳ эълон карданду миллати динзада фикр дорем, агар Спитаменро ба некӣ ёд кунем, кофир мешавем.

Аз сӯи дигар ҳукумати вақти вилояти Ленинобод, дар авоили солҳои истиқлолият, дар осорхонаи марказии Хуҷанд, аз пули буҷҷа ва маблағи андозсупорандагони маҳаллӣ, «Галереяи Шарафи Александр»-ро бунёд кард, ки аз таваллуд то марги ин ғосиби аҷнабии тоҷиккуш, дар он ҳаккокӣ шудааст. Спитамен дар 1 ҷои ин тахтаи шараф ҳаст: ҷое, ки бо чашмони аз тарс калон кушодааш, зарби шамшери Александрро интизор аст…

Шумо тасаввур мекунед, фарзи мисол, русҳо замоне Галереяи Шарафи Гитлерро кушоянд??? Ҳамин Искандаратон аз ҳамун Гитлер ягон фарқе надошт. Ба вежа, ки бо дастури Арастуи муаллимаш китобхонаи Самарқандро бо пойтахти Эрон-Киропол сӯхта, ба замин яксон намуд ва Авасторо пурра оташ зад! Агар хондан зӯратон ояд, аз Абдуқодири Абдуқаҳҳор (Зардушти Ориёмеҳр) суол кунед, дар 2 дақиқа посухи таърихӣ мегиред, ки Александр чӣ ситаме ба фарҳанги ҳазорсолаи мо кардааст.

То ин осорхона дар Хуҷанд ҳаст, руҳи падарони мо ором нахоҳад гирифт. Медонам, пули зиёд дар он сарф шудааст. Вале хисороте, ки ин Галерея ба ҷаҳонбинии насли нав мерасонад, бо доллару сомонӣ килокаш кардан наметавонем!!!

Таърихи ақвоми далерро таърихнигорони ҷасур менависанд. Чунинҳоро дорем? Суолест риторикӣ.  Мо Метавонем!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube