Раиси мардумӣ

Имшаб каме барвақт сар ба болин ниҳодам ва миёни шаб бедор шудам. Хобам парид. Маҷбур сари компутар нишастам. Албатта, воқеаҳои Эрону Исроил, ки чанд рӯзи охир ҳамаро ноором карда буданд, мавзӯӣ навиштаҳои аввалам гардид.

Вақте Фейсбукро варақгардон кардам, чанд аксеро аз сафарҳои навбатии раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дидам ва шарҳе ҳам навишта натавонистам, зеро Хадамоти матбуоти раис дар саҳифаи худаш каме маҳдудиятҳо ҷорӣ кардааст. Шояд ба он хотир, ки гапҳои беҳуда нашавад. Ва комилан чунин тадбирро дуруст мешуморам.

Азбаски ман аз тавонмандии раис, ҷисму ҷони сахташон (худо қуват диҳад), қобилияти бузурги кориашон ҳамеша дар ҳайратам, кайҳост мехостам аз фидокориҳояшон чанд сатри самимие нависам, зеро ман худ зодаи маҳалли марзӣ ҳастам ва аз эҳсос гардидани ғамхориҳои Аҳмадзода дар ҳақи мардуми ин минтақа, обод гаштани хонаҳои харобгашта, роҳҳои байни деҳаҳо хабар дорам. Ва суханҳои неки мардумро дар ҳақи раис бисёр шунидаам.

Лаҳзаҳое буд ҳангоми чанд сафарашон раисро ҳамроҳӣ кардаам. Хуб аст, ки он рӯзҳои сахт ниҳоят паси сар шуданд ва вазъи маҳалҳои наздимарзӣ имрӯз мӯътадил гаштааст. Шубҳае нест, ки устувории вазъият дар марз бо Қирғизистон натиҷаи иродаи президентҳои ду кишвар аст. Ман чунин мешуморам, ки дар ин кор раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ҳам саҳми бузург доранд.

Аҳмадзода дар рӯзҳои сахти муноқишаҳои марзӣ ҳамеша дар паҳлӯи мардуми деҳаҳои Чоркӯҳ, Ворух, Хоҷаи Аъло, Сомониён, Сурх, Хистеварз, Овчӣ Қалъача буданд, онҳоро пайваста дастгирӣ мекарданд. Ҳисоб накардаам, вале тахмин мекунам, ки раиси вилоят ба Чоркӯҳу Ворух шояд аз 50-60 маротиба ҳам зиёд сафар карда бошанд. Ҳол он ки дар таърихи вилоят дигар раисон ҳам буданд. Аз даврони Шуравӣ то имрӯз намедонам чанд нафар раисӣ кардааст, аммо нафароне ҳам буданд, ки ба деҳаҳои дурдаст қадам нагузоштаанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода хислатҳои хеле хуб доранд. Шахси меҳрубон, саховатманд, самимианд. Аксар вақт дар чеҳраашон табассум ҳувайдост. Ба қадри мутахасис, кадрҳои болаёқат, шахсиятҳои хизматнишондода, чеҳраҳои маъруф, инсонҳое мерасанд, ки дар рушди кишвар саҳм гузоштаанд. Аёдати ветеранҳои ҷангу меҳнат, пирону мӯйсафедон, камбизоатҳо барояшон одат шудааст.

Ба рӯзноманигорон таваҷуҳ ва эҳтироми зиёд доранд. Ба шоиру нависанда ва умуман аҳли адаб.

Ҳама медонанд, ки Аҳмадзода рӯзи истироҳат надоранд, аз субҳ то шом дар саҳро, корхонаҳои саноатӣ, дар шаҳру деҳотанд, ҳамеша дар ҳаракат мебошанд. Ман ягон раисеро надидаам, ки тамоми гӯшаҳои вилоятро гашта бошад. Танҳо Аҳмадзода саросар роҳҳои кучаку бузург, ободу душвор, чулу биёбон, дашту кӯҳсорро тай кардаанд. Ба гумонам, деҳае дар вилоят нест, ки бо мардумаш раис Аҳмадзода вонахӯрда, мулоқот накарда бошанд.

Неъматулло Мирсаидов,

ш. Хуҷанд

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube