Помир нав Боми ҷаҳон шуд!!!

ВМКБ: 1362 иншооти ҷашнӣ

Бояд гуфт, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба муносибати истиқболи арзандаи 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёду азнавсозии 1362 иншоот пешбинӣ гардида, то имрӯз корҳои сохтмон дар 1059 иншоот ба маблағи 3,8 миллиард сомонӣ ба анҷом расидаанд, ки 78 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла то имрӯз дар вилоят 80 корхонаву коргоҳи саноатӣ, 70 иншооти соҳаи маориф, 46 иншооти тандурустӣ, 74 иншооти варзиш, 29 иншооти фарҳанг, 246 километр роҳ, 37 пул ва садҳо иншооти дигари иҷтимоиву истеҳсолӣ бунёд гардидаанд.

Ҳоло барои таъмин намудани пешрафти шаҳру ноҳияҳои вилоят амалисозии 9 барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он барои солҳои 2021 – 2025 идома дорад.

Аз аввали татбиқи 869 лоиҳаи дорои аҳаммияти иқтисодиву иҷтимоӣ ба маблағи 7,3 миллиард сомонӣ то имрӯз 442 лоиҳа ба маблағи беш аз 5,7 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст.

Танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар доираи иҷрои барномаҳои вилоят то соли 2025-ум 1,1 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст, ки ба 75 фоиз баробар мебошад.

Қиссаи чархбол, “нива” ва гаҳвораҷунбонии Президент

(Дар шакли матн аз забони Пешвои миллат)

 Ҳама мардум рафтанд, назди фурудгоҳ. Мо бо мошин омадем. Онҷо гуфтанд, барф борида истодааст. Мурғоб рафта намешавад.

– Мо меравем. Ман аз сафарам намегардам.

Набошад, пиёда меравем. Асп қатӣ меравем, гуфтам ман.

Қозидавлат Қоимдодов инҷо ҳузур доранд, он замон муовини сарвазир буданд. Якҷоя ба чархбол рафтем. Қариби ноҳия кӯҳҳои баланд аст, барф сар кард. Ба дараҷае сахт буд, ки чархбол пешашро намебинад. Умуман намебинед ягонҷоро. Лётчикҳо гуфтанд, намеравем дигар. Бо ин аҳвол дар кӯҳ мезанем.

– Гуфтам, ки гардед. Вақти рафтан деҳаеро дида будам. Блумкул. Майдаҳак. Қозидавлатро пурсидам, ки куҷо аст?

– Гуфт: Блумкул.

– Мо дар хурдсолӣ аз радио мешунидем, ки вазъи боду ҳаворо аз Блумкул медоданд. Гашта болои ҳамон деҳа омадем ва гуфтам, ки як ҷойи ҳамворӣ ёбед. Барф борида истодааст. Меистем.

– Гуфтанд, ки намеистем.

– Гуфтам меистем!

Фароед! Фаромадем.

Кӯдакҳо давидан омаданд.

Гуфтем, ки моро идораи ҷамоат баред.

Идораи ҷамоат бурданд.

Як қулфи калоне, ки дар анборҳо истифода мекунанд, дар пушти дари он овезон буд.

Баъдан як ҳамкурси Қозидавлат Қоимдодов аз куҷое омад ва гуфт, ки шумо дар инҷо наистед. Моро ба хонааш таклиф кард.

– Ба лётчикҳо гуфтем, ки шумо инҷо тайёр шуда истед, ҳамин ки барф бас кард меравем. Ба ин одам гуфтем, ки мо рафтанамон даркор! Ягон мошин ёбеду ташкил кунед, мо пулашро медиҳем. Моро то Мурғоб барад.

Гуфт, ки як мошин дораму чарху дигару дигар надорад… Биёед хонаи ман равем. Биёед шумо гарм шуда истед, ман мошинро соз мекунам.

Як мошини “НИВА” доштааст. Аммо, балон нест, аккумулятор нест…

Моро хона даровард. Дар печка алов месузад. Хона гарму тозаву озода. Дар байни хона бошад, гаҳвора меистод. Кӯдак гиря дорад. Оилаашон берун баромадагӣ буданд. Ба он кас гуфтам:

– Гӯш кун бародар. Ту рав масъаларо бин, гаҳвораро ман меҷунбонам. Гаҳвораро ҷунбонидан гирифтам.

Қозидавлат ва чанд нафари дигар ҳама гарм шудем. Баъди ҳамагӣ даҳ дақиқа дастурхон оварда партофтанд. Кулчаҳои гарм. Ба дараҷае гарм, ки… Ман ҳамин қадар мегардам, дигар он хел кулчаро надидам. Чӣ хел пухтааст? Дар куҷо пухтааст?

Як табақ гушти қайлаи қутос гарм карда, болои дастурхон оварданд.

Дар байни якуним соат, балон ҳам ёфтанд, аккумулятор ҳам пайдо карданд, мошинро соз карданд.

Ҳамаро тайёр карда омаду гуфт:

– Муҳтарам президент, мошин тайёр! Хӯрокро мехӯрем, савор мешавем.

Ҳашт кас дар як Нива болои ҳам – болои ҳам ба роҳ баромадем. Рафта истодаем.

Эҳ Худо, эҳ Худо… мегуфт ронанда. Роҳ пури барф..

– Э рулро қап, – гуфтам ба ӯ.

Эҳ Худо охир суратгир нест, ки ҳозир сурати моро гирад. Ҳозир ман ба хешу таборам гӯям, ки ман бо ҳамин НИВА президентро савор карда бурдам, мегӯянд, ки ин девона шудаасту ӯро Куктош бурдан даркор. Бовар намекунанд, ки дар ҳамин мошин президент нишастааст.

– Ҳамин ки ба кӯҳҳо наздик шудем, барф тамом шуд. Офтоб баромад. Чархболҳо ба болои сарамон гузашта рафтанд.

Маркази ноҳия. Тамоми мардум аз назди ҳукумат рафтаанд, пеши чархбол ба фурудгоҳ, ки президенташонро пешвоз гиранд. Мо ҳам рафтем, назди ҳукумати ноҳия. Ягон кас нест. Рост мегуяд, ин кас (ишора ба собиқ муовини раиси ноҳия). Ҳамин кас гуфтанд, ки ҳозир гашта меоянд. Якум мулоқоти мо буд. Бо мардум суҳбат кардем. Як пиёла чояшонро ҳам гирифтем…

Ҳамон Ниваро бурдам баъд. Он писаре дар гаҳвора буд калон шудааст. Падарашон аз дунё гузашт. Як НИВА-и нав харидаму равон кардам. НИВА-ро Душанбе бурдан. Дар музей мондам.

БА ҶОЙИ ХУЛОСА:

  1. Халқияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле баланд аст. Хеле ширину гуворову таъсирбахш дар назди омма сухан мегӯянд.
  2. Чанд рӯз мешавад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори қиссаи гаҳвораҷунбониву чархболу мошини Нива мечархад. Ба омма хеле писанд омад. Барои мондагортар гаштан, онро ба шакли матн даровардем.
  3. Гаҳвораҷунбонии Президент ин танҳо гаҳвораи як тифл набуд, ин гаҳвораҷунбонии миллати мост, ки камол меёбад.
  4. Агар хато накунам солҳои 2008 адиб ва публитсисти шинохта Александр Проханов дар эссеҳои худ дар бораи гаҳвораи кӯдакро ҷунбонидани Президент ишораҳо карда буд. Баъди нақли худи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳияти ин қиссаро пурра фаҳмидам. Президент аз ҳама сахтиҳову душвориҳо сарбаландона гузаштаанд. Хоксориву инсондӯстияшон ӯро ба мартарбаҳо расонидаанд.

Акнун Бадахшон имрӯз обод шудааст. Роҳҳои нави замонавӣ ба суйи Мурғоб кушода мешаванд.

Шукрона аз фазои орому осудаи Ватан!

Бахтиёр Қутбиддин, журналист

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube