08.07.2025. Бо даъвати президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ба кишвари мо ташриф оварданд. Бояд гуфт, ки ин нахустин сафари давлатии президенти кишвари ҳамсоя Садир Жапаров пас аз ба имзо расонидани Созишномаи марзӣ ба Тоҷикистон аст ва 2 рӯз давом меёбад.
21 шиллик ба пешвози меҳмони олиқадр
08.07.2025. Дар майдони Қасри Миллат маросими бошукӯҳи истиқболи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров баргузор гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаровро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.
Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ ба меҳмони воломақом, садо додани сурудҳои миллии 2 кишвар, гузаштан аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии 2 ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан ва гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони давлатҳо анҷом ёфт.
Ҳамчунин ба ифтихори ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон аз тупхонаҳо 21 маротиба шиллик паронда шуд.
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қирғизистон
Тавре Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар мулоқоту музокирот доираи васеи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб, аз ҷумла густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ шуд. Сарони ду давлат аз ниҳоӣ шудани делимитатсияи сарҳади давлатӣ миёни ду кишвар изҳори қаноат намуда, ҳамзамон таъкид доштанд, ки корҳо доир ба анҷом додани демаркатсия низ бо ҳамоҳангии ҷонибҳо идома дорад.
Таҳким ва густариши робитаҳои парлумонӣ воситаи маҳими рушди ҳамкории дуҷониба номида шуд. Таҳкими ҳамкории иқтисодӣ, тавсеаи робитаҳо дар сатҳи минтақавӣ, аз ҷумла миёни ноҳияҳои наздисарҳадӣ зарур шумурда шуд.
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои кишоварзӣ ва саноати сабуку хӯрокворӣ аз самтҳои афзалиятноки афзоиши сармоягузории мутақобила арзёбӣ гардид. Пешниҳод шуд, ки ҳамкорӣ дар самти содироту воридоти маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ густариш дода шавад. Ҷонибҳо барои сармоягузорӣ дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, рушди марказҳои логистикию саноатӣ ва густариши шарикӣ дар соҳаи рушди системаҳои иттилоотӣ, изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои ояндадори энергетика, тавсеаи шоҳроҳҳои транзитию нақлиётӣ ва зиёд кардани шумораи парвозҳо, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Мубориза бо терроризм, экстремизм, тундгароии динӣ, қочоқи маводи мухаддира, киберҷинояткорӣ ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Ифтитоҳи расмии гузаргоҳи “Тоҷварон” – “Қарамиқ”
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров дар маросими маҷозии бозкушоии гузаргоҳи сарҳадии “Тоҷварон” – “Қарамиқ” дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон иштирок намуданд. Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба омодагӣ ба бозкушоии гузаргоҳҳо шахсони масъул гузориш дода, пасон сарони 2 давлат барои кушодани гузаргоҳҳо иҷозат доданд. Маросим бо иштироки роҳбарият ва сокинони ноҳияҳои наздисарҳадии Лахши Тоҷикистон ва Чон-Алайи Қирғизистон баргузор шуд
13 санади нави ҳамкорӣ ва Изҳороти муштарак
Пас аз анҷоми музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ба Изҳороти муштарак миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон имзо гузоштанд.
Ҳамчунин санадҳои зерин ба имзо расид:
— Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба тадбирҳои боварӣ;
— Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба таъсиси Шурои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон;
— Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, заминсозӣ, кадастр, бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва мушоҳидаи фосилавии Замин;
— Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия, метрология, баҳодиҳии мутобиқати маҳсулот ва аккредитатсия;
— Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
— Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ;
— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ миёни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатӣ оид ба хизмати давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии назди Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон;
— Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон барои солҳои 2026-2027;
— Нақшаи чорабиниҳо миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат барои давраи солҳои 2025-2026;
— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати захираҳои табиӣ, экологӣ ва назорати техникии Ҷумҳурии Қирғизистон;
— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи миллии радиошунавонии Ҷумҳурии Қирғизистон;
— Ёддошти тафоҳум миёни Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Институти илмию тадқиқотии зироаткории назди Вазорати захираҳои об, кишоварзӣ ва коркарди саноати Ҷумҳурии Қирғизистон;
— Созишнома оид ба таъсиси Шурои корӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Қирғизистон.
Эмомалӣ Раҳмон: “Ҳадафҳо татбиқ мешаванд!”
Пас аз анҷоми музокирот ва маросими имзои санадҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров барои намояндагони васоити ахбори омма дар нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои мулоқоти сатҳи олӣ суханронӣ карданд.
– Дар доираи музокирот мо ба рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, доир ба масъалаҳои афзоиши гардиши моли дутарафа мубодилаи муфассали афкор анҷом додем. Аз ҷумла, масъалаҳои тавсеаи номгӯи маҳсулоти ба ҳамдигар расонидашаванда ва бартарафсозии монеаҳои мавҷудаи тиҷоратӣ баррасӣ гардиданд.
Мо аҳамияти рушди робитаҳоро дар сатҳи минтақаҳо, бахусус дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ зикр кардем. Дурнамои татбиқи лоиҳаҳои муштаракро дар самтҳои афзалиятноки иқтисодиёт баррасӣ намудем. Ин самтҳо, пеш аз ҳама, фарогири соҳаҳои энергетика, нақлиёт, саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ мебошанд.
Дар бораи идомаи ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика ба мувофиқа расидем.
Аҳамияти ифтитоҳи хатти интиқоли барқи «Хуҷанд-Датка»-ро байни кишварҳоямон дар чаҳорчӯби лоиҳаи CASA-1000 зикр кардем. Муҳимияти татбиқи пурраи ин лоиҳаро барои васеъ намудани имконияти иштироки кишварҳои мо дар рушди энергетикаи минтақавӣ таъкид намудем. Ҳамчунин аҳамияти тақвияти ҳамоҳангсозии минбаъдаи амалҳо дар доираи Комиссияи муштараки оби Тоҷикистону Қирғизистон таъкид гардид.
Зимни музокирот аз фаъол гардонидани тамосҳои соҳибкорӣ ҷонибдорӣ намудем.
Дар ин замина тасмим гирифта шуд, ки Шурои тиҷоратии палатаҳои савдо ва саноати ду кишвар ҳамчун минбари муассир барои рушди робитаҳои доираҳои соҳибкорӣ таъсис дода шавад.
Итминон дорам, ки натиҷаҳои он барои татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои муайянкардаи мо дар самтҳои ҳамкории иқтисодӣ хизмат хоҳанд кард.
Мо масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсияро ҳам дар заминаи дуҷониба ва ҳам дар доираи ҳамкории бисёрҷониба муфассал баррасӣ кардем.
Масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ, содагардонии расмиёти ҳамлу нақли бор, инчунин рушди логистика ва иқдомҳои рақамикунонӣ дар мадди таваҷҷуҳ қарор доштанд. Мо муҳимияти фаъол гардонидани кор ва муосиргардонии гузаргоҳҳои сарҳадиро бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои рафтуомади мардум, мол ва хизматрасонӣ зикр кардем, – таъкид доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баёнияи матбуотии худ.
Дар соли 2024 гардиши савдои мутақобила байни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон 12,2 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 0,5 миллион доллар ё 4,3 фоиз зиёд мебошад.
Дар сохтори гардиши савдои хориҷӣ 0,7 миллион доллар ба содирот ва 11,5 миллион доллар ба воридоти молу маҳсулот рост меояд. Дар соли 2024 дар сохтори ҷуғрофии савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҷойи 30-юм қарор гирифта, ҳиссаи он дар сохтори савдои хориҷии Тоҷикистон 0,1 фоизро ташкил намуд.
Дар моҳҳои январ – майи соли 2025 гардиши савдои мутақобила байни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон 6,1 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 1,4 миллион доллар ё 29,8 фоиз зиёд мебошад. Ҳамзамон дар сохтори гардиши савдои хориҷӣ 1,3 млн. доллар ба содирот ва 4,8 млн. доллар ба воридоти молу маҳсулот рост меояд.
А. Собир,
махсус барои СССР
