ТАБИБОНИ ШИРИНЗАБОН

Арал Намозов, муаллиф ва хонандаи доимии газетаи мардумӣ аз ҷамоати деҳоти Тахти Сангини н.Қубодиён ба идора занг зада (тел: 935076055), хост миннатдории аҳли оилаашро ба табибони беморхонаи касалиҳои сили ш.Ваҳдат расонад.  

– Чанд вақт инҷониб модарам аз бемории сил азият мекашид. Ӯро ба беморхонаи сили ш.Ваҳдат бурдам. Хушбахтона ба ман имкон даст дод то бо беҳтарин табибон шинос шуда, ба дарди модарам даво ҷӯям. Арзи сипосу миннатдории худро ба доктор Идибек Холиқов тариқи ин рӯзнома мерасонам, ки бо муомилаи махсус ба тамоми беморон, аз он ҷумла модари ман муносибат менамояд.

Ҳар табиб агар бо забони ширин бо беморон муносибат намояд, дардро бемор камтар эҳсос мекунад, мегӯяд модарам. Ман ба ин табибон, ки рисолати худро бо сарбаландӣ анҷом медиҳанд, сипоси бепоён мегӯяму дуогӯи онам, ки ҳеҷ гоҳ вуҷуди нозукашон олудаи газанд мабод.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube