ЗАНГИ ОХИР БУРД МОРО ҲАР КУҶО АЗ ҲАМ ҶУДО…

Дар даврони советӣ ҳамасола дар рӯзи 25 май – рӯзи охирони соли хониш дар тамомии мактабҳои давлати паҳновари СССР «Занги охир» барои хатмкунандагони синфҳои болоӣ садо медод. Ин таомули советӣ то ба наздикӣ дар кишвари мо низ баргузор гашта, барои дар сатҳи лозима гузаштани он дар макотиб ҳатто комиссияи тадорукотӣ низ таъсис меёфт. Аммо бо иваз шудани соли таҳсилӣ – тамдид ёфтани он то рӯзи 14 июн (пасон 7 июн) Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Занги охир»-ро барҳам дод.

Дар бораи баргардондани чорабинии «Занги охир» хонандагони газетаи мардумӣ зиёд менависанду мегӯянд. Ҳамасола пешопеши рӯзи 25 май ин мавзуъ – баргардондани маросими «Занги охир» дар мактабҳои Тоҷикистон дубора гарм мешавад. Мухбири СССР тасмим гирифт ба кӯча баромада, назари мардумро роҷеъ ба «Занги охир» ва ҷиҳати мусбию манфии ин ҷашни мактабӣ аз сокинони мамлакат бишнавад.

 

«Занги охир»-и советӣ фарқ мекард

Барно Зекренова, сокини ш.Душанбе мегӯяд, ки иди «Занги охир»-и солҳои қабл назар ба ин ҷашни давраи советӣ фарқ мекард.

– Мо низ мактабро то синфи 10- ум хонда, ба итмом расонидему занги охирро дар мактаб қайд кардем. Ҳоло бо сабаби оне, ки баъзе аз мактаббачагони беинтизоми синфҳои болоӣ баъди занги охир шароб менӯшанду даст ба корҳои бад мезананд, чорабинии «Занги охир» аз байн бардошта шуд. Солҳои пеш дар вақти видоъ бо ҳамсинфону муаллимон хонандагони синфҳои болоӣ дар саҳни мактаб рақсу бозӣ мекарданд, ба якдигар туҳфаи хотиравӣ тақдим менамуданд. Имрӯз бошад аз тарси ҷарима шудан ҳатто дар рӯзи охири таҳсил ба мактаб намераванд. Фикр мекунам «Занги охир» бояд ба мактабҳои тоҷик баргардад, зеро ягона иди хайрбодӣ бо мактабу муаллимон аст, – афзуд Барно Зекренова.

 

Занги одиро намешунавем…

Ҳамсуҳбати дигари мо Шаҳло Мирзоева, сокини н.Файзобод, ки меҳмони пойтахт шудааст, иброз дошт, ки занги охир 1 сӯ, ҳоло дар аксари мактабҳои миёна ҳатто садои зангулаи одии дарсӣ ба гӯш намерасад.

– Ёдам ҳаст, вақти занги охир ҳарчанд мо рақсу шодӣ мекардем, ҳар вақте садои маъмулии бархӯрди 2 зангӯлачаи хурд ба гушамон мерасид, ашк гулӯгирамон мекард. Мегиристему мерақсидему лаҳзаҳои дарсро пеши назар оварда, механдидем. Акнун дар саҳни мактаб ба ҷойи ханда, садои гиряву хайрбод ҳукмфармо гаштааст, гуфт ӯ.

 

31 млн 896000 сонияро паси сар кардем

Гулнигор Гулова, сокини ноҳияи И. Сомонии ш.Душанбе омори аҷиберо ба ёд овард.

– Мо бо ҳамсинфони худ дар мактаб 11 сол – 74 моҳу 316 ҳафта, 2215 рӯз, 8860 соату 531600 дақиқа ва 31 млн 896000 сонияро паси сар кардем. Дар мактаб ман бо ҳамсинфам Сайфура 12 соат хандидам, 12 соат бо ӯ бозӣ кардам, 12 соат бо ӯ қаҳр кардам, 12 соат бо ӯ роз гуфтам ва ин дар хотиротам хуб нақш бастааст, давраи мактабӣ худ даври тилоист, – таъкид дошт Гулнигор.

 

Занги охир бароям аҳамияте надошт

Абдуллои Ҳалим, сокини дигари ш. Душанбе дар суҳбат бо мо гуфт, ки он замон ман начандон пойбанди эҳсосот будам, зеро занги охир аслан бароям аҳамияте надошт.

– Фикр намекардам, ки баъди хатми мактаб ман дигар ба ин макони муқаддас бо ҳамсинфон барнамегардем. Он замон мехостам, ки зуд мактабро хатм кунаму ба хона рафта, назди бародарони хурдсолам дағ – даға кунам, ки ана ман аллакай мардак шудам. Солҳо гузашт, пас аз гузашти вақт дарк кардам, ки «Занги охир» чӣ маънои амиқе доштааст. Ба қадри лаҳзаҳои паси миз нишастану бо ҳамсинфон бе ғамона суҳбат кардан, дар ҷузвдони худ нони гарми оча бурдану хурдан, бо муаллимон суҳбати самимӣ карданро ҳамеша ба ёд меорам, – гуфт ӯ.

 

«Занги охир» садои ғамангез дорад

Мавлоно Аҳмадов, сокини ш. Кӯлоб вобаста ба ин мавзӯъ гуфт, ки даврони бе ғамии даврони мактабхонӣ беҳтарин даврон дар зиндагии ҳар шахс ба ҳисоб меравад.

– Даврони мактабхонӣ аҷаб давронест, ғайр аз хурсандиву хушҳолии айёми ҷавонӣ дигар чизе ба назар намерасад. Замони хатми мактаб ман ба ҳамсинфам изҳори муҳаббат карда, сахт пушаймон шудам. Зеро ҳамон лаҳзае, ки ман ба ҳамсинфам гуфтам, ки дӯстат медорам, ӯ низ бо чашмони пур аз ашк ба ман нигариста гуфт, ки «оҳ бародари қандам ман низ ҳамаи шуморо дуст медорам…». Садои занги охирин бисёр эҳсоси ғамангезе дорад… Тули солҳо бо ҳам будану бо 1 садои 1 занг ҷудо гаштан мушкил аст, – афзуд Мавлоно Аҳмадов.

 

Ҳам шодӣ ва ҳам афсӯс…

Отахон Саидзода, роҳбари театри мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар, яке аз шогирдони ҳунарманди маъруф Аловуддини Абдуллозода дар бораи занги охир чунин ибрози назар намуд.

– Занги охир лаҳзаҳои нотакрор аст барои ҳама хатмкунандагон. Ун вақтҳо ҳама муаллимону ҳамсинфон дар саҳни мактаб ҷамъ шуда, занги охирро бо тантана ҷашн гирифта, хайрбод мекардем. 25 – уми май – «Занги охир» дар тамоми мактабҳо бисёр пуршукуҳ баргузор мешуд. Бо шунидани садои занги охир бисёр шод мешудем, ки мо аллакай ба зиндагии мустақилона по мениҳем, лекин боз ҳам афсус мехурдем, ки аз омӯзгорону ҳамсинфон дур мегардем. Занги охир қалбамон, муҳаббатамонро нисбати ҳамдигар боз ҳам зиёд мекард, – гуфт Отахон Саидзода.

 

Гирдоварди Омиронаи Сайёф, СССР

 

Дар ҳамин маврид:_____

25 май ва 1 июн – рӯзи охири таҳсил

Тавре маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ итиллоъ медиҳад, аз ин ба баъд таътилҳои тирамоҳӣ, зимистона ва баҳорӣ аз ҳисоби зиёд шудани таътили тобистона кам карда мешаванд.

Қаблан хонандагони мактабҳои кишвар ҳангоми таътилҳои тирамоҳӣ, зимистона ва баҳорӣ 10 рӯз истироҳат мекарданд: аз 1 то 10 ноябр, аз 1 то 10 январ ва аз 21 то 31 март. Акнун бо кам шудани рӯзҳои истироҳат таътили тирамоҳӣ аз 1 то 7 ноябр, зимистона – аз 1 то 7 январ ва баҳорӣ – аз 21 то 26 март давом мекунанд.

Бо назардошти тағйирот, ҳафтаҳои дарсӣ аз 36 то 35 ҳафта кам шуда, дар ҳамин ҳол, чоряки чорум на 14 июн ба мисли пешин, балки 31 май ба охир мерасад ва мутаносибан таътили тобистона аз 1 июн оғоз гардида, то 31 август давом мекунад.

Машғулият барои хонандагони синфи 1-ум рӯзи 25 май ва барои синфҳои 2-11 рӯзи 1-уми июн ба охир мерасад.

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube