ДАР ЯК САТР

 Додгоҳи Басмании ш. Москва ҳукми Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Фаридуни Шамсиддин,  4 гумонбари аслии ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскавро то 22-юми августи соли равон тамдид кард.

Шаби 25 ба 26 май нахустин гурӯҳи зойирини тоҷик ба ҳаҷҷи фарзӣ дар соли 2024 ба Арабистони Саудӣ сафар хоҳанд кард.

Тайи 10 соли охир Чин ба иқтисоди Тоҷикистон 3,8 млрд доллар сармоягузорӣ кардааст.

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои бунёди роҳи мошингарди дусатҳа дар буриши кӯчаҳои Саъдии Шерозӣ ва Ҳофизи Шерозӣ 28 млн 450 ҳазор евро ҷудо кард.

Даромади операторони алоқаи Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ зиёда аз 1 млрд сомонӣ (92 млн доллар)-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 6,2% ё худ 58,9 млн сомонӣ зиёдтар аст.

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube