БОБОПАРАСТОН….

12.11.2015.  Ҳар шаб ба писарам Мубориз афсона мегӯям. Агар шабе нагуфтам, пагоҳ ба ман тавре менигарад, ки гӯё ба Ватан хиёнат карда бошам. Ин шаб дар бораи Падари бузургворам, худобиомурз, Эшони Мизроб бини Ғиёсиддин бини Шоҳ Ҳусайн бини Шоҳ Гарди Алӣқиссааш кардам. Фикр кардам, чу ҳамешагӣ хоб аст. Чун дастамро аз зери сараш баргирифтам, гуфт:

– Дадаҷон! Аз ин пас дар бораи бобову бибиҳоям қисса кун

Дарк кардам, ки тули 8 соли афсонапардозӣ чи хиёнате кардаам, ки ҷадди худро ба ӯ муаррифӣ накардаам…

Дуруст аст, ки ин афсонаро 9 сол пеш гуфтаам. Вале вазъ тағйир ёфт? Кадоме аз мо дар бораи ҷадди худ, бобову бибии худ, хешу табор ва дар маҷмуъ тоҷики озодае қиссаву афсона мехонем бар фарзандон? Ана ҳамин аст, ки тамомии қаҳрамонҳои мо ғайритоҷиканд!

Искандари Мақдунӣ, ки авлоди моро аз элаки генотсид гузаронда, Авасторо оташ зад, қаҳрамони мо дар ҳама давру замонҳост. Шумо дар тӯли 2000 соли таърихнигории ҷаддамон ҷое вохӯрдаед, ки Александрро ғосиб, қотил, душман гуфта бошанд? Нест!

Шукронаи Истиқлол мегӯем, ки Спитаменро ёфта дод. Вале мо бо ӯ чӣ кардем? Ку осорхонаи Спитамен? Канӣ асаре дар бораи қаҳрамонияш? Куҷост филме дар бораи Спитамен? Нест! Ягона осорхонае, ки ҷош кардем, ҳамоно Толори Бузурги Искандария дар осорхонаи Хуҷанд аст, ки он ҷо Спитаменро Искандар кушта истодааст! Мо ҳатто барои Бутсефал – аспи Александр толори бузурги алоҳида ҷудо кардаему барои Спитамен на!!!

Зеро Бобопараст нестем! Вале агар ҳам ҳастем, мутаассибона. Вагарна баъди 32 соли Истиқлолият ва лоф заданҳо дар бораи ҳувияти миллӣ ва сарсупурдагӣ ба Тоҷикистон сарварони Суғду Хуҷанд нимпайкараи разилтарин хоини миллат – Абдулло Раҳимбоевро, ки пеши Сталин ҷон меканд, ки «миллате бо номи тоҷик вуҷуд надораду ба инҳо республика надиҳед!» меканд(ем)анд! На-ме-ка-нанд!!! Зеро инҳо искандарпарасту хиёнатпешаанд. Ҳаминҳо буданд, ки заминҳои падарии моро дар солҳои 50-60-уми асри ХХ ба қирғиз доданду то имрӯз хуни Тоҷик мерезад, Ва ана ҳаминҳо буданд, ки дар соли 1993-94 Пакти таслим ба ҳамсоякишварро таҳия карданду мехостанд вилояти Ленинободро аз Тоҷикистони ҷангзада ҷудо кунанд. Ва агар бародарбузурги Иброҳим Усмонови аштӣ намешуд, ин корро мекарданд…

Ва ана ҳаминҳоянд, ки бонки бузургеро Эсхата ном гузоштанд. Ба бонк коре надорем. Вале ба ном бубояд сару кор гирифт. Ин номи платсдарми Александри Македонский буд, ки зидди тоҷикони Суғд сохта, бо онҳо ва пешвояшон Спитамен мубориза мебурд. Биоед ба Википедия рӯ меорем (русӣ, забони асл ва забони муошарати байнулмилалии мо):

Александрия Эсхата (др.-греч. Ἀλεξάνδρεια Ἐσχάτη) — античный город с неясным местоположением. Известно, что армия Александра Македонского дошла только до Сырдарьи. И на её берегу Александр основал город, названный Александрия Эсхата (дословно переводится как Александрия Последняя или точнее по смыслу как Александрия Дальняя, по мнению историка Б. Г. Гафурова — Александрия Крайняя)

Ва ана ҳамин таборситезон бо ин ҳам дилашон об нахӯрда, ин номи ғосибонаро гирифта, бурда, дар Кӯлобшаҳри бостонӣ, номи гӯшнавозтарин барои ҳар тоҷики кӯлобӣ-Равшанро канда, ҷояш Эсхатаро устувор карданд!

Мегӯед тасодуф ва СМ ҳарза мегӯяд? Аслан на. Инҳо қадам ба қадам решаҳои ифтихороти моро канданиянд!!!

Мо имрӯз думболаи арабпарастии мардум гашта, фаромӯш кардаем, ки бегонапарастии мо аз дигар зовия ҳам обмӯрӣ дорад. Интеллигентсияи мо, оне, ки аз шуравӣ бархестааст, руспарастанду ҷавонони даврони истиқлолият туркпараст. Вазирони маорифи мо, дар авоили солҳои давлатдорӣ, ба гӯши мо лапша овезон карда, ки гӯиё «миллатро соҳибсавод мекунем!», литсейҳои пантуркистии Фатҳулло Гюленро ба кишвар оварданд. Туркон беҳтарин ва донишмандтарин бачаҳои моро гирифтаву турк карданд!

Медонед сирри зиёд шудани сериолҳои туркӣ ва ба фарҳангу ҳаёти рӯзмарраи мо ҷо гирифтани фарҳангу одобу расму русуми туркӣ куҷо ниҳон аст? Оре, аккурат, маҳз дар хатмуттаҳсилини ҳамун литсейҳо. Ин, ки 2-3 тоҷики бечора бонги изтироб мезанад, ки киноҳои туркиро манъ кунед ва намекунанд, қадами нахустини лағзиши миллат аст бар чоҳи пантуркизм. Мо, мо ҳам не, ҳамон вазирони кисаву кассадӯстдори мо, фаромӯш карда буданд, ки 54 пантуркисти ҷавонбухорӣ дар соли 1920 миллати моро қариб беватан кардаанд…

Масҷидҳои мо намози ҷумъа равед. Ҳатман равед! Ва бинед, ки оё 1 бор ҳарфе дар бораи ситораҳои осмони ислом, ки тоҷикасланд, мегӯянд? Дар бораи Аттор, Саноӣ, Мансури Ҳаллоҷ, Мавлавӣ, Ҷомӣ… Неъи қоқ! Ин ҷо фақат халифаҳои араб қаҳрамони асливу усулиянд. 1 воъизе нест, ки гӯяд, Эмом Бухорӣ чӣ коре мекард? Эмом Абуҳанифа тоҷик буду 1 млрд араб дар мазҳаби ӯянд. Исмоили Сомонӣ империяи исломӣ дошт! Мавлавӣ бархоста аз ноҳияи Вахши Тоҷикон аст. Носири Хусрав зодаи вилояти Хатлон, ноҳияи Қубодиён мебошад. Аввалин «Малик-уш-шуаро»-и Бухорои Шариф Рӯдакии панҷакентӣ буду охирин «Малик-уш-шуаро»-и Бухоро Шоҳини Кӯлобӣ ва ҳарду аз Тоҷикистонанд!!! Ин суҳбатҳоро дар масоҷиди мо, бо шумули Масҷиди Марказӣ, ки муфтии азиз мавъиза мекунад, на-меш-на-вед! Боиси таассуф аст, ки инҳоро касе маҷбур намекунад, арабпарастӣ кунанд. Инҳо, просто, бо лағзиши физикӣ, тибқи қонуни Нютон, дар лойи бобоҳои авлодгурези худамон ғеҷида рафта истодаанд. Ва садсолҳо ин кор давом хоҳад кард: то маҳви комили миллати тоҷик, агар…

…Агар ба шарте Ҳукумати Марказӣ ва Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан дахолат накунанд ва эмомҳои моро Ҳукумати Марказӣ маҷбур насозад, ки қаҳрамонҳои афсонавии арабиро канора гузоранду рӯй ба қаҳрамонҳои воқеии Тоҷикасли олами ислом оранд:

Адаб шарт аст, агар фарзанд шӯх аст,

Саги девонаро дору кулӯх аст!

Ва боз ҳам:

Беадабро ҳар куҷо ёфтӣ бикӯб,

Хирс мулло мешавад аз зарби чӯб!

Мо бояд аз парастиши Александру Эсхатааш то Гюллену русу араб даст шӯем, то дар мағзҳои авомуннос ифтихороти миллиро ҷо намоем. Ва ин корро пагоҳ ҳам не, ки имрӯз бояд сар кард. Пас чӣ кор бояд кунем?

Бонк-информатсияамонро тағйир диҳем. Фарзи мисол, ту дониву Худо, хонандаи ин сутур, шахсан ту «бонк-информатсия» дар бораи ниёгонат дорӣ? Зинҳор нагӯед, ки муаррифии ҷадд бар насли оянда маҳалгароист. Мо, ҳама, чунон ба ботлоқи маҳалгароӣ ғӯтидаем, ки барои рӯпӯш кардани ин иллати усулии худ, чунон пардаи дурӯягӣ бар сар мекашем, ки ҳатто шояд ҳамин матлаби маро низ бар диёрпарастӣ нисбат диҳанд. Ман маҳалпараст на, ки бобопарастам ва бо ин ифтихор мекунам. Ту ҳам ифтиҳор кун, хонандаи ман ва дар бораи бобоят афсона боф!!!

Зеро дар тӯли 100 соли ахир дар бораи авлоди мо -Тоҷикон 1 қиссаи хубе нақле, навиштае, филме таҳия нашудааст. Мо миллати 100% бесавод, 1000% бемаданият ва 1000000% пасмонда муаррифӣ мегаштем. Мегаштем? Гашта истодаем! Ин иллати мо дар даврони сотсиализми мутлақ низ корбаст гардид. Моро таҳқир мекарданду мо хурсанд будем. Бинед, кӣ ва кай тавассути ТВ Марказии СССР 1 суруди тоҷикӣ шунида аст дар тӯли 70-соли шуравӣ? «Эй санам» ҳисоб нест, ки дар 60 солагии РСС Тоҷикистон 1 бор садо дод. Вале суруду таронаҳои гурҷиву озариву арманӣ ва туркӣ пайваста дар наво буданд.

Мутаассифам, вале таърихнигорони мо, ки то шуравӣ таърихи фатҳияи турку муғул меангоштанд, баъди он танҳо мадҳия дар бораи болшевизм навиштанд. Медонед чаро Бобоҷон Ғафуров қаҳрамони миллат шуд? Зеро ӯ дар он даврон ягона нафаре буд, ки номи Тоҷикро зинда сохт! Устод Айнӣ низ ба ҳамин тартиб қаҳрамон аст. Акнун фикр кунед, ки сафи айниҳову ғафуровҳо зиёд мебуд, магар онҳо қаҳрамон мешуданд, имрӯз? Ҳаргиз на!

Ба миллатҳои атрофу акноф назар кун, хонанда. Дар кадом қавму қабоил таърихнигору нависандааш қаҳрамони миллист? Магар Горкий барои русҳо қаҳрамон аст? Неъ! Зеро Горкийҳо дар адабиёти пуршарафи рус аз ҳад бешанд! Мисли таърихнигоронаш. Мо, ки кам доштем, қаҳрамон баргузидем.  Интеллигенсияи пуршарафи ҳар миллат дар ҳар давру замон кори ҷонии худашро мекард. Ва ин амал дигар қаҳрамонӣ набуд. Ин қарзи фарзандӣ ва ҳалол кардани нонест, ки мехӯрданд. Интеллигенсияи мо, мутаассуф, ба гузаштаи худ тир мезаду мезанад. То ҳанӯз нафаре нест, ки ақаллан шеър, қисса, ҳикояи мусбӣ…дар бораи миллати Тоҷики то инқилоби октябрӣ гуфта бошад. Ин аксиома аст, ки Миллати мо то Сомониён ва баъди он низ вуҷуд дошт. Аммо таърихи моро чунон навиштанд, ки мо бовар дорем, ки то Исмоилу то Ленин чизе надоштаем!

Зимнан агар хидмате барои ин миллат карданиӣ, хонандаи ман, оре маҳз туе, ки фикр дорӣ, «наход маро СМ дар назар дорад?» аз ҷоят хезу рав ва ба кӯдакат, набераат 1 афсонаи ҷонон дар бораи бобояш нақл кун. Бигзор дурӯғ бошад. Вале бошад!!!

Ва ин афсонаҳо бояд моломол аз диловарӣ, ҷасурӣ, далерӣ, ҷавонмардӣ ва футувват бошанд. 100% кафолат медиҳам, тифлеро, ки бо ҷадди қаҳрамонаш фахр дорад, на дар Афғонистон аз роҳ мезананду на дар Русия таҳқир месозанд.  Атфоле, ки дар пасманзари қиссаву афсонаҳои бобоҳои диловару говҷигар ба воя мерасанд, ҳаргиз арабпарасту паштунмаъоб, яъне кулӯтаришу почакалтаву юбкапӯшу мазҳабфурӯш ва эсхатапараст нахоҳанд шуд. Зеро инро идеологияи халқии миллӣ мегӯянд!

Мо Метавонем!

 

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube