КӮКТОШ БАРҲАМ МЕРЕЗАД???

Бо вуҷуди ҳамасола аз комиссияи литсензиякунонии ФФТ ва ЛФТ гузаштан ва ба мусобиқаҳо роҳ ёфтан, дар сохтори маъмурии “Кӯктош” камбудиҳои ҷиддии ислоҳношуда боқӣ монданд. То ҷое, ки дидему шинос гаштем, ҳама мушкилҳоро сабаб якест: камбуди молӣ ва надоштани сарпарасти доимиву шарикони дастгир, дар маҷмуъ – такягоҳи мустаҳкам.

КФ “Кӯктош” аз ҷониби МИҲД-и ноҳияи Рӯдакӣ ва муассисони худ маблағгузорӣ мешавад. Шуруъ аз оғози мавсим барои нигаҳдошти “Кӯктош” бештар аз 250 ҳазор сомонӣ аз ҷониби муассис ва 150 ҳазор сомонӣ аз ҷониби МИҲД-и ноҳия ҷудо шуд. Инчунин, барои аввалин бор дар таърихи фаъолияти худ, имсол байни “Кӯктош” ва Ширкати букмекерии ФОРМУЛА-55 шартномаи ҳамкорӣ бо арзиши 150 ҳазор сомонӣ ба тасвиб расид. Вале мутаассифона, айни замон ҳолате ба миён омадаст, ки муассис дигар имкони мисли пешин маблағгузорӣ намудани дастаро надошта, МИҲД-и ноҳия бошад, барои ҷудо кардани қисмати боқимондаи маблағи тасдиқшудаи уҳдадории худ, танҳо аз моҳи июл имконият пайдо мекунад. Ва ин дар ҳолест, ки тибқи Протоколи мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами
Эмомалӣ аз санаи 3-юми ноябри соли 2023, раисони вилояту шаҳру навоҳӣ муваззафанд дастаҳои футболро дар Лигаи Олӣ ҳаматарафа дастгирӣ кунанд. Магар бо 150 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 13 ҳазор доллар), ки он ҳам гоҳ-гаҳ аз ҷониби МИҲД Рӯдакӣ пардохт мешавад, метавон дар Лигаи Олӣ ҳунарнамоӣ кард? Бо ин сабаб, Кӯктош дар ҳоли мушкили молӣ ва парешониву пошхӯрӣ қарор гирифт

 

«Даъватномаи дастгирӣ»

Мусаллам аст, ки аз миён рафтани “Кӯктош” дар тақвими баргузории қаҳрамонии имсолаи футболи кишвар мушкилоти ҷиддиро ба бор меорад. Аз ин рӯ, бо мақсади нигаҳдошт ва идомаи фаъолияти худ ҳадди ақал то охири қаҳрамонии имсола, ба хулосае омадем, ки аксияи “Даъватномаи дастгирӣ”-ро роҳандозӣ намоем. Дӯстони гиромӣ, шумо бо харидорӣ намудани 1 даъватномаи тамошои ҳамаи бозиҳои хонагии “Кӯктош” дар мавсими имсола, ки ҳамагӣ 100 сомонӣ арзиш дорад, саҳмгузори идомаи фаъолияти минбаъдаи даста мегардед. Бояд зикр намоем, ки ин амал “Охирин умеди нигаҳдошти даста мебошад”.

Шумо, фақат дархост кунед, мо даъватномаро ба шумо мерасонем! Мо Метавонем!

Бо эҳтиром, Н. Хоркашев,

директори варзишии КФ Кӯктош

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube