МАОРИФ БА ИСЛОҲОТ НИЁЗ ДОРАД

Мушоҳидаҳои ҳарсола нишон медиҳанд, ки сол аз сол сифати таълиму тарбия коҳиш ёфта истодааст. Ба назари ман чанд сабаб боиси ин омил шуда метавонад: 1. Муаллимони пуртаҷриба бо сабабҳои гуногун ҳар сол мактабро тарк мекунанд.

  1. Бачаҳо аз тарбияи падар дур мондаанд, зеро падарон дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд.
  2. Модарон бо сабабҳои гуногун аз ӯҳдаи тарбия ба пуррагӣ баромада наметавонанд.
  3. Маҳдудияти барқ ба рафту сифати таълиму тарбия таъсири манфӣ мерасонад. 5. Набудани кружокҳои фаннӣ ё ҳастанду амал намекунанд.
  4. Дар хона ё кӯча зиёд истифодаи бурдани телефонҳои мобилӣ.
  5. Дар мактабҳои олии муаллимтайёркунӣ таҳсил бояд ройгон бошад, то ин ки онҳое, ки хоҳиш доранд, рафта хонанд.
  6. Маоши муаллимро зиёд ва ҳуқуқи маънавии муаллимро баланд бардоштан лозим аст.
  7. Хонандаҳоро ба дигар корҳои ҷамъиятӣ ҷалб кардан лозим нест.
  8. Баъди хатм кардани синфи 9-ум хонандагоне, ки он қадар хоҳиши хондан надоранд, ба таълимгоҳҳои ҳунаромӯзӣ фиристодан лозим, то ин ки хонда, соҳиби касбу ҳунар шаванд, то муаллимонро ғам надиҳанд…

Ҷаббор Мирзоев,

н. Мастчоҳ

тел: 920161670

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube