РОНАНДАҲОИ БЕНАЗОРАТИ СУҒД

Таксиҳое, ки ба вилояти Суғд равуо доранд, тартиб ва нархи муайян надоранд. Дар ҳама кишварҳои хориҷӣ мизоҷ дохили таксӣ, ки шуд, он дарҳол ба роҳ мебарояд, вале дар мо чунин нест. Ронандаҳои мо то 2-3 соат вақти мусофирро гирифта, одам ҷамъ мекунанд. Қариб 99 % ронандагони ин масир асабӣ буда, барои 1 гапи ноҷо бо мусофир дар роҳ ҷанҷол мебардоранд. Гоҳо ҳам пул медиҳиву ғавғо мехарӣ ва бо асаби вайрон ба сафар мебароӣ.

Чаро ронандагони масири шаҳру ноҳияҳои Суғд тартиб надоранд? Кӣ ва кадом сохтор онҳоро назорат мекунад? Ба куҷо метавон дар бораи рафтори дағали ронандагон шикоят кард?

 Алия Назирова, сокини ш. Душанбе

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube