ЗОДГОҲИ МАВЛОНО САНГТӮДАИ ДАНҒАРА Ё ВАХШ?

Бухшида ба Рӯзи Мавлавӣ

  Аз таърих огоҳӣ дорем, ки қисмати ҷанубии Осиёи Марказӣ, Хуросон ва шимоли Ҳиндустон дар давраҳои аҳди қадим бо унвони мулки Бохтар ёд мешаванд, ки дар ибтидои солшумории мелодӣ он номи Балхро мегирад. Балх барои мардуми ғайри араб- тоҷикон чун Маккаи мукаррама муқаддасу муборак ва мояи ифтихор буд. Чунончи Фирдавсии бузург мефармояд:

Ба Балхи гузин рафт он Навбаҳор,

Ки яздонпарастон дар он рӯзгор.

Мар он ҷойро доштандӣ чунон,

Ки мар Маккаро тозиён ин замон.

Аз ин рӯ асрҳо мардуми мулку сарзаминҳои гирду атрофи Балх дар кишварҳои хориҷ бо ифтихор худро Балхӣ муаррифӣ менамуданд. Асрҳо Вахшонзамин қисмате аз кишварҳои Бохтар- Балхи бузург буд, аз ин рӯ, Мавлоноро  бо унвони Балхӣ ном бурдан ҳеҷ ҷойи тааҷҷуб надорад. Вале то ба ин рӯз муҳаққиқон ба 1 хулосае наомадаанд, ки дар куҷои Вахшонзамин Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ ба дунё омадааст.

Муҳаққиқи зиндагиномаи Ҷалолуддини Балхӣ- Радий Фиш дар китоби худ “Ҷалолуддини Румӣ ” падари Ҷалолуддин- Баҳоуддин Валад Султонулуламоро бо номи “қозии Вахш” ном мебарад. Ӯ бо дидани ватани Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ  ба Левакант омаданӣ шуда, соли 1983 гузораш ба шаҳри Қурғонтепп афтода, вориди редаксияи “Навиди Вахш” шуда, аз сармуҳаррири рӯзнома Пирумқул Сатторӣ дар куҷо воқеъ будани Левикантро мепурсад. Шодравон магар ки аз таърих бехабар буд, ки Левикантро ба ҷойи Сангтӯда Вахш муаррифӣ мекунад. Хато аз ҳамин ҷо сар мешавад. Баъд аз чопи китоб ватани Мавлоноро Вахш гуфтанд.

Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ , ки ба зиёраташ мушарраф гаштааст, дар ашъораш Вахшро бо унвони мулк ва ё кишвар ном бурда, аз бузургони Вахш  ёдовар шудааст:

Шунидам, ки бигрист донои Вахш,

Ки ё Раб, мар ин мардро банда бахш.

Ин ҷо “донои Вахш” падари Мавлоност, зеро хонаводаи онҳо чун фақеҳу донишманди бузург обрӯю  эътибори баландро соҳиб буд. Инчунин муҳаққиқи эронӣ- Алиакбари Деҳхудо ва Саид Нафисӣ муътақиданд, ки гузаштагони Мавлавӣ ва худи Мавлавӣ зодаи мулки Вахшанд.

 

Левакант ё Сангтӯда?

Шоҳи Балх- Муҳаммад Хоразмшоҳ соле 2-3 моҳи тобистон ба Левакант

(Сангтӯда),  ба сарҳади мулкаш кӯч баста, ин ҷо ҳукумат мекардааст. Айвони шоҳнишини Хоразмшоҳ зери  челонзори азиму сабзу анбӯҳи лаби соҳили дарёи Вахш, паҳлуи мазори “Хоҷаи Зинда”  будааст, ки аз ҳавои сарду ҳушгувори басо салқинаш, ки роҳатбахши тани инсон буд, фароғат мекард. То истилои муғул Сангтӯда (пештар Левакант) маркази азими тиҷоратӣ ва яке аз ҳалқаҳои тиҷоратии “Роҳи Абрешим”буд. Аз гумрукхонаи тиҷоратии ин ҷо Шоҳ Хоразмшоҳ суди бисёр мебардошт. Сангтӯда чун шаҳри тиҷоратӣ дорои корвонсаройҳои бузург буд. Тоҷирон аз Ҳиндустону Туркистон, Чину Эрону Арабистон ва ҳатто аз Руси Қадим ба ин ҷо ба тиҷорат омада, молу колои худро савдо карда, кӯфти роҳро бароварда, ба Чин ба савдо мерафтанд. Чиниён лаб –лаби дарёи Вахш ба ин ҷо ба савдо омада, ҳафтае савдо карда, баъд ба Ҳиндустону Эрон ва дигар мамолик мебаромаданд. Бино бар ин Сангтӯда (Левакант) нисбат ба дигар шаҳрҳои Вахшонзамин- Айваҷ, Қубодиён ва Ҳиловард (Бохтари имрӯза) хеле ободу сернуфус буд. Шаҳр дорои қалъи шоҳнишин ва сиккахона буд. Қалъаи баланди шоҳнишин, ки то ба ин рӯз боқӣ мондааст, дар соҳили чапи дарё, дар шафати шаҳрнишин ҷойгир аст, ки аз баландии он тамоми минтақаи шаҳр намоён аст. Мардумони шаҳр дар хидмати тоҷирон буданд. Барои таъмини ғизои тоҷирон ба чорводорӣ ва боғу сабзавоткорӣ машғул буданд.

 

Мадрасаи падари Ҷалолиддин

Шаҳр дорои масҷиди ҷомеъ ва мадрасаи толибилмон дар деҳи имрӯзаи Нуробод буд, ки    дар он падари Мавлоно Муҳаммад ибни Ҳусайн ибни Аҳмади Хатибӣ, ки ӯро Баҳоувалад меномиданд ва “Султонулуламо” мехонданд, мударрисӣ мекард.   Ихлосмандону иродатмандон пиёдаву савора аз Ҳиловард (ҳоло Қурғонтеппа), Айваҷу Кӯшон ба намози ҷумъа меомаданд. Аз ин рӯ  фақеҳону донишмандони бузург дур аз Балх ин ҷо сукунат мекарданд.

Баҳоуддини Валад  соли 1200- милодӣ аз Балх ба ин ҷо кӯч баста буд. Сабаби омадани ӯ дар он буд, ки вай дар дарбори Султон Хоразмшоҳ, чун соҳиби обрӯ ва манзалати бештар мегардад, Фахри Розӣ, ки яке аз фақеҳони бузурги ислом буд, ба ӯ сари кин мегирад ва рӯз ба рӯз мавқеъи ӯро танг мекунад. Ӯ маҷбур мешавад, ки дуртар аз дарбор ҳиҷрат кунад.  Дар ҷилди дуюми “Маориф”-и  худ Баҳоуддин муноқишаҳои байниҳамдигарии худу Фахри Розиро дар саҳ. 61 ёдовар шудааст:

“Падари Баҳоувалад, ки воизи масҷиди ҷомеъ ва хутбахони он буд, дар Балхи  имрӯза Афғонистон монд. Баҳоувалад ба Левакант (Сангтӯда) омад ва 1 доираи адабӣ барпо кард ва воизи масҷиди ҷомеъ ва мударриси мадраса шудСаййид Бурҳониддини Муҳаққиқи Тирмизӣ дар ҳамин мадрасаи Баҳоувалад ҳамчун  шогирд таҳсил  дошт. Ӯ дар хонаводаи Баҳоувалад зиндагӣ мекард.(Баҳоуддини Валад. “Маориф” Теҳрон, 1338ҳ Ҷ,2.)

 

Вахшӣ, Балхӣ, Хатлонӣ?

Муҳаққиқаи афғон Маҳбуба Сироҷ зикр кардааст, ки дар даврони таваллуди Мавлоно падари ӯ бо оилааш дар Леваканти Вахш зиндагӣ мекардааст (Сироҷ М. «Мавлонои Балхӣ ва падараш. Таъсири “Маориф” бар “Маснавии маънавӣ”. Кобул, 1340 ҳ. саҳ.13).

Пажӯҳишгари болиғназари муосири Эрон Алиасғар Ҳикмат, ки дар болои асари ҷовидонаи Мавлоно 45 сол заҳмат ва тадқиқоти пурмояеро аз хештан арзонӣ доштааст, ҷойи таваллуди ӯро Вахш гуфтааст.

Олими эронӣ Бадеъуззамони Фурӯзонфар дар бораи дар Вахшонзамин тарбият ёфтани ин мутафаккири барҷаста сухан кардааст. Яке аз муҳимтарин тадқиқот дар ин самт ба қалами муҳаққиқи амрикоӣ Франклин Люис тааллуқ дорад ( Lewis D/ F Rumi/ Past / Present East / West  The Life  Teaching  Poetry of Jalal al  Din Rumi/  Oxford/ 2000-  Гузашта ва ҳозира, Шарқ ва Ғарб. Ҳаёт, таълимот ва ашъори Ҷалолуддини Румӣ.  Оксфорд. 2000 (ба забони англисӣ)). Он ҷо баъд аз мутолиаи китоби “Маориф”-и Баҳоуддини Валад овардааст, ки Баҳоуддин  шояд дар Балх таваллуд шудааст, вале баъдтар ба Вахш кӯч бастааст. Дар Вахш таваллуд шудани Муҳаммад Ҷалолуддини Балхиро исбот мекунад. Дар ин боб муҳаққиқи амрикоӣ меоварад (саҳ.55 56), ки «Баҳоуддин то соли 1200 -1217 дар Вахш буд, баъд он ҷоро тарк кард».

Люис ба масъалаи он, ки чаро Румиро зодаи Балх медонанд, дахл намуда, гуфтааст, ки Балх дар фосилаи дурии тахминан 250 километр аз Вахш ҷой гирифтааст. Вақте ки Баҳоуддин ва Ҷалолуддин бо муҳоҷирони дигар аз Хуросон гуфтугӯ мекарданд, эҳтимолан шаҳри аслии худро дақиқ муайян мекарданд, яъне изҳор медоштанд, ки аз Вахш омадаанд. Вале ба мардуми Анатолия онҳо шояд мегуфтанд, ки аз Балх омадаанд, ки номи он шаҳр барои онҳо маъмулан ошно буд. Он вақтҳо силсилаи шаҳрҳои Левакант (Сангтӯда), Ҳиловард (Қурғонтеппа, ҳоло Бохтар), Айваҷ ва Кӯшонро шаҳрҳои Вахшонзамин мегуфтанд. Муаллиф дар саҳ. 47 овардааст:

Вахш, ки одатан ҳамчун шаҳри асримиёнагии Левкант ё Сангтӯда мебошад, аз дохили  марзҳои Тоҷикистони муосир, тахминан 65 километр дар ҷанубу шарқии Душанбе, 35 километр дар шимолу шарқии Қурғонтеппа ва 500 километр дуртар аз сарҳади Хитой қарор дорад.”

Дар ин хусус ӯ дар иловаҳо ба тадқиқоти фавқуззикри худ харитаи ин мавзеъро низ бо номи “Минтақаи Вахш”, ки он ҷо Ҷалолуддини Балхӣ таваллуд шудааст, меоварад (саҳ. 647).

Яке аз бузургтарин муҳаққиқони амрикоӣ Колман Брокс, дар ин ақида аст, ки зодгоҳи Ҷалолуддин Вахш аст.

Бузургтарин муҳаққиқи эронӣ доктор Абдулҳусайни Зарринкӯб дар асари машҳури худ ”Пилла-пилла то мулоқоти Худо” борҳо аз Вахш ёдовар мешавад.

Хонум, пажӯҳишгар, профессори олмонӣ Аннамери Шиммел бар бовар аст, ки зодгоҳи Мавлоно маҳз Вахши Тоҷикистони имрӯза мебошад. Ба қавли олими суисӣ Фритс Мейер дар шимолии Балх бо номи Вахш падари Ҷалолуддин ҳамчун фақеҳ ва воизи дорои ақидаи тасаввуфӣ кору зиндагӣ мекард.

Ҳолноманависи Мавлоно Аҳмади Афлокӣ дар “Маноқиб-ул-орифин” ривоят кардааст, ки падари Мавлоно-қозии Вахш марде буд муътабар ва аз уламои аълами замони худ.

О.Ф. Акимушкин мегӯяд:  Ҷалолуддин Муҳаммад дар таърихи 30 сентябри соли 1207 дар яке аз музофотҳои Балх, дар чорроҳаи шаҳри корвонгузари Левакант (Сангтӯда-муаллиф), ки дар роҳи Чин ба Ҳинд ва Эрону Мовароуннаҳр қарор дошт, таваллуд шуд”.

 Хушбахтона, Бред Гуч-ном мавлоношиноси Амрикоӣ дар китоби худ “Асрори Мавлоно”, ки соли 2022 аз тарафи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 2 забон; русӣ ва тоҷикӣ ба чоп омода карда шудааст, дар саҳ. 21 мегӯяд:

-Ба шаҳри асримиёнагии Левакант 1 шуморидани Вахш- дар наздикии деҳаи имрӯзаи Сангтӯда, дар сарчашмаҳои зер таъид гардидааст: Минорский В. “Ҳудуд-ул-олам”: Translation and Gommentary ( London E. J. W. Gibb Mmorial Series, New Series, XI. 1970) 359, 361). Хулосаи ӯ аз тарафи Бартолд дар китоби “Туркистон то ҳамлаи муғул”, 69 ва Ҷ. Маркварт дар “Eransahr nach der Geographic des Ps.  Moses Xorenanc 1. A. h.  Kgl.  Ges.  wiss; Геттинген Фил-hist K. L. I. NJ  Bd 111, Nro 2, 1901, 232-34, 236, 299, 303” тасдиқ шудааст.

Аз ҷумла Маркварт навиштааст, ки “чӣ тавре ки дар арабҳо ин ҳодиса бисёр рӯй медиҳад, номи мамлакат (Вахш) ба номи пойтахти он- Леваканд гузаштааст (299)”.  Таҳқиқоти мазкур аз тарафи Фритс Мейер зимни баррасии ёддоштҳои Баҳоувалад; Grindzuge seines Lebens seiner Mustik ( Leiden; E. J. Brill, 1989). 15, зернавишти 7 низ анҷом дода шуда, бори аввал муайян карда шудааст, ки дар байни солҳои 1204 ва 1210 Баҳоувалад (падари Мавлоно) дар Вахш зиндагӣ кардааст.

Ин муҳаққиқ (Мейер) чунин хулоса кардааст,, ки агар тарҷума ва таҳқиқи М.В. Минорский ҳақиқат дошта бошад, Вахш дар хатти арзи 38 ҷой гирифтааст. Минбаъд Франклин Д. Люис дар китоби “Румӣ; Гузашта ва имрӯза. Шарқ ва Ғарб (Оксфорд; А Oneworld Book, 2008), саҳ.47 “мавқеи ҷойгиршавии Вахш (Леваканд)-и асримиёнагиро на он қадар дур аз Сангтӯдаи имрӯза донистааст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳили шарқии дарёи Вахш, тақрибан 65 км ҷануби шарқи Душанбе, 35 км шимолу шарқи шаҳри Бохтар (Қурғонтеппаи собиқ), дар 500 км аз Чин ҷойгир аст.”

 

Левакант на Вахш!!!

Дар китоби худ илова кардааст:

Аз ёддоштҳои Баҳоувалад маълум мегардад, ки ӯ ҳамроҳи хонавода дар канори дарёи Вахш зиндагӣ дошт. Мавлоно дар он ҷо 30 сентябри соли 1207 ба дунё омад.

Муаррихони рус академикҳо В. В. Бертолд ва В. С. Соловёв Левакантро Сангтӯда хондаанд.

Муҳаммадёр Шарифзода тибқи тадқиқоти анҷомдода таъкид менамояд, ки зодгоҳи ҳақиқии Мавлоно водии Вахш аст. Ҳатто 1 данишманди амрикоӣ  дастнависи падари Мавлоноро дарёфта, собит сохтааст, ки зодгоҳи аслии Мавлоно  Сангтӯдаи имрӯза аст. Ин донишманд ҳамон профессори университети Чикаго Франклин Люис  аст , ки дар хусуси китоби ӯ мо дар шумораи қаблӣ гуфта гузаштем.

Донишманди  тоҷик Хуршед Зиёев таҳти унвони “Дурахше аз Вахш” дар бораи зодгоҳи аслии Мавлоно Ҷалолуддин будани Вахшонзамини тоҷикон дар рӯзномаи “Ҷумҳурият”(26 июли соли 2007) мақолаи пурарзише ба табъ расонид. Вай он ҷо гуфта буд, ки  солҳои сиюми садаи гузашта олими рус В.А. Гордлевский “Ҷалолуддини Румиро ҳамчун зодаи Осиёи Миёна” зикр карда буд.

Ин  мавлоношиноси маъруф аз «Маснавии маънавӣ» байтеро овардааст, ки гӯё худи Мавлоно аз Вахш буданашро ёд карда бошад:

 Ақли ҷузвӣ ҳамчу барқ асту дурахш,

Дар дурахше кай тавонад сӯйи Вахш.

Бояд гуфт, ки “вахш” дар луғат маънои “сӯйи беҳуда”-ро дорад, на номи топоникаи Вахшро. Дар луғатҳои “Луғати фурс”, “Туҳфат-ул-аҳбоб” ва “Фарҳанги луғати Маснавӣ” ин вожа ба маъниҳои зер омадааст:

  1. Номи шаҳр дар Туркистон;
  2. Ибтидо, аввал, азал;
  3. Ибтидо, оғоз кардани корҳо.

 

Ӯ Тоҷик ва аз Тоҷикистон аст!!!

Ин гуфтаҳои донишмандони бурунмарзӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки қазияи аз Вахшонзамин будани Мавлоно Ҷалолуддин  бофтаву сохта набуда, аз ҷониби олимони Шарқу Ғарб тасдиқ ва  таъкид шудааст ва месазад, ки мо-тоҷикон ифтихор дошта бошем, ки ин нобиғаи нотакрори дунё ҳаммиллат ва ҳамдиёри мост.

Мувофиқи маълумоти 2 нафар муллоҳои мадрасаи Бухороро хатмкарда, падари марҳум эшони Назруллоҳ,  домулои калон  эшони Салим ва марҳум эшони Қилич, хоҳарзодаи Эшон-Балаи маъруфу номдор, Мавлоно Ҷалолуддин Мауҳаммад зодаи Сангтӯда будаст ва пайваста аз асарҳои ӯ маҳфилҳои маснавихонӣ омода мекарданд. Онҳо мегуфтанд, ки  Баҳоуддин Валад қозии Вахш ва воизу мударриси мадрасаи Сангтӯда, ки он вақт Леваканташ мехонданд, аз фақеҳони бузурги ислом будӣ. Ҳама гуна балоҳои ба сари мардум омадаро бо даму нафас ва каромати худ бартараф мекард. Аз ин рӯ, ӯро “Баҳоуддин Абутоҳири Балогардон” ҳам мегуфтанд.

Ҳавзаи илмии Баҳоуддини Валад дар Сангтӯда торафт ба 1 ҳавзаи бузурги илмӣ мубаддал гашт. Иродатмандон ва эътиқодмандон чӣ аз Балху чӣ аз Бухоро барои ҳалли масоили динӣ ба назди ӯ меомаданд. Ин болоравии нуфузи Султонулуламоро дида, Султон Хоразмшоҳ ӯро ба Балх даъват кард, вале ҳазрат даъвати ӯро  напазируфт.

 

Тарки Сангтӯда (Левакант)

Фахри Розӣ яке аз олимони маъруфи Балх  чашми ҳасад бар ӯ дошт. Баъди ба унвони “Сулотулуламо” сазовор гаштани Баҳоуддини Валад,  якбора кини ӯ боло гирифт ва бо шоҳи Балх забон 1 карда, маҷбур карданд, ки Баҳоуддин қаламрави Балх-Левакантро тарк кунад.

Ҳангоми тарки ватан Баҳоувалад қасам ёд мекунад, ки то замоне дар ин мулк Султон Хоразмшоҳ подшоҳӣ мекунад, ба ин ватан барнамегардем ва номи ин ватанро ба забон намегирад. Чун онҳо ба сарҳади Ҳалаб расиданд, ҷамоате ба истиқболи онҳо баромаданд ва гуфтанд:

-Шумо кистед ва аз куҷо меоед?

Баҳоувалад мегӯяд:

-Мо аз сӯйи Худо омадем ва ба сӯйи Худо меравем.

Номи макон ва ба куҷо рафтанашро ба забон наовард.

Баҳоуддини Валад бо чаҳордаҳ тан аз хонаводаи худ аз пули сангини болои дарёи Вахш будаи Сангтӯда, ки Балху Бухороро ба ҳам мепайваст, берун гардид.

Ба қавли аксари мавлоношиносон замони тарк карда рафтани Баҳоуддини Валад фарзандаш Муҳаммад Ҷалолуддин 6-сола, вале ба қавли Саид Нафисӣ ва Алиакбари Деҳхудо 12-сола будааст. Ӯ таълими ибтидоиро дар мадрасаи падар омӯхта буд.

Сараввал  хонаводаи Баҳоуддин дур нарафтанд, 4 километр болотар дар ҳамвории соҳили рост, ки ба замини Бухоро тааллуқ дошт ва то имрӯз он ҷоро чун қадамҷои “Баҳоуддини Балогардон” зиёрат мекунанд, сокин мешаванд.

Кини шоҳ то ба ҷое мерасад, ки иродатмандону эътиқодмандон ва муридони Султонулуламоро аз пули сангин гузаштан намемонад ва роҳи омадурафти онҳоро манъ мекунад. Зиндагонии аҳли хонавода басо сангин мегузарад. Баъд аз 1 сол дар хоб Худованд ӯро ба зиёрати Макка ҳидоят кард ва ҳушдор дод, ки ба сари ин қавм балои азим хоҳад омад, то худро аз ҷафо вораҳонад (юриши Чингизхон ба Осиёи Марказӣ ва Мовароуннаҳр дар назар аст-ред.). Аз ҳамон ҷо бо аҳли ақрабо рахти сафар кард ва қасам хурд, ки то шоҳ Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ султони мулк аст, номи Балхро бар забон намеорад ва бад-ин мулк бар намегардад.

 

Тохту този муғул

Баъд аз тарки ватан, урдуи муғул ба Сангтӯда ҳуҷум карда, шаҳри тиҷоратиро ба хоку хун оғушта кард,  қалъи шоҳнишинро валангор сохта, сарваташро ба ғорат бурд. Пули аз санг сохтаи болои дарёи Вахшро, ки бо аспу ароба миёни Балху Бухоро  рафтуомад доштанд, барканда, валангор сохт. Қисми ками мардум ба кӯҳистон панаҳ  ва ҷон ба саломат бурданд. Сангтӯда ба мадфанистон мубаддал гашт. Заминашро ҷуфт карда, барои аспонашон ҷав кориданд.

Қариб тули 250 то 300 сол касе муқими Сангтӯда набуд. Баъдтар замони ба сари ҳокимият омадани Убайдулоҳхони Шайбонӣ Бухорои Шарқӣ, аз ҷумла Сангтӯда айлоқи гӯсфандчаронии ҳокимон гашт. Сангтӯда дигар ба мардуми таҳҷойӣ насиб накард. Ҷойи онҳоро одамони аз тарафи ҳоким таъйиншуда, аз қабили  қарлиқу қазоқу тозу туркман омада, чӣ ном доштани ин мавзеъро намедонистад. Сангтӯпи калони миёни ин мавзеъро дида, Сангтӯда гуфтанд.

Ҳамин тавр номи пешинаи Сангтӯда-Левакант аз хотири мардум сутурда шуда, минбаъд ин ҷоро Сангтӯда ном бурданд. Мардуми бумӣ оҳиста-оҳиста ба ҳамворӣ баргашта, боз муқимӣ шуда, пули рӯйи дарёро аз нав аз чӯб барқарор карда, ҷойи зисти орифи бузургашон  Баҳоуддинро ба зиёратгоҳ мубаддал карданд, ки  816 сол боз  он ҷоро азиз дониста, аз роҳҳои дуру наздик ба зиёрат меоянд. Соли 1967 марҳум бобои эшони Назрулло, ки аз аҳли маърифат буданду мутаваллии мазори “Баҳоуддини Балогардон”, аз номи падарашон эшони Салим, ки замони зинда буданаш ҳафтсола будааст, шунидааст, ки ҳамин зиёратҷо ҷойи қадамҷойи Баҳоуддини Валад будааст ва фарзанди маъруфи эшон Ҷалолуддини Балхӣ ном ., ба ман нақл карданд.

 

Ману Ҷалолуддини Балхӣ

Ман ҳамчун як мавлоношинос ба конфронси илмӣ назариявие, ки дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ 29 сентябри соли 2022 баргузор гардида буд,  даъват шуда будам. Пири хирад, бобои Мунавваршоҳ бо мо ҳамроҳӣ мекард. Ӯ ҳангоми зиёрати қабри рамзии Ҷалолуддини Балхӣ ба  раиси собиқи ноҳия марҳум Файзуллоев Убайдуллоҳ ба оҳанги таъкид изҳор кард, ки ватани Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ Сангтӯдаи Вахшонзамин аст, на Колхозобод!

Бисёр касоне, ки сафар ба Қуния доштанд ва дахмаи ин бузургворро зиёрат кардаанд, гуфтанд, ки зодбуми Мавлоно Сангтӯда будааст.

Шоир Хайрандеш соли 2006 ба Туркия сафар карда, аз таассуроти сафари хеш ҳангоми зиёрати турбати Мавлоно шеъреро бо номи “Сангтӯда” дар оғози Нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” навишта ва Сангтӯдаро зодгоҳи Мавлавӣ хонда буд:

 

Сангтӯда!

Дар дили оби ту “Аржанг”-и Ватан,

Сангтӯда!

Дар фари нури ту фарҳанги Ватан.

Сангтӯда!

Дар дили ҳар санги ту нанги Ватан,

Сангтӯда!

Санги номуси Ватан! Санги Ватан!

        Панҷаҳои дӯстӣ чун панҷаи кӯҳат қавӣ,

        Зодгоҳи нур гаштӣ, эй виқорат хусравӣ.

        Рӯйи ту нуронӣ аст, эй зодгоҳи Мавлавӣ,

        Эй саропо нур, нури дунявию ухравӣ!

 

Нуралӣ Нурзод доктори илмҳои филологӣ, профессор ҳангоми эълон шудани соли 2007  “Соли Мавлоно” аз Туркия ба воситаи телевизион суханронӣ карда, ватани Мавлоноро Сангтӯда хонда буд.

Асадулло Ғуломов, рӯҳашон шод бод, пеш аз вафоташ ба Қунияи Туркия сафар карда, ҳангоми зиёрати ин орифи бузурги дунё огоҳ гашта будааст, ки зодгоҳи Мавлоно Ҷалолддини Балхӣ Сангтӯдаи Вахшонзамин аст ва  ин матлабро дар 1  нишасти худ бо роҳбарони ноҳияи Данғара ифшо карда буд.

Вахш 1 қисмати Балхи бузурги он замон буд ва ҳамаи шаҳрҳои дар ин музофот ҷойдоштаро мардуми Балх ва ё берун аз он бо номи водии Вахш ном мебурданд ва ҳамин Левакант ва ё Сангтӯда то солҳои 30-юм низ тобеъи Вахш буду баъдан тобеи ноҳияи Данғара гашт.

Забону андешаҳои тоҷиконаи Мавлоно худ оинаи таҷаллии ҳақиқат аст, ки ӯ зодаи кӯҳманзари Тоҷикистон мебошад. Имрӯз бисёр калима ва вожаҳои дар “Маснавӣ” ва осори дигари Мавлоно бакоррафта бештар дар гӯйиши мардуми Сангтӯда маҳфӯз мондаанд ва ҳанӯзам истифода мешаванд.       

 

Сайҳомиддин Назруллоев,

раиси ташкилоти ҷамъиятии маҳфили илмӣ-оммавии “Бонги най” дар деҳаи Сангтӯдаи ноҳияи Данғара

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube