НАРХҲО АЗ МОҲУ АХТАР ҲАМ ГАШТАНД БАЛАНД!

Савдогар дар як паллаи тарозу мол ва дар паллаи дигари он бояд – Инсофи худро бигзорад!

(Андарзи яғнобӣ)

 

Нарху наво – дардест гашта бедаво!

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб дар ҳама вохӯриҳо ба тоҷирону савдогарон, ба соҳибкорони инфиродӣ маслиҳат медиҳанд, ки дар рафти суду пешравии худ аз доираи инсофу одамгарӣ, накукорӣ нагузаранд, нарху навои маҳсулоти худро аз ҳад зиёд боло накунанд. Аммо, мутаассифона, ин табақа, яъне тоҷиру савдогар, миёнараву соҳибкор дар пайи дарёфти фоида беэътиноӣ мекунанд.

«Мо дар замони нархҳои озод, иқтисоди бозаргонӣ умр ба сар бурда, ҳақ дорем нархҳоро бо назардошди хеш даҳчанд боло намоем! – даст ба сари сина зада иддао менамоянд эшон. – Ягон харидорро маҷбур намесозем, ки аз моли мо харид кунад. Харидор ҳам дар интихоби мол озод аст!».

 

Орд чанд пул?

Ба гуфтаҳои эшон диққат диҳед: Агар онҳо (яъне тоҷирон) дар тамомии қаламрави Тоҷикистон, чӣ дар Бадахшону Зарафшон, чӣ дар Рашту Хатлон, чӣ дар Кӯлобу Ҳисор нархи 1 халта ордро 350 сомонӣ муқаррар кунанд, пас ин «харидори озод» магазини сайёраи Зуҳалро интихоб карда, аз он ҷо бо киштии кайҳонӣ баҳри эҳтиёҷоти хонаводаи хеш орди 50 ё 65 сомонаро фуру меорад?

Дарвоқеъ, нархи орд бо назардошти маоши имрӯза набояд аз 120-125 сомонӣ зиёд бошад. Дар суҳбати телефоние, ки бо «Ширкати ордбарории Тоҷикистон» доштам, гароншавии нархи ордро ба сари миёнаравон (посредник)-у тоҷирон нисбат доданд. Дар ин майдон ҳар савдогар медонаду дави аспаш. Нархи мушаххас ба тамом вуҷуд надорад. Илова бар ин савдогарони беинсоф халтаҳои ордро бо вазни 50 кг. навишта, дар асл ба 45, 42, 47 кг пур мекунанд ва ба Қуръону Аллоҳ савганд мехӯранд, ки аз ин хабар надоранд.

Моли ниёзи №1-и мардуми Тоҷикистон ин – орд аст ва корчаллону ҳаннотон ин соҳаро ба тамом, гуфтаи мардуми Хуҷанд – «даб-далаашро баровардаанд!» Шумо фақат ба худи 1 номгузории халтаҳои орди эшон таваҷҷуҳ намоед: «Супан», «Буёна», «Фатир», «Орди Қазоқистон», «Гандумини нонвойхонагӣ», «Гап нест»…

Қудратҳои тафтишотӣ, хадамоти давлатӣ, ба хусус «Тоҷикстандарт», Агентии мубориза бо коррупсия чаро дар ин самт фаъолият надоранд ва хомӯширо пешаи худ қарор додаанд?!

 

Нархҳо ваҳшӣ гашта…

Бобои ман баъди бозгашт аз Ҷанги Олмон (1941-1945) асп парвариш мекард. Аспе дошт – тундхӯ, бад, ва ниҳоят бадрафтор. Чанд савораро афтонида, маъюб карда буд. Рӯзе бобоям ин аспи бадфеълу бадрафторро аз банд раҳо карду бо қаҳр гуфт: «Падарлаънат. Рав ба кӯҳу пуштаҳо, бигузор гургу хирсҳо пора-пораат бикунанд!». Ҳамин нарху навои Тоҷикистонро мебинаму ҳамон аспи бобоям ба хотир меояд. Таваҷҷуҳ намоед ба ин маълумотнома:

 Лимонади «555», ки 1,5 литр аст, дар бозори «Фаровон» бо нархи чаканаи 1 сомонию 60 дирам яклухт (оптом) фурӯхта мешавад, аммо дар магазину марказҳои савдои шаҳри Душанбе нархи он аз 6 – 7 сомонӣ кам нест. Бисёр фурушандаҳоеро вохӯрдем, ки ин лимонадро дар фасли гармои тобистон ба 10, 12, ҳатто 15 сомонӣ савдо доранд. Агар сабаб пурсед, мегӯянд, ки «мо онро хунук кардем!»…

Оиди ин нархгузорӣ мо аз чандин намояндаи қишри ҷомеа, аз фаррош сар карда, то имом-хатибу академикҳо пурсон шудем: «Оё ҳамин гуна нархгузорӣ аз рӯйи Одамияту Инсоф ҳаст?!». 85 % бо 1 овоз гуфтанд, ки ин худобехабарию дур будан аз доираи Эмону Инсоф аст.  12 дарсади дигар изҳор дошт, ки «Замон-замони бизнес, савдогар, фурӯшанда чӣ хел хост, ҳамон тавр рафтору нархгузорӣ мекунад!» Ва ҳамагӣ 3% изҳор дошт: «Намедонам».

 

Карамели бе карамел

Аз магазини «Хӯрокворӣ»-и воқеъ дар Садбарг (назди вокзали роҳи оҳани Душанбе) 1 кг. карамели «Фруктово-ягодный букет», ки арзишаш 45 сомонӣ буд, харид кардем. Ин карамел аз рӯи номаш бояд мулоим ва дар дохили худ шарбат (варенье)-и меваҳои омехта дошта бошад. 1 донаи онро ба чойи гарму ҷӯшон мепартоем. Карамел сахт, ниҳоят сахт, мисли набот аст. Об шуда рафт, аммо аз он ягон шарбат падидор нашуд. Ба коғази он менигарем. Дар ягон ҷойи он нишонии истеҳсолкунанда, таркиби қанд, рақами телефонӣ сабт нашудааст, ба ҷуз нақшу нигори соддалавҳонае ва навиштаҷоти «Фруктово-ягодный букет». Аҷабо моли куҷо бошад? – Чин? Россия? Покистон? Арабистон? Афғонистон? Ва ё худи Тоҷикистон? Аз фурушандааш мепурсем: «Бародар, ин қанд қуттии дигаре дорад, ки дар он нишонии истеҳсолкунанда сабт гашта бошад?». «Не, таға, мо аз бозор ҳамин хел рассипной мегирем, оптом – мегӯяд фурӯшанда. Ба истеҳсоли он чӣ кор дорем? Ба фикрам, моли худи Тоҷикистон аст!».

Дар давлатҳои дигар пайдо шудани чунин маҳсулоти бесифату беном, бешубҳа, тамоман ғайриимкон мебошад.

Мисоли дигар: Аз бозори «Корвон» мо 1 куртаи фирмаи (гӯё) Туркияро бо номи «imperial» харидем. Фурӯшанда қасами зиёде хӯрд, ки ин куртаро фақат оптом мефурӯшад ва 1 донаашро олиҳимматӣ карда, ба мо 80-сомонӣ (боз бо нархи оптовый) медиҳад (Аслан ин моли Туркия не, балки Ӯзбекистон ё Қирғизистон буда, аз 20-сомонӣ беш нест!) ва аз «Корвон» берун номада, дар бозор, магазинҳои либос ва марказҳои савдои тамоми гӯшаву канори шаҳри Душанбе мо нархи ин куртаро аз 170-сомонӣ кам надидем. Бубинед, ки 1 чизи 20 сомонӣ, аз даст ба дасти миёнарав (посредник)-ҳо гузашта, бо нархи 170 сомонӣ ба харидор меафтад.

 

Осорхона ё бозор?

Оё шумо 1 кг. мавизеро дидаед, ки 250 сомонӣ, 1 кг. писта – 270, 1 кг. чормағз – 180, 1 кг. конфет – 200 сомонӣ нарх дошта бошад? Ҳатман ба Осорхона, дурусттараш ба бозори «Меҳргон»-и пойтахт равед. Ин ҷо шумо мебинед, ки ноки раштӣ – 70, себи Норак – 50, анори Қабодиён наздики 100 сомонӣ арзиш дорад. Нарху навои ин бозор то дараҷаест, ки баъзе категорияи омӯзгору китобдор бе ёрии мошини «Ёрии фаврии тиббӣ» арзиши нархҳоро фаҳмида наметавонад. Ин ҷо мо ягон муболиға надорем, зеро шоҳидон арз карданд, ки чандин «кампираку мӯйсафедак» баробари фаҳмидани нарх, ба инфаркти дараҷаи l ва ll расидаанд. Маҳз дар бозори «Меҳргон!».

Айни ҳол бисёр савдогарони ин бозор нахуст ба шаклу шамоили харидор синча мекунанд: агар фарбеҳу рӯсурх бошад – беибо нархи маҳсулоташро баланду бурро мегӯяд ва рафту харидори харобу лоғар – зери лаб, мисли замбури  зардак ғурунгос мезанад. Хайр чӣ? Ин ба фоидаи худи савдогар: Аз ду сар камбағал моли ӯро намехарад, зеро қувваташ (дурусттараш – маблағаш) намерасад. – Дар натиҷа ҳар ду тараф –довольный: Яке ба фурӯши худ идома медиҳад ва дигаре – ба тамошои осорхона!

 

1 одати басо ноҷои мо

Дар яке аз маркази савдои 1 шаҳри вилояти Суғд, аз фурӯшанда, ҷавонзани хушсурате пурсон шудам: «Хоҳари муҳтарам, ҳамин туфлии мардона чанд сомонӣ аст?. «295 мегум, неки ба худи шумо 250-ба метиям! Гиретон, пушаймон намешетон, дигар духтарҳо ба 300 досодиян!». Намедонам, чӣ хел аз ханда худдорӣ кардаму бо баҳонаи «размераш ҷудо калон будааст!» зуд бадар омадам…

Дар соҳаи савдо бисёр корҳои хубу нек аз тарафи маъмурияти бозорҳо карда мешавад. Масалан, онҳо савдогаронро маҷбур мекунанд, ки бо нархномаҳо садо кунанд. Ин тараф 1-2 рӯз итоат мекунанду боз ба бенизомӣ даст мезананд: нархномаҳоро партофта, нархи маҳсулотро ба таври худ (искуственно!) боло бармедоранд.

 

Иблис ва ёвари ӯ

Мо аз «Тоҷикматлубот», вазорату хадамотҳои дахлдор эҳтиромона хоҳиш дорем, ки бояд ҳар тоҷир, савдогар нархи реалии маҳсулоти хешро бинвисаду (ба пешонии худаш не!) ба назди бори худ, часпонад. 1 протсесси одӣ ва хариду фурӯш 100% ба фоидаи хаидор анҷом меёбад. Дар дигар ҳолат фурӯшанда табиатан мошеннику фиребгар аст: ӯ нархро сараввал аз осмони 7-ум оғоз мекунад. Чӣ даркор саҳнаи гарону арзон кардани биринҷ ё картошка бо ҳарфҳои забонӣ?! Нарх бояд мушаххас (конкрет!) ва хоно бо муҳри муассиса часпонида шуда бошад ва инчунин баъди харид ҳатман харидор бояд расид (чек, квитансия) бигирад, бо нишондоди миқдор ва арзиши ҳар 1 номгӯй! Тамом, вассалом. Дигар хел шуданаш тамоман ғайриимкон аст.

Дар китоби динии Исои Масеҳ – «Еванглие» нигошта шудааст: «Ҳар 1 фурӯшанда – ёвари Иблис аст!» Мо аз рӯйи мушоҳидаҳои тулонӣ илова мекунем: «Аксарияти фурӯшандаҳои тоҷик на ёвар, балки худи Иблисанд!».

Ба тақвияти гуфтаҳои худ воқеаи ҳамагӣ 2-моҳ қабл аз ин рухдодаро ин ҷо меорам: Аз дӯкони назди магазини хӯрокворӣ 5 кг. картошка харид кардам. Фурӯшанда бо чобукии сиркбози касбӣ пакетро пур карду давида, ба дохили мағоза даромад, зеро тарозуяш он ҷо қарор дошт. Пули харидро пардохт карда, пакет дар даст ба фурӯшанда гуфтам: «Ҷӯра, дар ин пакет ҳис мекунам, ки 5 кг. нест». «Э, таға (ибораи дӯстдоштаи ин тоифаро бишнав!!!) ба ҳурмати мӯйи сафедат боз 200 грамми зиёдатиашро нагирифтам. Ба номи Аллоҳ, Қуръон песум кунад, 5 кг. 200 грамм аст. Э наход мо…». 2 дақиқа аз дӯкони ӯ гузашта ба ҳамсоя расидам. Пакетро ба болои тарозуи электронӣ гузоштам: 3 кг.885 гр. «Дидӣ, чӣ тавр 5 кг. 200 гр аст!». Кашидем 1,5 кило намерасад. Вале фурӯшандаи худобехабар ва русиёҳ бо ҳамон шаттоҳии ба худаш хос, мисли актёри хеле бомаҳорат ба харидорон муроҷиат карда дод зад: «Ин бобӣ рафту 1,5 кг, картошкаро ягон ҷо баҷо кард ва боз мехоҳад «добавка» гирад…

Ва боз ба Аллоҳу Қуръон, ҷойнамози дар назди пештахта будааш, савганд ёд мекунад…

 

Савдогар! Аз ҳад магузар!

Соли 1937 бо фармони Иосиф Сталин, даҳҳо ҳазор «душманони халқ» аз Тоҷикистон ба дашту биёбонҳои Қазоқистону Сибир бурда, бе делою судбозӣ парронда шуданд. Бояд гуфт, ки дар қатори ин «душманони халқ» аксарият тоҷиру савдогарон, ҳаннотону қаллобони суд (фоизхӯр) буданд. Бубояд аз сабақҳои таърих дарс омӯхт. Ба гуфти устод Рӯдакӣ «ҷаҳон гирдгардон аст», на аз паи фиребу авомпарастӣ, балки аз паи накӯкорию инсонгарӣ бубояд рафт. Боз дар саҳифаҳои Қуръон омадааст, ки «Худованд Бино, Доно ва Огоҳ аст, ҳар 1 қадами шуморо медонад ва ҳатто ниҳоди шуморо!».

Хулоса, таассуроти мо аз бозорҳо, мағозаҳо ва марказҳои савдои Тоҷикистон ташвишовар буда, ҳолати нигаронӣ дорад. Вазъият на фақат дар шаҳри Душанбе, балки дар тамоми гӯшаю канори кишвар 1 хел аст. Медонем, хело хуб медонем, ки нархҳо озоданд, аммо на бо ин тарзу равише, ки дар Тоҷикистон ин «бизнесменҳои навовар» рафтору кирдор доранд. Нарху навои тамоми маҳсулот ба осмони ҳафтум дакка хурдааст.

Алҳол сари вақт аст, ки нархҳои беасос, ҳангуфт ва беназорати тоҷирону савдогарони кишвар бозтобӣ, яъне пасттар шаванд. Агар «нархҳо озод аст!» – гӯён худро тасалло бидиҳем, вазъияти ташвишовар аз ин ҳам бад хоҳад шуд. Ҳоло бар алайҳи беинсофию аз ҳад гузаштанҳои аҳли савдо бояд муқобилият нишон дод, зарбаи сазовор зад, вагарна фардо дер мешавад. Халқ беҳуда нагуфтааст: «Гушна ба шер мезанад!»

Саркардаҳои гурӯҳҳои экстремистию террористӣ низ ба гурӯҳи хеш афродеро мегиранд, ки нотавону дастнигар шуда бошанд. Ба ин нукта бояд диққати махсус дод.

 

Ба ҷои охирсухан ё «Совсем страх потеряли!!!»

Аз дукони «Тез тайёр»-и пойтахт қаҳваи 3Х1 фармудам. Фурӯшанда, 1 марди тахмин 30-35 сола бо 1 чаққонӣ пакети қаҳваро ба 2 пиёла рехту пиёлаи якумро пинҳон ва дуввумро бо оби гарми чойник пур кард, сипас «5 –сомонӣ мешавад!» – гӯён ба ман дароз намуд. Ба чашмонаш нигариста гуфтам: «Медонед, ин қаҳва фақат барои 1 пиёла пешбинӣ шудааст, бедарак шумо ин найранги сиркбозӣ касб кардаед». Дасташ дар ҳаво муаллақ монд. Бо пиёлааш… Баргаштаму ба ошхонаи дигар ворид шудам. Он ҷо ҳам вазъият ҳамин. Агар яке рӯшод шайтанатӣ намояд, дигаре – пинҳонӣ, дар паси пештахта. «Кал додари кӯр!» гаштаанд.

«Бардорад – киссаи клиентро холӣ кун, набардорад – маҳсулоти вайроншударо ба партовгоҳ парто! Аммо арзон макун, ҳатто 1 дирам»- ин шиори «савдогарони озод» шудааст.

 Дар Ҷумҳурии Туркманистон нони дирӯза агар ба савдо нарафт, рӯзи дуввум 30 фоиз арзон карда мешавад. Дар Тоҷикистон, алалхусус дар пойтахт нони 10 рӯза ҳам бо 100 фоиз арзиши аслиаш фурӯхта мешавад. Ин ба чӣ далолат мекунад?! Фазлу эҳсон, одаму одамгарӣ, накӯкориро аҳли бизнеси Тоҷикистон – сирф душмани ашаддии хеш эълон намудаанд.

Имрӯзҳо масъалаи гаронии нархҳо – масъалаи №1 барои 75 % аҳолии кишвар гаштааст. Нарх чун ақрабаки соат мудом ба пеш ҳаракат дорад. Харидори бечора, ки «клиент» ё «Буратино» ном гирифтааст, дар замони ба осмони ҳаштуму даҳум дакка хӯрдани нарху наво магар метавонад тавонгари худхоҳ, тоҷири нашъаманд ва савдогари кӯкнориро ба доираи шариату инсоф, фазлу эҳсон даъват бикунад? Албатта – не! Ин факт шабеҳи бо ғалбер бардошти об асту халос! Кунун ҳавою ҳавас, гашту гузор ва рафтору кирдори 90 дарсади аҳли савдо ба тамом дигаргун гаштааст. Маблағи бе дарди миён (афзудани қалбакии нарху наво – ҳунар не, ҷиноят аст!), сарвати зиёд, мошину қасрҳои баланд, серзанагӣ, даромади ҳангуфт тоифаи касифи ҳаннотону қаллобонро тамоман шайтонтабиату ношуд ва иблиснамо гардонидааст.

Вақти он расида, ки маркази савдои эшон на «Саховату Баракат» балки «Шайтону касофат» номгузорӣ бишаванд, чун 1 бандаи муъмину мусалмон ва аҳли ирфон ба он ҷо наздик нашавад!

Ман ҳамчун 1 харидор сабаби аслии болоравии нарху наво дар Тоҷикистонро на дар қурби рубл, доллар ё евро – балки дар чашмгуруснагӣ, бетарбиягӣ, риёкорию шайтонӣ, бевиҷдонию бемаслакии аксарият тоифаи тоҷиру савдогарон мебинам!

Шумо чӣ?

Рустам Рамазонӣ,

1 харидори тоҷики зодаи Яғноби Суғд

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube