1 МИЛЛИОН МУТАХАССИС ДАР 4 СОЛ

(Имтиҳон барои Фарҳод Раҳимӣ ва Гулнора Ҳасанзода)

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1 сентябри соли ҷорӣ зимни иштирок ва суханронии хеш дар Дарси Сулҳ дар мактаби №19-и ш.Душанбе таъкид доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ният дорад, то соли 2027 ба 1 млн нафар касбу ҳунар омӯзонад. Тавре Сарвари давлат зикр намуданд, ҳоло дар кишвар 570 ҳазор ҷавони аз 18 то 30-сола ҳастанд, ки касбу ҳунар ё ихтисос надоранд.

Имрӯз дар кишвар чӣ қадар мактабу коллеҷу литсей фаъолият доранд? Чанд маркази омӯзиши калонсолон дорем? Ва муҳимтар аз ин оё масъулини Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати маориф ва илми кишвар аз ӯҳдаи ин имтиҳон – омода намудани 1 миллион кадри баландихтисос дар 4 соли оянда мебаромада бошанд? Ин буд мавзуъе, ки мухбирони мо ин ҳафта пайгирӣ намуданд.

 

4000 мактаби миёна

Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда 4000 муассисаи таълимӣ фаъолият дошта, дар онҳо 2 миллиону 280 ҳазор нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ин нишондод нисбат ба соли таҳсили 1991 – 1992-юм 800 мактаб ва 1 миллион хонанда зиёд мебошад.

Соли 2024 беш аз 103 ҳазор нафар хонанда синфи 11- ро хатм карда, 250 ҳазор ба синфи 1-ум якум қабул шудаанд. Ҳоло дар кишвар 163 муассисаи типи нав, аз ҷумла 79 гимназия ва 84 литсей фаъолият дорад, ки ҳамаи ин муассисаҳо дар замони соҳибистиқлолӣ бунёд шуданд.

 

65 литсейю 87 коллеҷ

Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, соҳиби касбу ҳунар кардану ба бозори меҳнат ворид намудани ин қишри аҳолӣ ва ба рушди иқтисодиёт ҷалб кардани онҳо вазифаи аввалиндараҷаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба ҳисоб меравад.

Имрӯз дар назди Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати ҶТ 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ (литсейҳои касбӣ – техникӣ – собиқ ПТУ) ва 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо) фаъолият мекунад, ки дар онҳо аз рӯйи зиёда аз 500 ихтисос мутахассисони дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва соҳаи коргарӣ омода карда мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 65 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият менамояд, ки 63 – тои он давлатӣ, 2 – тои он ғайридавлатӣ ва 1 филиали литсейи касбии махсуси маъюбон дар н.Рӯшон аст.

Тавре масъулони Кумитаи мазкур зимни нишасти матбуотӣ вобаста ба ҷамъбасти фаъолият дар 6 моҳи аввали соли 2024 қайд намуданд, дар нимсолаи якуми соли равон дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 16 ҳазору 525 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Вале то ба 1 миллион нафар расонидани наврасони соҳибтахассус, ки то соли 2027 дар назар аст, ин рақам аз кам ҳам кӯчактар ба назар мерасад!!!

 

 Муаллим намерасад!

Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 3 ҳазору 857 нафар корманд, аз ҷумла 1 ҳазору 875 омӯзгор (3 нафар номзади илм) ва 904 устои таълими истеҳсолӣ фаъолият дошта, 33 нафар устои таълими истеҳсолӣ ва 83 омӯзгор намерасад. Дар ин зинаи таҳсилот аз рӯйи 14 самт ва 135 ихтисос кадрҳои коргарӣ омода карда гардида, дар назар аст, ки теъдоди ихтисосҳо то ба 1000 – то зиёд карда шавад.

Дар ҷумҳурӣ 87 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 5 филиал фаъолият намуда, дар ин муассисаҳои мазкур аз рӯйи 10 самт ва аз рӯйи 209 ихтисос мутахассисон омода карда мешавад.

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 90096 хонанда ва донишҷӯй (67641 духтар) ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 7 ҳазору 416 омӯзгор (3681 зан) дарс медиҳанд, ки аз онҳо 23 нафар (10 нафар зан) доктори илм ва 240 нафар (44 нафар зан) номзади илм мебошад.

Лозим ба таъкид аст, ки дар 78 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ имтиҳонҳо тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар 9 муассисаи соҳаи фарҳанг тариқи анъанавӣ ба роҳ монда шудааст.

Тавре дар варақаи матбуотии ин Кумита омадааст, соли равон 745 нафар мутахассисони ҷавон аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ таҳсилкарда тибқи роҳхати Кумита ва шартномаи 3-ҷониба ба ихтиёри раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо фиристода шуданд.

 

Дар 1 сол 7000 нафар соҳиби касб мешавад

Васеъ намудани шуғли пурмаҳсул яке аз ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба ҳисоб рафта, бо мақсади ба касбомӯзӣ ва дар ин замина ба шуғл фаро гирифтани аҳолии кишвар соли 2020 «Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025» қабул карда шуд.

Гуфта мешавад, ки дар ин самт бо дастгирии Бонки осиёии рушд ва саҳми Ҳукумати мамлакат лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ техникӣ ва омӯзиш» ба маблағи 360 миллион сомонӣ татбиқ гардида, ҳоло лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ» бо арзиши 360 миллион сомонӣ татбиқ шуда истодааст.

Дар доираи лоиҳаи якум 21 литсейи касбии техникӣ таъмиру азнавсозӣ ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин шуда, 17 стандарти салоҳияти касбӣ таҳия гардидааст.

Дар доираи лоиҳаи дуюм бунёд кардану ба истифода додани 3 маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бохтар ва Восеъ ва 3 маркази рушди малакаҳо дар ноҳияи Данғара ва шаҳрҳои Душанбеву Роғун ҳамчун лоиҳаи пилотӣ пешбинӣ гардида, то имрӯз маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар ш.Хуҷанд ва маркази рушди малакаҳо дар н.Данғара мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

Дигар марказҳо то охири соли равон ба истифода дода шуда, ба ҳисоби миёна дар 1 сол зиёда аз 7 ҳазор нафар шаҳрвандон, сарфи назар аз синну сол, ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, соҳиби шаҳодатномаи байналмилалӣ мегарданд.

Гулнора Ҳасанзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ зимни нишасти матбуотии хеш вобаста ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ гуфта буд, ки хоҳишмандон метавонанд дар кутоҳтарин муддат – 3 моҳ соҳиби шаҳодатнома – сертификати байналмилалӣ гарданд.

  

Таҳсилот & истеҳсолот

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади хеш зикр намуданд, бо дарназардошти таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ бояд ба масъалаи таъсиси паркҳои техникӣ, технологӣ ва таъсиси корхонаҳои хурди истеҳсолӣ дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ба хотири омодасозии мутахассисон аҳамияти ҷиддӣ зоҳир карда шавад, то шогирдон имкони гузаштани таҷрибаомӯзӣ ва гирифтани аввалин салоҳиятҳои касбиро пайдо намоянд.

Дар ин раванд Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ вазифадор карда шудааст, ки ба масъалаи тахассусмандии роҳбарон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ аҳамияти аввалиндараҷа диҳад.

Инчунин, зарур аст, ки пайванди илм бо истеҳсолот маҳз аз ҳамин зинаи таҳсилот, яъне ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба роҳ монда шавад, зеро таҷриба нишон медиҳад, ки дар аксари кишварҳои пешрафта ҷавонон аз ин муассисаҳо ба истеҳсолот ҷалб карда мешаванд ва чунин иқдом, дар навбати худ, ба коҳишёбии сатҳи бекорӣ мусоидат мекунад.

Мо ин мавзуъро ҳатман пайгир мемонем, зеро ният дорем дар шумораҳои баъдӣ бо Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати ҶТ ва Гулнора Ҳасанзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар бобати ин имтиҳон – омодасозии 1 миллион кадри соҳибкасб дар 4 соли оянда суҳбат ороем.

Пештоз мегӯем, ки бо ин масълуин борҳо нияти суҳбат доштем, ба вежа бо Фарҳод Раҳимӣ, вале бо сабабҳои номаълум ин иқдом ба дарозо мекашаду мекашад. Вале мо таслим шуданӣ нестем. Зеро Мо Метавонем!

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

 

Дар ҳамин маврид:

44 000 НАФАР АЗ ТАҲСИЛУ КАСБОМӮЗӢ МОНД…

Аз 170 ҳазор нафар хонандагоне, ки соли 2023 синфи 9-умро хатм кардаанд, 114 000 нафар таҳсилро дар синфи 10 идома дода, 12 000 нафар ба литсейҳои касбиву техникӣ ва коллеҷҳо дохил шудаанд. 44 000 нафари боқимонда таҳсилро дар ягон муассисаи таълимиву касбӣ идома надодаанд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш рӯзи 1 сентябр таъкид доштанд:

– Аз таҳлилҳо бармеояд, ки ин мушкилӣ, яъне хоҳиши идомаи таҳсилро надоштани ҷавонон агар аз як тараф, дахолати падару модарон ба тақдири минбаъдаи фарзандон, бахусус, духтарон бошад, аз ҷониби дигар, нокифоя будани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар масъалаи интихоби бошууронаи касб мебошад. Дар ин робита дастур дода шуд, ки ба санадҳои қонунгузорӣ тағйиру иловаҳо ворид карда, минбаъд ҷараёни идомаи таҳсил дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ зери назорати қатъӣ қарор дода шавад.

Дар асоси муқаррароти қонунгузорӣ акнун ҳамаи хатмкунандагони зинаи таҳсилоти миёнаи асосӣ баъди хатми синфи 9 вазифадоранд, ки дар ҳолати ихтиёран идома надодани таҳсил дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҳатман таҳсилоти худро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, яъне литсейҳои касбии техникӣ ва коллеҷҳо идома диҳанд ва соҳибкасб шаванд.

 Тибқи тағйирот ба Қонуни ҶТ “Дар бораи маориф”, ки моҳи феврали ҳамин сол ворид шуд, таҳсил дар синфҳои 10-11 (маълумоти миёнаи умумӣ) ҳатмӣ шуда, агар хонандагон дар мактаб мондан нахоҳанд, бояд таҳсилро дар коллеҷ ва техникумҳо идома диҳанд. Беҳтарин иқдом. Мо Метавонем!!!

 

 

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube