АНДЕШАҲОИ ПӮКИ ЭҶОДИ ТУРКИСТОН

 Бархе гурӯҳҳо дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ тайи бештар аз 30 соли охир мокувор дар Осиёи Марказӣ гардиш намуда, андешаҳои сиёсӣ ва мақсадҳои ғаразноки худро мехоҳанд ҳал кунанд. Сухан инҷо сари масъалаи номи Осиёи Марказӣ рафта истодааст, ки Вазорати маориф ва 1 қисм ба ном олимони Туркия нархи сабзию пиёзро напурсида, ба расонаӣ кардани андешаҳои пучи худ машғул гашта, онро Туркистон карданиянд.

 

 Туркистон ё Мовароуннаҳр?

Тибқи изҳороти ин вазоратхона минбаъд дар тамоми китобҳои дарсӣ номи Осиёи Марказӣ бо номи Туркистон ва ҳамчун ватани таърихии мардуми туркнажод муаррифӣ шуда, истиллоҳҳои Туркия ва Туркистон ҳамнаво будааст. Мақсад аз ин кор гӯё ба ҳам наздик кардани мардуми туркнажод аст. Яъне кор карда баромадани хати ягона, забони ягона, пули ягона ва дигар амалҳо.

Нахуст бояд гуфт, ки Осиёи Марказӣ- сарзамини паҳновар  дар қитъаи Осиёст, ки сарҳади озоди баҳрӣ надорад. Гарчанде, ки сарҳади дақиқ барои ин замин муайян карда нашудааст, онро дар навиштаву маъхазҳо одатан сарзамини кишварҳои Тоҷикистон, ТуркманистонҚазоқистонҚирғизистон меноманд. Аксари қаламравҳои кишварҳои дигар мисли Афғонистон, шимолу шарқи ЭронМуғулистонКашмир, шимол ва ғарби Покистон ва баъзан Шинҷон дар ғарби Чин ва Сибири ҷанубӣ дар Русия, ба минтақаи Осиёи Марказӣ дохил мебошанд. Ҷуғрофияи табиии минтақа илман ин марзҳоро чун Осиёи Марказӣ муайян намудааст. Бахши Осиёи Марказӣ, ки миёни дарёҳои Ому ва Сир ҷойгир аст, дар сарчашмаҳои қадимии арабӣ ва форсӣ ҳамчун “Мовароуннаҳр“, ки аз истиллоҳи қадимаи  форсии Фарорӯд нусхабардорӣ гаштааст, номида мешуд. Қисматҳои дури шимол ва шарқи Осиёи Марказиро одатан дар асрҳои миёна бо истиллоҳи “Туркистон” низ ном мебурданд

 

 Пешниҳоди немисӣ

Номгузории ин минтақаро ба Осиёи Марказӣ бузургтарин ҷуғрофидонҳои олам бо Александр Вон Ҳумболдт, ҷуғрофидони прусиягӣ пайваст мекунанд, ки маҳз ӯ чунин пешниҳод карда буд. Вай мегӯяд, «Осиёи Миёна ба он қисмати қитъаи Осиё мансуб аст, ки дар баландии 2 дараҷаи шимол ва 2 дараҷаи ҷануб ва 1,5 дараҷаи арзӣ ҷойгир аст».

Ҳудуди ҷуғрофии минтақа таърифи мушаххас надорад. Дар илми бостоншиносӣ дар Осиёи Марказӣ таърихан 5 сарзамин Марв, Бохтари ҚадимСуғдХоразм ва Сакистон мавҷуд буданд, ки мардумонаш бо эронӣ ва забонҳои эронии миёна сухангӯӣ мекарданд. Кишварҳои бостонӣ бо гузашти асрҳо тадриҷан ба 1 қисми империяи Форс табдил ёфтанд. Таърихи шукӯҳманди ориёӣ – порсӣ доранд ва бо ҳеҷ ваҷҳе Туркия ва Туркистон набуданд. Забони расмӣ дар Осиёи Марказӣ забонҳои тоҷикӣ (1200 соли ахир), туркманӣ, ӯзбекӣрусӣқазоқӣқирғизӣ, мебошанд. Ин мардум дар ҳеҷ замоне бо туркии набуда сухан намекард ва он забони «туркӣ» низ ҳеҷ гоҳ муродифи мардуми ин минтақа низ набудааст. Гузаштагони ин мардум аслан дар асрҳои ХУ – ХУ1 дар натиҷаи синтези ин мардум бо халқҳои муғул ва тоторҳо ба вуҷуд омадаанд ва бесабаб нест, ки тариқи сомонаҳои интернетӣ онҳо аз номи Чингизхони малъун ва Темурланги хунхори одамкуши муғулнажод ифтихоре доранд сахт қавӣ.

 

 

Пантуркизм зинда мешавад

Чунин ба назар мерасад, ки роҳбарони ҷараёнҳои пантуркистии бархе аз кишварҳо, баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ, чун диданд, ки пишаки онҳоро касе пиш намегӯяд, ошкоро ба паҳн намудани андешаҳои хому носолими пантуркизм, ки аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул нагаштаву барои аъмоли нигилизму андешаҳои кӯр-кӯронаи ғайрибашарӣ ва миллатчигӣ билкул эътироф намешавад, кор гирифтаву дар сар мақсаду ғаразҳои нолозимаро парварда истодаанд.

Оё ин кору амали онҳо беҳурматии том нисбати миллати ягонаи бумии фарҳангии Варорӯд, миллати тоҷик нест магар? Ҳаст! Вале мо хомӯшем. Фикр мекунем, коре нашуда истодааст.

Ман дар инҷо оиди иштиҳои қозгири ин хаёлпарастон, дар хусуси оне, ки даст ба асари миллию динии мо «Авесто», пайғамбари мардуми иронитабор Зардушт, нухбагони бузурги миллат Форобӣ, Берунӣ, Ал-Хоразмӣ, Абуалӣ ибни Сино, Низомии Ганҷавӣ, қаҳрамонони ориёӣ Малика Томирис, Маҳмуди Торобӣ, Афросиёб, Баҳроми Чӯбина чизе намегӯям, ки онҳо куллан аз худ карда истодаанд. Берӯӣ ва бешармӣ аз ин зиёдтар намешавад бародарони азиз!

 

Аз кино то адабиёти сохта

Боиси тааҷҷуб аст, ки ин ҳаракати нео-пантуркистии баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ аз соли 1991 ба вуҷуд омада, ҳатто дар хуни сарматҳо, сакоиҳо, скифҳо, масагатеҳо, бохтариҳо, тахориҳо, суғдиҳо…, ки ҳамагӣ иронитабор ва аҷдодони бевоситаи мардуми тоҷиктаборанд, генҳои набудаи худро меҷӯянд!

Беҳтарин бозгӯи вазъ филми Массагетҳо ва Малика Томириси қазоқфилм аст, ки дар онҳо ҷадди мо на кам на ғам, қазоқ муаррифӣ мешаванд. Ёфта бинед. Интернет пур!!!

Ин аъмолро байни халқҳои худ паҳн мекунанд ва ҷомеаи бесаводи онҳо ба баҳс дар интернет кашида шудаву яке аррос мезанад, ки калимаи «Фирдавсӣ» аз калимаи «Пирдавсӣ»-и туркист, бехабар аз он, ки Фирдавсии тоҷикӣ, ба он хотир дар қазоқӣ ва тоторӣ «Пирдавсӣ» шудааст, ки ин бародарон ҳарфи «ф»-ро талаффуз карда наметавонанд.

Аз оне, ки Абӯалӣ Синоиро аз они худ метарошанд ва ба номаш ҳамвора пайкара мегузоранд, ӯ ҳеҷ гоҳ турк нахоҳад шуд. Аз оне, ки номи аҷдоди худро дар эпоси миллии мардуми иронитабор «Шоҳнома»-и бузурги Ҳаким Фирдавсӣ меҷӯянд, Афросиёб дар 1000 сол ҳеҷ гоҳ Оғузхони мифологӣ нахоҳад шуд. Аз оне, ки дар шараёни рагҳои хунгарди Баҳроми Чӯбина ва Малика Томирис хуни ҷадди худро меҷӯянд, онҳо ҳеҷ гоҳ турк нахоҳанд шуд.

Зимнан хубтар нест, ки аз офаридаҳои ин бузургони башарият, фарзандони фарзонаи мардуми ориёитабори тоҷик, ин «ревизорҳои таърихи имрӯзаи Осиёи Марказӣ» омӯзанд ва илму ҳикмати офаридаи башарии фарзандони миллати ориёиро, ки ҳама вақт чун муаллими аввалин барои бобоёни мардуми турктабор хизмати арзандаеро анҷом додаанд, истифода намуда ва ба миллати ориёии тоҷик арзи сипос намоянд?!

 

«Сағера ба ҷое мерасаду сағерапарвар не!»

Меандешам, ки ин кору амали онҳо дар ҳамин матали тоҷикӣ дар 30 соли охир ба пантуркистони имрӯза корбаст мешавад на чизи дигар. Мебахшед бародарон, хомӯш истодани мардуми порситабор ин маънои онро надорад, ки ба гуфти шоир шумо «Худоро низ турк гӯед!».

Кори пантуркизм ба ҳаддест, ки имрӯз дар суханҳои ногуфтаи ҳазрати пайғамбарамон, ҳазрати Муҳаммад низ, бархе аз туркпарастон истилоҳоти туркиро ҷустуҷӯ мекунанд. Ин кор билкул хандаовар аст. Боварӣ дорам, ки агар тавонанд ҳамон ҳадиси набавии ҳазрати пайғамбар – «Агар илм дар Сурайё низ бошад марди форс ба он расидагӣ карда метавонад»-ро ба номи худ корбаст мекунанд. Арабҳо солҳои дароз гулӯ даронда мехоҳанд, ки Халиҷи Форсро ба Халиҷи Араб табдил диҳанд, лекин зӯрашон намерасад, зеро ин халиҷ таърихи 5 ҳазорсолаи ба истиллоҳ «порсӣ» дорад!

Аз ин рӯ хубаш ҳамаи ин гирумони бесаводонаро каноре монда, аз маърифати бузурги «дурри форсӣ», ки ҷаҳонро садсолаву ҳазорсолаҳо мунаввар намудааст, баҳра баред. Мо зидд нестем. Вале ҳар сабр охир дорад. Мо намегузорем, куллияи бузургони миллати Тоҷикро инҳо аз худ кунанд. Ин хатар дорад! Давлатмардони прагматики кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд дастандаркор шаванд ва ин раванди махуфи пантуркизм, ки ба фашизми туркӣ мебарад, садди роҳ шаванд. Зимнан, фаромӯш накунед, муҳтарам пантуркистон, ки мо ҳам ҳастем ва аз ҷадди худ пуштигирӣ мекунем. Зеро ҳар сабрро ҳадду ҳудудест. Мо Метавонем!

 

Варқаи Зайниддин,

Додситон, узви ИЖТ, Аълочии матбуот ва фарҳанги ҶТ,

шаҳри Бохтар,

11.10.2024.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube