РОҲКИРОИ ТАНЗИМНАШАВАНДА

Дар шаҳраки 30 – солагии Истиқлолияти ноҳияи Файзобод таваққуфгоҳи воситаҳои нақлиёт ҷойгиранду аз ин ҷо ронандагон ба самти шаҳрҳои Душанбе ва Роғун мусофир мебаранд. Роҳкиро аз маркази шаҳр то рӯзҳои наздик ба шаҳраки Обигарм, ки масофаи роҳ 12 км аст, 10 сомонӣ буд, ҳоло бошад ронандаҳо  роҳкироро то 15 сомонӣ боло карданд.

Масофа аз маркази шаҳр то маркази ноҳияи Файзобод 21 км-ро дар бар мегирад, роҳкиро мисли пешина 10 сомонӣ, то шаҳри Роғун масофаи шоҳроҳ 18 км, роҳкиро 15 сомонӣ, то шаҳри Душанбе 30 сомонӣ, то шаҳри Ваҳдат 20 сомонӣ аст.

Чаро нархи ягонаи роҳкиро нест? Ва муҳимтар аз ин кай нархи роҳкиро ба танзим медаромада бошад?

С. Ҳоким,

н. Файзобод

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube