Л.И.БРЕЖНЕВ: «ТОВАРИЩ РАСУЛОВ НАСТОЯЩИЙ ИНТЕЛЛИГЕНТ!»

Дар таърихи Партияи Коммунистии Тоҷикистон, аз байни котибони аввали ҳизби ҷумҳурӣ, Ҷаббор Расулов якумин нафарест, ки аз ҳама зиёд – 21 сол роҳбари ҳизб буд. Ӯро нафарони огаҳ ва холис марди бағоят соҳибэҳтиром унвон кардаанд. Расулов танҳо ва танҳо софдилона ба ҳизби коммунист ва халқу давлати советӣ – Тоҷикистони азиз, хизмати шоиста анҷом додааст. Ӯ заҳматписандтарин шахсият, мутахассиси беҳамтои соҳаи хоҷагии қишлоқ, иқтисодиёт ва саноати кишвар маҳсуб меёфт. Ҷаббор Расулов тамоми ҳаёти хешро баҳри хизмат ба Ватан рушд ва болорафти иқтисодиёти кишвар ва некуаҳволии халқ бахшид. Раҳм ба ҷони хеш накарда, то ҷон дар рамақ дошт, аз рӯи виҷдон, инсоф кор кард. Вопасин рӯзи ҳаёти хешро низ дар кор гузаронд. 4-уми апрели соли 1982, дар 68-солагӣ, дар ҷаласаи ҷавонони кишвар, дар шаҳри Душанбе аз ҳуш рафта, дилаш аз тапидан бозмонд.

Ҷаббор Расулов ҷамъулҷамъ 30 сол роҳбари Тоҷикистони советӣ, 10 сол Раиси Совети Вазирони Тоҷикистон ва қариб 21 сол котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон буд…

РАСУЛОВ

Ҷаббор Расулов 10-уми июли соли 1913 дар шаҳри Хуҷанди уезди Хуҷанд, вилояти Самарқанд, кишвари Туркистони империяи Россия, баъдан вилояти Ленинобод (ҳозира вилояти Суғд)-и Тоҷикистон, дар оилаи коргар-сохтмончӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, узви ВКП (б) аз соли 1939.

Соли 1931 ба Институти осиёимиёнагии пахтакорӣ-ирригатсионӣ (ҳозира Университети давлатии техникии Тошканд) дохил шуда, онро соли 1934 бо ихтисоси агроном-пахтакор хатм кард.

Ӯро ҳамчун агроном-пахтакор «барои ба кор андохтани заминҳои «мурда» ба водии Вахш раҳнамун сохтанд. Солҳои 1935-1938 агрономи пахтакори раёсати Комиссариати халқии зироати РСС Тоҷикистон, 1938-1940 сардори раёсати ғаллаи Комиссариати халқии РСС Тоҷикистон, 1940-1941 муовини Комиссари халқӣ (вазири) зироати РСС Тоҷикистон буд.

Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 намояндаи Комиссариати халқии омодасозии маҳсулоти СССР дар РСС Тоҷикистон буд. Солҳои 1945-1946 ҳамчун комиссари халқии зироат, баъдан, комиссари халқии зироатҳои техникӣ ифои вазифа кард.

 РАИСИ СОВЕТИ ВАЗИРОН

Дар ин миён Ҷаббор Расулов якчанд маротиба бо Сарвари давлати СССР Иосиф Виссарионович Сталин вохӯрӣ ва суҳбат дошт. Доҳӣ аз кору заҳмати тоҷики заҳматписанд розӣ буд.

Ҷаббор Расулов аз моҳи апрели соли 1946 то 27-уми марти соли 1955 ҳамчун Раиси Совети Вазирони РСС Тоҷикистон (аслан раиси Ҳукумат ё Сарвазири ҷумҳурӣ) фаъолият намуд. Ӯ дар ин вазифа Маҳмадалӣ Қурбоновро иваз кард.

Ҳамзамон, Расулов 2-юмин Комиссари халқии корҳои хориҷии РСС Тоҷикистон (пешина Алӣ Алиевич Аҳмадов – ворис Турсун Ӯлҷабоев), аз 22-юми июли соли 1946 то 26-уми марти соли 1955 буд.

 МОСКВА – СТАЛИНОБОД

Ҷаббор Расуловро соли 1955 парвози баланд насиб гашт. 28-уми март ӯро муовини якуми вазири хоҷагии қишлоқи СССР таъин намуданд. Ва ӯ барои идомаи фаъолият раҳи пойтахти давлати Советӣ – шаҳри Москваро пеш гирифт. Сараввал лоиҳаҳои хоҷагии қишлоқи ҷумҳуриҳои Осиёи Миёнаро раҳбарӣ мекард. Баъдан, ба ӯ сектори рушди хоҷагии қишлоқи РСС Украинаро бовар карданд.

Шоёни зикр аст, ки маҳз бо заҳмати Ҷаббор Расулов дар хоҷагиҳои кишвари Украина инкишофи васеи парвариш ва истеҳсоли ғалла ба роҳ монда шуд. Ӯ дар ин вазифа то моҳи декабри соли 1958 масъулият дошт.

Ӯро боз ба Душанбе раҳнамун сохтанд. Расулов аз моҳи декабри соли 1958 то июни соли 1960 яке аз котибони КМ ПК Тоҷикистон буд.

 НАХУСТИН САФИРИ СССР

Нимаи соли 1960 Ҷаббор Расуловро оҷилан ба Москва хонданд. Ва ӯ 15-уми июни соли 1960 Сафири фавқулода ва мухтори СССР дар Ҷумҳурии Того таъин гардид.

Боиси ёдоварист, ки 27-уми апрели соли 1960 Того аз зери юғи  Фаронса озод ва Истиқлолият ба даст овард. Ҳамин тавр, Ҷаббор Расулов якумин Сафири давлати советӣ (СССР-Россия) дар Того мебошад. Ӯ дар ин вазифа то моҳи апрели соли 1961 (ба маълумоти дигар то 2 июли соли 1961 – У.Ш.) адои вазифа намуд. Маҳз дар давраи сафирии Ҷаббор Расулов байни СССР ва Того нахустин маротиба созишномаи тиҷоратӣ баста шуд (вориси ин вазифа – Анвар Марасулович Қучқоров).

КОТИБИ ЯКУМИ СЕКА

Пас аз «анҷом»-и сафорат 12-уми апрели соли 1961 Пленуми VII КМ ПК Тоҷикистон Ҷаббор Расуловро котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон интихоб кард (пленум котиби якум Турсун Ӯлҷабоевро барои содир намудани як қатор камбудӣ ва пархош аз вазифа озод намуд…).

Ҷаббор Расулов аз соли 1961 то охири ҳаёт софдилона ба халқу Ватан хизмати шоиста сомон дод. Дар ин давра номбурда аъзои доимии КМ КПСС, узви марказии комиссияи ревизионии КПСС (1952-1956, вакили халқ дар Совети Олии СССР (даъватҳои 2-10) ва Совети Олии Тоҷикистон (даъватҳои 2-10) буд.

АНДЕШАИ ҒАЛАТ

Дар боби рушду тараққии хоҷагии халқ дар давраи роҳбарии Ҷаббор Расулов танҳо як далел меорем, ки Тоҷикистон дар ҷамъбасти соли 1981(?) ба хирмани Ватан 1 миллион тонна пахта супурд…

Солҳои ахири роҳбарии мавсуф баъзеҳо «шерак» шуда, котиби якумро зуд-зуд танқид мекарданд, ки вай танҳо ба масъалаи хоҷагии қишлоқ аҳамият медиҳад. Ба соҳаи саноат диққати ҷиддӣ намедиҳад. Яке аз ҳамзамонони ӯ муҳаққиқи варзида шодравон Искандар Қаландаров ин андешаро барғалат меномад. Қаландаров аз ҷумла мегӯяд, ки саноати Тоҷикистон сар аз соли 1970 то 1980 бисёрсоҳа гашта, аз 400 корхона бо дар таркиби худ доштани 100 коргоҳи муосири бемислро доро гашт. Ба мисоли металлургияи ранга, мошинсозӣ, электротехника, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, саноати сабук, хӯрокворӣ, кимиёвӣ, саноати кӯҳкорӣ ва ғайра. Мавриди истифода қарор гирифтани Неругоҳи барқи обии «Норак», Заводи алюминийи тоҷик, Заводи … азатно-туковый… Вахш…

Ба андешаи Қаландаров, ҳар он чизе, ки Тоҷикистон дар 70 соли ҳукумати советӣ ба даст овардааст, 50 дарсади он комёбӣ ва муваффақият ба давраи роҳбарии Ҷаббор Расулов рост меояд. Ҳамчунон, дар ин давра Ҳукумати Тоҷикистон ва Партияи коммунистии ҷумҳурӣ ба масъалаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва санъат таваҷҷуҳи зиёде зоҳир намуд.

БАЧАИ ОЧА

Ҷаббор Расулов ходими намоёни давлатӣ, котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон (12.4.1961 4.4.1982), то вопасин рӯзи ҳаёт роҳбари Тоҷикистон буд. Аммо ин раҳ дар бораи муҳаббати беандоза ва эҳтироми баланди писар нисбат ба модарро зикр менамоем.

Падари ӯ сохтмончӣ, модараш хонашин ва ба тарбияи фарзандон шуғл меварзид. Қатъи назар аз ҳолати сангини зиндагӣ, модар мекӯшид, ки кӯдаконаш гурусна намонанд ва тозаву озода бипӯшанд. Ин заҳмату муҳаббати модар – Очакалонро фарзанди баномусаш Ҷаббор Расулов ягон лаҳзаи ҳаёти хеш фаромӯш намекард. Баъди даргузашти падар, вай модарашро бо худ мебурд. Ҳатто пас аз роҳбари ҶШС Тоҷикистон интихоб шуданаш, Ҷаббор Расулов 21 сол рӯзи кориашро аз дидор бо модар оғоз мекард. Ҳар пагоҳӣ ронандааш, ҳангоми ба кор омадан, 4 дона нони гарми нонвойӣ ва аз бозор қаймоқи тоза меовард ва роҳбари аввали давлати Тоҷикистон бо нонҳои гарму қаймоқи лазиз назди модар медаромад.

Ҳар рӯзи якшанбе Ҷ. Расулов ба ронандааш пул (сӯм) медод, то аз бозори Путовский (собиқ бозори «Баракат»-и пойтахт) 2 кило гӯшти гӯсфанди навкушт харида, ба модар расонад. Баъди кор Ҷаббор Расулов, ҳатман, аз ҳоли модар бохабар, аз вазъи саломатиаш пурсон мешуд ва хоби хуш хоста, сипас ба хонааш мерафт.

Он замон модарро, ҳамчунон, Муҳаррам Расулова (хоҳари Ҷ. Расулов), ботаник, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хоҳарзодаҳояш Зулайхо ва Зебо ҳамроҳ буданд.

Ин марди бузурги давлатӣ пайваста дар беҳбуди саломатии момаш мекӯшид, зеро синни модар аз 90 гузашта буд, аммо бо амри тақдир писар қабл аз модар фавтид. Бо хоҳиши модар як пиҷаки писарашро оварданд ва ӯ пиҷакро дар бағал гирифта мебӯид, то бӯи писарашро фаромӯш насозад. Баъди чанд сол модар низ ба дорулбақо дунё пайваст.

ШАХСИЯТ ВА ТАБИАТ

Ҳамзамонон қисса мекунанд, ки Ҷаббор Расулов шахси бағоят хоксор ва одӣ будааст, ҳатто дар баъзе маврид зиёди бад. Бисёриҳо бархӯрдоранд, ки ҳангоми сафарҳои корӣ ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ вай бо худ ғизо (маъмулан, термоси чой ва бутерброд – порчаи нон бо ҳасиб ё панир…) мегирифт. Вай намехост, ки раисони колхозу совхозҳо, роҳбарони коргоҳҳо вақти хешро бо зиёфатдиҳӣ зоеъ кунанд ва боз ҳам аз ҳисоби давлат…

Наздикон хуб медонистанд, ки котиби якум дар бисоти хеш, ҳамчун роҳбари якуми кишвар (ҳокими мутлақ), ҳамагӣ ду ҷуфт костюм дошт – яке барои ҳамешагӣ (кори ҳаррӯза), дигарӣ барои сафарҳои хизматӣ ба Москва ва манотиқи дигари СССР.

Ҷаббор Расулов табиатан одами меҳрубон ва нармдил буд. Роҳбари давлати СССР Леонид Илич Брежнев Расуловро «настоящий интеллигент» (зиёии ҳақиқӣ) меномид ва сахт эҳтиром мекард…

Расулов худнамоиро нағз намедид. Доимо таъкид мекард, ки ӯро баҳудаву беҳуда дар телевизион нишон надиҳанд. Камсухан буд, аммо фикри хешро бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ кӯтоҳ ва муҷаз баён медошт. Забонҳои русӣ ва ӯзбекиро бағоят хуб медонист…

 СИРАТ

Ҷаббор Расулов баъди котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон интихоб шуданаш, хоҳари айнии хеш Муҳаррамро, ки муовини вазири маорифи ҷумҳурӣ буд, ба рухсатии меҳнатӣ фиристод. Пас аз рухсатӣ, Муҳаррам фаҳмид, ки бо қарори бародараш аз вазифа озод шудааст…

Мавсуф ниҳоятдараҷа шахси бавиҷдон буданд. Пас аз вафот, аз сейфи ӯ (ба ҷуз 4200 сӯм) як баста (дарза) квитансияҳо ёфтанд, ки котиби якум ботартиб худаш ҳаққи хизмати коммуналӣ, барқ, телефон ва ғайраро мепардохтаст.

 ПОРСО

Ҷаббор Расулов шахси порсо тоза ва тақводор буд. Ӯ ҳар моҳ ба милитсионери даромадгоҳи хонааш (навбатдори доимӣ), ки шахси серфарзанд буд, аз ҳисоби худ ҳар моҳ 100 сӯм (рубль) ёрдам мекард.

Маоши депутатиашонро (вакили Совети Олии СССР ва Совети Олии РСС Тоҷикистон) ба яке аз интернатҳои шаҳри Душанбе мегузаронд.

Нафарони ба хонаи ӯ рафтуо дошта аз бисоти ӯ, рӯзгори аз ҳад зиёд хоксоронаи Расулов – котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон, дар ҳайрат мемонданд. Дар хонаи ӯ як қолини куҳнаи бари девор, мизу курсӣ (стулҳои чӯбин «қоқ»), кроват ва шкаф, ки дар он як ҷуфт костюм овезон буд, мавҷуд буду халос.

Духтари котиби якум – Ирина муаллими забони хориҷӣ дар яке аз мактабҳои маъмулии пойтахт ва домодаш энергетики маъруфи шуравӣ Георгий Тихонов, роҳбари трести «Тоҷикгидроэнергострой» буданд…

 «АЁЗ – ҲАДДИ ХУДРО ШИНОС»

Пас аз даргузашти қиблагоҳӣ, Ирина нақл мекунад, ки дар ҷевон (шкаф)-и падараш як ҷомаи куҳнаи поргидор овезон буд. Хостам он ҷомаи «бекора»-ро аз ҷевон беҷо кунам, ки падар намондам. Гуфт: «Падари ман хоҳиш карданд, ки ин ҷомаро нигоҳ дорам ва гоҳ-гоҳ ба он нигариста, ки будани худро ба ёд биёрам, ки мо аз хонаводаи камбағалони одием».

Ин панди падари Расулов масали халқии «Аёз – ҳадди худро шинос, чоруқот дар таҳи кос»-ро пеши рӯ меорад.

МУКОФОТ

Ҷаббор Расулов 48 сол ба халқу Ватани хеш содиқона хизмат кард. Заҳматҳои шоёни ӯ бо унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (26.2.1981), 9 ордени Ленин – 1944, 1946, 1948, 1949, 1954, 1957, 1963, 1973, 1981 (дар қомуси ПК – 10 орден зикр ёфта, ки хатост – У.Ш.), ордени Револютсияи Октябр (1971), ордени Ҷанги Ватании дараҷаи II (1945), се ордени Байрақи Сурхи Меҳнат (1939, 1965, 1976), медалҳои зиёд ва грамотаҳои Президиуми Совети Олии Тоҷикистон  қадр шудааст.

Дар кишвар ба шарафи Ҷаббор Расулов, дар шаҳрҳо ва пунктҳои аҳолинишин як қатор кӯча ва мактабҳоро ба номи ӯ гузоштанд. Бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 1993 ноҳияи Пролетари вилояти Ленинобод (ҳозира вилояти Суғд) номи Ҷаббор Расуловро гирифт…

 МАРГ

Фарзанди давру даврони хеш Ҷаббор Расулови заҳматписанд 4-уми апрели соли 1982, дар 68-солагӣ, дар шаҳри Душанбе аз дунё гузашта, дар Боғи ба номи устод Айнӣ мадфун гашт. Бо даргузашти 35 сол, моҳи октябри соли 2017, наъши ӯро ба дигар ходимони намоёни даври дар ин боғ мадфунгаштаро дар Маҷмааи ёдгорӣ – оромгоҳи Лӯчоб, ба хок супурданд…

 МАБОДО

Баъди вафоти котиби якум, комиссияи дафн дар ҳузури шоҳидон сейфи ҳуҷраи кории Ҷаббор Расуловро во намуданд. Дар сандуқи оҳанӣ дафтарчаи амонатгузории марҳумро ёфтанд, ки дар он буду шуд 4 ҳазору 200 рубль (сӯм) буду халос.

Ҷаббор Расулов дар зарфи 21 соли роҳбарии мамлакат (10 соли Сарвазирӣ…) ҳамагӣ 4200 сӯм (тақрибан 5 ҳазор доллари ИМА, ба ҳисоби курси ҳамонвақта) пасандоз карда будааст, ки бо ин маблағ ҳатто як мошини сабукрави «Жигули» (нархи чунин мошин он замон 6 ҳазор сӯм меистод) намерасид. Чӣ равад аз мошини сабукрави «Волга»…

 

Умари Шерхон

27.5.2024

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube