КИТОБЕ, КИ ПУР АЗ ХАТОСТ!!!

Ростӣ, вақте китоби дарсӣ барои синфи 7-ро варақ задам, ҳуш аз сарам парид, ки наход китобе чунин пур аз хато, на танҳо нашр, ки дастраси хонанда шуда бошад. Ин китобро хонда, кӯдак дар оянда чӣ донише мегирад? Барои рафъи шубҳаи хонанда, мехоҳам чанд хатои китоби мазкурро пешкаш созам. Мо Метавонем!

 

Боби 1. Вазн ғалат

Саҳифаи 8 китоби  дарсии синфи 7

Шеъри  шоир Собир Зокирзода (шахсан ман чунин шоирро намешиносам) оварда шудааст, ки аз ҷиҳати таносубу балоғату фасоҳату мантиқ нуқсонҳо дорад ва дар 1 байт вазн хароб аст:

Пораи нон дар Ватан авлотар аз дебои Рум,

Қатраборонаш зи дарёи мулки бегона беҳ.

Тахтаи санги Ватан тахти Сулаймони ман аст,

Ҳанзали талхи Ватан аз омули бегона беҳ.

Мазраи кишти Ватан кам нест аз Девори Чин,

Каҷпули хурди Ватан аз шаҳпули бегона беҳ…

 

Саҳифаи 29:

Ватанам нури басар ҷони  ман аст,

Ватанам шуҳрати даврони ман аст…

Дар байти чоруми ин шеър монанд ба ғалати шеъри аввал ҷой ёфтааст.

                               Ватанам оинаи раҳнамост,

                               Ватанам бахти дурахшони ман аст (???).

Агар чунин ғалатҳо се – чаҳорто мешуд, шояд хонанда бовар мекард, ки хатои техникӣ рух додааст, аммо мутаассифона чунин ғалатҳо дар бисёр пораҳои шеърӣ ҷой доранд.

 

Саҳифаи 78:

Шеъри Савдо ба чунин шакл оварда шудааст .

Дар мамлакати ҳусни ту ишқам началидо,

                        Пои хирадам дар раҳи шавкат касалидо.

Омодакунангони китоб  калимаи «качалидо», ки дар луғат маънои лангида- лангида роҳ рафтанро  дорад, ба калимаи «касалидо» иваз кардаанд, ки ҳусни шеър костааст.

 

 Саҳифаи 123:

1 порча назм, ки аз Саъдии Шерозист, дар китоби дарсӣ ба ин шакл оварда шудааст.

Тавон пок кардан зи санг ойина,

Валекин наёяд зи санг оина.

Дар ин байт ҳам муаллифони китоб калимаи зангро ба санг иваз кардаанд, ки маънои байтро тамоман дигар мекунад. Шакли дурусташро мехонем:

                 Тавон пок кардан зи занг ойина,

                 Валекин наёяд зи санг ойина.

 

Саҳифаи 138

Байте аз Маснавии Маънавии Мавлоно бе овардани номи муаллиф оварда шудааст, ки одоби амонатдорӣ  чунин нест. Ҳамин тавр беаҳамиятӣ дар саҳифаи 61 низ ба назар расид. Боз ҳам дар саҳифаи 165 як қитъа аз Абдушукури Балхӣ ба чунин сурат оварда шудааст:

Хирадманд донад, ки покию шарм,

Дурустию ростию гуфтори нарм.

Дар мисраи дуюми байти дар боло овардашуда  аз ҷиҳати вазн халал ворид шудааст. Мураттибони китоб ба илми арӯзу мантиқ мусаллаҳ нестанд, зеро дар сарчашмаҳои бисёр ин байт дар чунин сурат  қобили мушоҳида мебошад:

Хирадманд донад, ки покию шарм

                 Дурустию родию гуфтори нарм.

Байти дувуми ин порча, ки барои  шарҳу тақвият ва  комилсозии маънои байти якум хидмат мекунад, низ  осеб дидааст:

Бувад хӯйи покон чу хӯйи малак,

Чӣ андар заминӣ, чи андар фалак.

Дар шакли солим, ки дар манбаъхои гуногун сабт шудааст, чунин омада:

Бувад хӯйи покону хӯйи малак,

                Чи андар замину чи андар фалак.

 

Саҳифаи 166

1 порча шеър аз Садриддин Айнӣ оварда шудааст, ки аз офати суханношиносӣ  зарар дида:

            З- ин миён барҷаҳид соиқае,

            Ки ҷаҳонро тамоман  ҳайрон кард.

Ин ҷо калимаи тамомро ба калимаи тамоман иваз кардаанд, ки кори савоб нест. Дар китоби Садриддин Айни ин мисраъ ба ин тартиб омадааст:

             З-ин миён барҷаҳид соиқае,

             Ки ҷаҳонро тамом ҳайрон кард

Байти машҳуре, ки дар кӯчаву бозор ҳам шуниданаш бисёр иттифоқ меафтад, ба чунин ҳол дар китоби дарсӣ сабт кардаанд:

Ин ду шохи гов агар хар доштӣ,

Пеши худ ҳеҷ касро нагзоштӣ.

Ҳазрати Саъдии Шерозӣ мегӯяд:

Гурбаи мискин агар пар доштӣ,

Тухми гунҷишк аз замин бардоштӣ.

Ин ду шохи гов агар хар доштӣ,

Ҳеҷ касро пеши худ нагзоштӣ!

 

Боби 2. Матн ғалат

Акнун меравем суроғи матнҳои тасодуфие, ки ба унвони намунаи меъёри омӯзиши забон овардаанд. Ҳарчанд медонем, ки бояд дар китоби дарсӣ  намунаи беҳтарин матнҳо аз адибони шинохтаву соҳибистеъдод оварда шавад,  мутаассифона, мо дар ин китоб ба бисёр матнҳои таҳриррнашудаву пур аз ғалат рӯ  ба рӯ мешавем, ки намунае анд аз онҳоро пешкаши хонанда мекунем.

Масъуд ном нафаре,  ки навиштани насабаш шояд аз лутфи мураттибон афтода бошад, гӯё аз 1 дӯсти нобиғааш  бо номи Фаршед тавсиф мекунад ба ин шакл:

–  Либосҳояш тозаву озода ва пойпӯшаш пок буда, ба назар ялтарросӣ мебошанд…

Аз Фаршеди бо попушиҳои “ялтарросӣ”  мегузарему чашмамон ба девори матни дигар бармехӯрад. Матнро бо шакле, ки дар китоб нашр  шудааст, мехонем:

«Бинобар ин, оби дарёи  Қаротоғ  он вақтҳо ба  андозае  зулол  буд, ки  кас ангуштарии ба қаъраш афтодаро бо чашмони одӣ дида метавонист. Ба таъм шаҳди ноб, ба арзиш дурри ноёб ва ҳаловатбахши шайху шоб буд ин об. Заргар ба дасти худ чойи қаротоғӣ дам намуда, бо кайфияту ҳаловат нӯши ҷон мекардШукр мегуфт, ки ҳамин сон як ҷаннатмакон ва дарёи ангубиноб офаридааст».

                                                                                  (Собир Зикирзода)

Номи шинос не?! Ҳамон «шоире», ки бо шеъри ноёбаш матлабро шуруъ карда будем!

Вале ин тавсифи аҷибу ғариби нарнахчире, ки «шохи расми пармашакл»  дорадро хонда, гумон мекунед, ки касе матнҳои ҷойдошта дар китобро аз назар намегузаронад ва агар гузаронад, пас ӯ кист, ки ба чунин ғалатҳо дар одитарин ҷумлаҳо роҳ медиҳад? Матн:

-Нарнахчир шохи расми пармашакл ва дар гардану сина мӯинаи (ёли) дароз дорад…

Тахмин мекунанд, ки нахчир яке аз гузаштагони бузи хонагии Осиёи Миёна мебошад.

(И.А. Абдусаломов ва дигарон)

 

Бо ҳамин шакли тасодуфию бе диққат интихоб кардани матнҳо хотима намеёбад, ки намунаҳояшро бисёр пайдо кардан осон аст.

Бе шарҳ

  1. Ин куртаҳои зебои дӯхтаам гувоҳи онанд, ки диққати ҳар як бинандаро ба  худ ҷалб  намоянд.
  2. Ман симои  зебоиро  дар  пешобару  остину  гиребони  куртаҳои  зебои  арӯсон, занон акс менамоям. Ин роҳати ман аст ба фароҳи паҳнои дилҳо.
  3. Бо тамоми ҳастияш кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки шогирдони лоиқ тарбия намояд. Барои муваффақият ба даст овардан миннатдорам.

 

Муқимзода Фозил

ш. Душанбе

 

Аз СССР: Ростӣ. Вақте муаллиф, ки худро на филолог, на педагог, балки корманди фаннии компутарӣ хонд, ин матлабро овард, боварамон наомад, ки чунин ғалатҳо усулан дар кутуби дарсӣ барои МТМУ бошад. Вале чун муаллиф китобро оварду нишон дод…тарбуз аз бағаламон уфтод. Бовар дорем, бо сари кор омадани вазири нави маориф, дар ин самт кор ҷоннок мегардад ва китобҳои дарсии пурғалат маҳв мегарданду ҷои онҳоро китобҳои беғалат мегиранд. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube