БОХТАР: МУШКИЛОТ БАРТАРАФ МЕШАВАНД???

Дар баробари ба сари вазифа омадани раисону мансабдорон чун анъана бояд 1 дигаргунӣ, пешравӣ, ислоҳи камбудии гузашта ва ё 1 ободии назаррас ба вуқуъ пайвандад. Бо ишғол намудани курсии мансаби раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муъминзода низ қадре аз камбудиҳо бартараф шуданд. Инро мардона бояд иқрор кард, ки раис кор мекунад!!!

Аммо костагиҳое, ки асосӣ буданд, амсоли ба таври нақдӣ фаолият кардани автобусҳои ваъдагӣ, ба талабот ҷавобгӯй набудани истгоҳҳои нақлиётӣ, набуди боғи ҳайвонот ва амсоли инҳо проблемаҳое ҳастанд, ки мӯҳтарам раиси тозаинтихоб сари инҳо андешаи жарфтар созанду баҳри пешвозгирӣ аз ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатӣ камари ҳиммату ҳикмат бубанданд.

 

Занги деринтизор

  1. 05.2024. Соат ба вақти Бохтар 8:41 дақиқа. Сараввал мо хостем аз забони худи раиси тозаинтихоб роҷеъ ба ислоҳи камбудиҳои болозикр фаҳмем. Тавре шахсан дар сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо раис фаҳмидему посух гирифтем, он кас бисёр “серкор” ҳастанд ва кадом ҳолате ки бекор шаванд, баъдан дар тамос мешудаанд. Аз гузашти зангамон 2 ҳафта беш сипарӣ гардиду ҳеҷ не мӯҳтарам раис “бекор” шаванд.

Бинобар гуфти сокинони шаҳри Бохтар баъди аз вазифа рафтани Баротзода Файзулло собиқ раиси пешин ва ба сари мансаб омадани раиси нав умедҳои нав ҳам дар дили сокинон лона гузошт. Мардум бар он бовар буданду ҳастанд, ки ин камбудиҳои ҷойдошта ҳалли худро меёбанд. Аммо чанд муддате аз раисии ин мансабдор сипарӣ гаштаасту ҳоло ҳам бархе аз мушкилоти ҷойдошта ҳалталаб боқӣ мондааст.

 

Пешравӣ ҳаст аммо кифоя нест

Дуруст аст, ки кор бе камбудӣ намешавад. Аммо камбудиро бояд нодида нагирифт. Чунки костагӣ ислоҳ мехоҳад. Муҳаббат Назирова сокини шаҳри Бохтар, истиқоматкунандаи яке аз биноҳои баландошёна бар он назар аст, ки бо сари вазифа омадани раиси тозаинтихоб, дар маҳаллаи мо якчанд мушкилот бартараф гардид. Аз қабили гузошта шудани қуттиҳои партовҳои маишӣ ва сари вақт тоза кардани онҳо, ки то ин дам ҳеҷ гоҳ ҳал намешуд. Аммо ҳоло саривақт ин қуттиҳо тоза карда мешаванду мардум аз ин проблема канор шуданд.  Партовгоҳҳои дохили шаҳр ҳам тез-тез тоза мешаванд. Ин бурди сокинони шаҳр аст, ки раиси нав онҳоро ҳал намуд.

 

Кортҳои плостикӣ куҷо шуданд?!

Масъалаи дигаре, ки ҳалталаб боқӣ мондааст, ин фаолияти нақдӣ доштани автобусҳои мусофиркашони дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои тобеи Хатлон мебошад. Мо ҳамарӯза тавассути автобусҳо ба шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон сафар менамоему шоҳиди он мегардем, ки то ҳол ронандагон аз пардохти нақдӣ истифода мебаранд. Ин ҳам дар ҳолест , ки раиси пешин барои мусофирон 40 ҳазор корти пластикӣ ваъда карда буд. Ваъдаҳои муаллақи раисон куҷо мешаванд? Ва ё он қарору супоришҳое, ки собиқ раисон имзо мекунанду роҳбарони тозаинтихоб ба сари вазифа меоянд муаллақ мемонанд? Охир раисон иваз мешаванд, ҳукумат ҳамонаст-ку?

 

Донишҷӯён имтиёз доранд?

– Ман ҳамарӯза тавассути автобуси самти Кушониён – Бохтар ба дарс меоям. Ва барои роҳкиро 2 сомонӣ пардохт мекунам. Ин ҳам дар ҳолест, ки гоҳе ҷойи нишаст меёбаму гоҳе не.  Дар дохили автобус аз меъёр зиёд мусофирон савор мешаванд ва ҳамаи онҳо пардохти нақдиро анҷом медиҳанд. Пулчинакҳо чи қадаре одам бисёр савор кунанд, ҳамон қадар фоида мегиранд. Бар замми ин мушкилот донишҷуён ақаллан имтиёз медоштанд, мо омодаем рост равем, вале арзонтар – гуфт ҳамсӯҳбати дигари мо Заррина Юнусова аз н. Кӯшониён.

 

Шаҳр тангтар мешавад!

Бо истифода додани 1 қатор иншооти зист дохили шаҳр торафт камбар? мегардад. Маърифат Асророва истиқоматкунандаи дигари шаҳри Бохтар ба рӯзномаи мардумии СССР муроҷиат карда, аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки чаро боғҳои мо имрӯз ҳудудашон маҳдуд мегардаду касеро парвое нест? Барои мисол мо боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Раҳмон Мурчаевро оварда метавонем. Назар ба дигар боғҳо ҳудуди боғи марказии мо хело хурд аст. Дар бораи ҳолати табоҳи боғи мазкур ҷойи сухан нест. Дар арафаи ҳар иду айём мо мушоҳида мекунем, ки аз тамоми гирду гӯшаи шаҳр ва берун аз он сокинон барои истироҳату фароғат меоянд. Баъди ҷамъбасти идҳо ҳолати боғ ончунон бад мешавад, ки барои гуфтанаш сухан намеёбам…

 

Зоопарк

Бархе хонандаҳо ба газетаи СССР суол мегузоранд, ки чаро дар маркази вилояти Хатлон боғи ҳайвонот надорем? Дар робита ба ин суол хостем бо худи Абдумаҷид Муъминзода ҳамсӯҳбат шавем, аммо то ҳол наметавонем бо он кас робита пайдо намоем….

Дар дигар гӯшаҳои мамлакат, сар карда аз ш. Кӯлоб то Хуҷанд боғҳои ҳайвонот арзи ҳастӣ доранд. А, дар мо чаро масъулон барои ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ ин иқдомро рӯйи даст намегиранд? Сокинон мегӯянд, бигзор даромади Зоопарк пулакӣ ва гарон бошадАммо бошад!!!

 

Мушкилоти кӯҳнаи нав

Мустафоқулов Шӯҳрат корманди 1 муассисаи давлатӣ аз биноҳои баландошёнаи навбунёд ки аксаран дохили ин биноҳоро партовҳои сахти маишӣ ташкил медиҳанд, гилла намуда, гуфт,  “Зиёданд дар Бохтар имрӯз биноҳои баландошёнае, ки на раиси маҳал (домком ) доранду на нафари масъули ҳамон бино, ки ба тозагӣ ва гирду атрофи он аҳамият дода, сокинони ҳамон биноро ба тозагӣ, ҳашар, корҳои фаҳмондадиҳӣ  даъват намоянд. Агар ба дилхоҳ бинои навбунёд сар занед, мебинед, ки партовҳо дар дохили бино гузошта шудааст. Хуб мешуд ҳамон биноҳои навсохт, ки аллакай нисфи шаҳрро танг кардаанд “домком” дошта бошанд!»

 

Толорҳои варзишӣ таъмир шаванд!

Дар баробари дигар бахшҳо соҳаи варзиш ҳам қосиди сулҳ аст ва ҳам муаррифгари давлату миллат. Аммо тавре, ки сокинони Бохтар мегӯянд, ба ҷуз толорҳои варзишии хусусӣ, ки пулакиянд, нест толоре, ки камбағалон ба машқу тамрин машғул шаванд. Манзурамон бинои варзишиест, ки дар назди Раёсати ҷавонон солҳо бетаъмир хоб асту аз таъсироти боду борон рӯз то рӯз газанд меёбад. Шаҳрдориро лозим аст то барои таҷдид ва баргардонидани ин толор ба мардуми одии меҳнаткаш андеша намояд. Зеро аз ингуна маконҳои машқу тамрин парчамбардороне пайдо мешаванд, ки дар оянда номи Бохтарро дар ҷодаҳо муаррифӣ менамоянд.

Мо бар он бовар ҳастем, ки мӯҳтарам раиси навтаъини ш. Бохтар, Абдумаҷид Муъминзод бо бекор шуданашон ҳатман ба ин масъалаҳои номбурда ва умдаи сокинон расидагӣ хоҳанд кард.  Мавзуъро пайгир мемонем. Мо метавонем!!!

 Нуриддин Қосимзода,

СССР

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube